Аммо гуфт ӯ, таҳлилҳо нишон медиҳад, ки хатмкунандагон ба ҷойҳои кории таъйиншуда ҳозир намешаванд. Танҳо соли гузашта беш аз 250 нафари онҳо бесабаб ба ҷойи кор ҳозир нашуданд, ки ин боиси нигаронист.
Дар ҳамин ҳол, дар соли таҳсили 2011-2012 раёсату шӯъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои 4 ҳазору 354 нафар омӯзгор дархост пешниҳод кардаанд.
Ҳамчунин, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дода шуд, ки соли равон аз ҳисоби 5 лоиҳаи инвеститсионӣ дар бахши соҳаи маориф 18 миллион доллар барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозӣ, хариди таҷҳизоти таълимӣ, омӯзиш ва гузаронидани тренингу семинарҳо, табъу нашри китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар нимсолаи аввал нақшаи лоиҳаҳо 122 % иҷро гардид, ки он баробар ба 6 миллион доллар мебошад.
Дар муддати 6 моҳ зиёда аз 96 номгӯи китобҳои дарсӣ чоп ва зиёда аз 1,5 миллион нусха ба муассисаҳои таълимӣ фиристода шудаанд,- зикр намуд зимни нишасти матбуотӣ муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов.