Ӯ ёдовар шуд, ки воридоти маблағҳо дар нимсолаи аввали соли 2011 нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли 2010 воқеан ҷамъоварӣ гардида, ба андозаи 491, 4 миллион сомонӣ ё худ 37,0 фоиз зиёд мебошад.
Нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ ба андозаи 102,0 фоиз таъмин гардида, ба буҷа 326,0 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 6,3 миллион сомонӣ зиёд аст.
Дар баробари ин, иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ дар нимсолаи аввал дар шаҳру навоҳии зерин таъмин нашуд: дар вилояти Хатлон: ноҳияҳои Ҷиликӯл – 92, 0 %, Панҷ – 92, 9%, Данғара – 88,8%, дар шаҳри Душанбе –ноҳияи шоҳмансур – 92,6%.
Ҷойи ёдоварист, ки дар Кумитаи андози ҷумҳурӣ 1780 нафар фаъолият менамояд. Шумораи занҳо 171 нафарро ташкил медиҳад ва танҳо 2 нафари онҳо ба унвони сардорҳои раёсати Кумитаи андоз кор мекунанд.