Дар нишасти матбуотии Агентии «Тоҷикстандарт» иттилоъ дода шуд, ки дар давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ 1429 ташхиси маводи сӯхт, ба миқдори 245417 тона гузаронида шуд, ки дар 40 ҳолат ё 2700 тонна сӯзишворӣ ғайристандарт дониста шудаанд.
Ба қавли Бахтиёр Шукуров, директори Агентии мазкур, миқдори ташхисҳои сертификатсионӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 62 адад ё 8,4% зиёд ва ташхисҳои аз нуқтаҳои фурӯши бозори дохила 600 адад ё 33,3% зиёдро ташкил медиҳад.
Аз ҷумла, дар натиҷаи ин санҷишҳо маълум гардид, ки аз тарафи ширкати «Газпромнест»-и Русия 2378,6 тона бензини ғайриэтилии «Регулиятор-92» ворид гардид.
Ба иттилои ӯ, аз ин миқдор 1 ҳазору 181 тонна дар вилояти Хатлон ва 1 ҳазору 197 тоннаи дигарашро аз нуқтаҳои фурӯши шаҳри Кӯлоби ин вилоят ошкор намудаанд.
«Бо вуҷуди он ки ин ширкат навъи бензини 80-ро 92- гуфта ба фурӯш баровард, вале ин амали онҳо саривақт ошкор гардиду аз ҷониби масуълини агентӣ бо тартиб додани санад, сертификати мутобиқат дода шуд»,- гуфт директори Агентии «Тоҷикстандрат».