Ин нуктаро вазири тандурустӣ Нусратулло Салимов 13-уми июли соли равон дар нишасти матбуотӣ зикр намуд. Ҳамчунин, ба қавли Нусратулло Салимов, яке аз сабабҳои асосии афзудани ин шумора беҳтар шудани бақайдгирии фавт дар навоҳӣ ва шаҳрҳо мебошад.
“Яке аз роҳҳои паст намудани беморшавӣ ва фавти кӯдакон ин пешгирии бемориҳо бо роҳи эмкунӣ идорашаванда мебошад. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ 2 маротиба аз тарафи экспертҳои Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ оид ба назорати эпидемиологии бемории фалаҷ мониторинг гузаронида шуда, нисбати ин масъала баҳои мусбӣ дода шуд. Дар асоси нақшаи Вазорати тандурустӣ бо мақсади пешгирии бемории фалаҷ дар ҷумҳурӣ, дар ду давр - аз 18 то 22 апрел ва аз 23 то 27 майи соли ҷорӣ рӯзҳои миллии эмкунӣ бар зидди бемории фалаҷ гузаронида шуд. Дар натиҷа 1016179 нафар кӯдакони гурӯҳи мақсаднок 0 – 5 сола (99,2%) фаро гирифта шудаанд. Ҳамин тариқ, аз моҳи апрели соли 2010 – 8 даври миллӣ ва 1 даври маҳдуд гузаронида шуд”,- гуфт вазири тандурустӣ ба хабарнигорон.
Бояд гуфт, нишондоди фавти модарон дар шаш моҳи соли 2011 ба 45,4 нисбати 100 000 зиндатаваллуд баробар шудааст. Дар ҳамин давраи соли 2010 ин нишондиҳанда ба 49,6 баробар буд.