Аз маблағи умумии қарз 2,5 миллион сомонӣ қарзи аҳолӣ аз гази табиӣ мебошад. Мушкили молии корхона ба он оварда расонидааст, ки имрӯз КФБ «Қӯрғонтеппагаз» ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ аз андоз қарздор аст. Ҳамчунин корхона аз музди меҳнати коргарон 80 ҳазор сомонӣ қарздор шудааст.
Аммо истифодабарандагони гази табиӣ дар маркази Хатлон иддао доранд, ки барои гузаштан ба шакли пешпардохти маблағҳо худи корхонаи фаръии байниноҳиявии «Қӯрғонтеппагаз» омода нест. Зеро корхона имкони таъмини муштариёнро бо ҳисобченкунакҳои газӣ надорад. Ва ба ҳар сари узви оила таваккалӣ ҳисоб кардани як миқдори муайяни харроҷоти газ дар як моҳ нодуруст аст. Зеро корхона наметавонад шабонарӯзи мардумро бо гази табиӣ таъмин намояд.
Аммо масъулини корхонаи «Қӯрғонтеппагаз» мегӯянд, ки бинобар мавҷуд будани моддаҳои ғализ дар таркиби гази маҳаллӣ ҳисобченкунакҳои газӣ корношоям мегарданд. Аз ин рӯ, онҳо васл кардани ҳисобченкунакро дар хонаҳои мардум зарур намешуморанд.