Иҷрои нақшаи даромадҳои буҷаи ҷумҳурӣ 102, 8 фоиз, буҷаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 102 фоиз ва буҷаҳои маҳаллӣ 107 фоиз таъмин гардиданд.
Вале бояд қайд кард, ки новобаста аз барзиёд иҷро гардидани буҷети давлатӣ дар ин давра, на ҳама захираҳои мавҷудаи молиявӣ ба буҷа ҷалб гардиданд. Аз ҷумла иҷроиши 4 намуди андозҳо, ба маблағи умумии 65 миллион сомонӣ таъмин нагардидаанд.
Қисми хароҷоти буҷети давлатии ҶТ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ бо назардошти маблағҳои махсус, лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва қарзи давлатӣ маблағи 3, 8 миллиард сомониро ташкил намуд.
«Маблағи умумии қарзи берунаи Тоҷикистон то 1 июли соли 2011 – 2075, 7 миллион долларро ташкил дод, ки ин ба 33 фоизи ҳаҷми умуммии ММД баробар аст», - гуфта шуд дар нишасти хабарӣ.