Дар нишасти матбуотии Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар 6 моҳи соли равон 207 парванда ва 112 арзу шикоят баррасӣ шуда, ҳамаи онҳоро вобаста ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои давлат, ширкатҳо, шаҳрвандон дар соҳаи соҳибкорӣ, иҷро намудани ӯҳдадорӣ, рӯёндани зарар ва дигар ҳолатҳо баррасӣ намудаанд.
Дар ин давра ба фоидаи буҷаи давлат боҷи давлатӣ аз тарафи Суди Олии иқтисодӣ 60 млн. 680 ҳазору 126 сомонӣ рӯёнида шудааст.
Ҳамчунин, дар нишасти матбуотӣ асосан масъалаи Иттиҳодияи байналмилалии алоқаҳои барқӣ (ИБАБ) мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Ба қавли Вайсиддин Фатҳуддинов, ин парвандаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта буданд ва Суди Олии иқтисодии шаҳри Душанбе онро ба нафъи баъзеашон ҳал кард.
Номбурда илова кард, ки баъди ба нашр расидани қонун дар ин бора дар рӯзномаҳои расмӣ аз 20-уми ноябр, бояд 2,5 фоиз андозбандӣ мешуд. Аммо, чун дар банди дигари ҳамин қарор омадаст, ки ин андозбандӣ моҳона неву кварталӣ, яъне семоҳа ҳисоб карда мешавад, мо ҳамчун хокимияти судӣ ба хулоса омадем, ки ҳамон банди қонун амал мекунад.
«Ин меъёри конститутсионӣ аст, ки танҳо бояд иҷро шавад. Ба ҷуз суди болоӣ ҳеҷ кас ва ҳеҷ кадом ташкилот онро рад карда наметавонад. Кумитаи андоз нисбати кадом ширкати мобилие, ки даъво пешниҳод кард, онҳо розӣ нашуданд ва ин ширкатҳо низ ба суд муроҷиат карданд. Мо дида баромадем ва ба хулосае омадем, ки Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ аст», -гуфт Вайсиддин Фатҳуддинов.