Стратеги аввали Тоҷикистон изҳор дошт, ки баъди 20-солагии Истиқлолияти кишвар тағйирот ва ислоҳоти ҷиддӣ дар назар аст: «Тавре аз Паёми Сарвари давлат мушаххас мешавад ва равандҳои муосир тақозо мекунанд, баъди 20-солагии Истиқлолият зарурати як ислоҳоти ҷиддӣ пеш омадааст. Мо бояд ба принсипҳо ва меъёрҳои муносибат дар умури иҷтимоъ ва сиёсат, ки аз Шӯравӣ мондаанд, алвидоъ бигӯйем. Ҳатто зарурати таҷдид дар доктринаи сиёсати хориҷӣ пеш омадааст».
Сӯҳроб Шарипов фаъолияти блоки иқтисодии ҳукумати кишварро заъиф унвон кард ва гуфт, ки онҳо бояд аз таҳдидҳои иқтисодӣ пешгирӣ кунанд. Ҳамчунин коррупсияро яке аз омилҳои бисёр ҷиддӣ ва хатарнок барои ҳукумати кишвар ном бурд.
Вобаста ба афзоиши фишорҳои эҳсосшаванда болои Тоҷикистон аз ҷониби ИМА, Русия, Чин ва кишварҳои дигари манфиатдор дар минтақа, ӯ иброз дошт, ки Марокизи тадқиқоти стратегии кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯйи як стратегияи умумиминтақаӣ ҳисоб кардаанд. Пеш аз ҳама, ин барои он зарур аст, ки баъди берун шудани нерӯҳои эътилофӣ ва амрикоӣ аз Афғонистон, вазъи минтақа тағйир меёбад ва мо бояд манфиатҳои милливу давлатии кишварҳои худро ҳимоя намоем. Инчунин вобаста ба шадид шудани муносибот ва авҷи бӯҳронҳои нави иқтисодиву сиёсӣ зарурати шадиди таҷдиди сиёсати кадриро дар сохторҳои калидӣ, хусусан низоми амниятӣ пеш гузошт.