Ин рӯз дар Русия 800 сол боз ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз мардум аз Пётр ва Феврония ҳамчун намунаи субот ва вафодорӣ дар ишқ ёд мекунанд. Тибқи ривоятҳо Пётр соли 1203 дар шаҳри Муроми Русия ба сари қудрат омад. Аммо чанд сол қабл ӯ ба бемории махав гирифтор мешавад ва духтурон дар табобаташ оҷиз мемонанд. Пётр хоб мебинад, ки духтари деҳотие бо номи Феврония метавонад ӯро табобат намояд. Рӯзи дигар Пётр ба назди Феврония меравад.
Феврония ба ғайр аз зебоӣ ва меҳрубонияш дар баёни мардум бо табибӣ низ шинохта шуда буд. Баъд аз муддате Феврония Пётрро табобат мекунад. Ӯ ба Феврония дил баста, бо вай издивоҷ менамояд. Аммо табақаи дорои шаҳр Февронияро ҳамчун малика намепазирад ва аз Пётр тақозо мешавад, ки ё аз занаш ҷудо шавад, ё роҳбарии шаҳррро ба нафари дигар бидиҳад. Пётр бе тардид муҳаббатро баргузида, аз мансаб даст мекашад. Онҳо Муромро тарк гуфта, дар деҳае хушбахтона зиндагиро идома медиҳанд.
Дере нагузашта дар идораи шаҳр мешкил пеш меояд ва намояндагони нухбагони сиёсӣ ба назди Пётр омада, аз ӯ хоҳиш менамоянд, ки аз нав роҳбарии Муромро бар ӯҳда бигирад. Пётр бо Феврония ба шаҳр бармегардад ва нухбагон Февронияро ҳамчун маликаи шоиста пазироӣ менамоянд. Ин ҷуфти ба ҳам вафодор то лаҳзаҳои пирӣ Муромро идора мекунанд.
Баъд аз ба нафақа баромадан ба калисо рафта, муддате ба тасофии рӯҳ машғул мешаванд. Дар охири умр хоҳиш мекунанд, ки онҳоро ҳамроҳ дар як тобут ба хок супоранд. Баъд аз чанде онҳо дар як рӯзу як соат вафот менамоянд. Тибқи қавонини хрестианӣ дар як тобут дафн кардани ду инсон иҷоза нест. Аз ин рӯ, онҳоро алоҳида ҷаноза мекунанд. Аммо рӯзи дигар онҳоро дар даруни як тобут ҳамроҳ меёбанд. Рӯҳониён баъд аз дидани ин манзара иҷоза медиҳанд, ки Пётр ва Феврония дар як тобут ба хок супорида шаванд.
Дар Тоҷикистон 15 май ҳамчун рӯзи байналхалқии оила ҷашн гирифта мешавад, аммо он ҳанӯз мардумӣ нашудааст ва танҳо бо ибтикори бархе аз ниҳодҳои давлатӣ созмон дода мешавад.
Эмомалӣ Сайидамирзод