Яке аз сабабҳои зиёд шудани сатҳи ҷинояткориро Прокурори генералӣ ба ин гуна шарҳ медиҳад: «Пеш аз ҳама бо тартиби пешбурди ба ҳисобгирӣ ва қайди ягонаи ҷиноятҳо ба қайди ягона гирифтани ҳамаи ҷиноятҳо дар дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Дастур шудааст, ки ягон ҷиноят беқайд намонад, кадом шахсе, ки бигзор ҷинояти камаҳамият ҳам содир карда бошад, бояд ҳатмӣ мавриди баррасии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор бигирад».
Ӯ аз вазъи болоравии ҷиноят изҳори ташвиш намуда, гуфт ин ҳолат андешидани чораҳои бетаъхирро тақозо менамояд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 7 корманди мақомоти прократура бинобар роҳ додан ба камбудиҳо дар фаъолияташон аз мақомоти прократура берун карда шудаанд. Дар ин давра вобаста ба азобу шиканҷа мақомоти прократура 18 муроҷиатро баррасӣ намуда, ки аз он яктоаш нисбат ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ тасдиқи худро ёфтааст. Ҳамчунин Прократураи ҳарбӣ дар соли ҷорӣ 391 ҷиноятҳои ҳарбиро ошкор кардааст.
Иршод Сулаймонӣ