Моҳи январи соли ҷорӣ чунин санҷиш бо дарназардошти он ки лавҳаю навиштаҷоти пурғалат аксар маврид дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ ба чашм мерасанд, дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ дар бозорҳои «Ганҷина» ва «Панҷшер» гузаронида шуд. Дар рафти санҷиш 39 ҳолати риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бартараф гардида, 41 ҳолат дар баррасии Прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ қарор дорад», - гуфт Додихудо Саймиддинов дар рафти нишасти хабарӣ рӯзи 26 июл.
Ҳамчунин аз ҷониби мутахассисони Кумита муассисаҳои фароғатии «Лимпопо», «Ҷуманчӣ», «Чунга –чанга», «Аладдин», мағозаҳои «Волна», «Ла –ситэ», «Стар», «Карчер», «Олами гӯшт», тарабхонаи «Помир», «Москва», «Тифлис» ва қаҳвахонаи «Бистро» мавриди санҷиш қарор гирифт ва барои мухолифат доштани номгузорӣ ва коргузории онҳо ба муқарароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба масъулон огаҳӣ дода шуд.
«Ба мақсади татбтқи тадбирҳои муассир барои ташаккули забони тоҷикӣ ҳамчун забони илм ва рушду танзими истилоҳот бо Қарори Ҳайати мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳот аз ҳисоби олимону муҳаққиқони соҳаҳои мухталиф Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамгунсозии истилоҳот таъсис дода шуд, ки он аз 3 гурӯҳ ва 21 бахш иборат аст. Ҳоло дар ҳайати ин Шӯро зиёда аз 100 нафар муҳаққиқони варзида фаъолият менамоянд» - таъкид намуд директори Кумитаи забон ва истилоҳот Д. Саймиддинов.
Ӯ ёдовар гардид, ки як сабаби умдаи ба ғалатҳо роҳ додани бархе аз донишмандон ва олимон ин тафаккури қадимаи замони шӯравист. Имрӯз Тоҷикистон соҳибистиқол аст ва мо бояд барои пешрафти кор аз тафаккури нав ва миллӣ истифода намоем.