Шукурҷон Зуҳуров аз фаъолияти парлумон натиҷагирӣ карда, қайд намуд, ки дар анҷоми иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони ин мақоми олии қонунгузор дар назди халқу ватан, дар назди интихобкунандагонашон бо эътимоди комил гуфта метавонанд, ки иҷрои вазифаҳои вакилиашонро бо дарки масъулияти баланд ва саъю талоши самимона амалӣ карда истодаанд.
Ҳамчунин, раиси Маҷлиси намояндагон оянда барои иҷрои вазифаҳои муқаддас ва пурмасъулият ба вакилон саломативу барори кор ва дар давом рухсатии меҳнатиашон истироҳати бофароғат орзу намуд.
Дар ҳамин ҳол, дар куҷо ва чӣ гуна гузаштани рухсатии меҳнатии вакилон ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи интихобкунандагонашону расонаҳои хабарӣ қарор дорад. Минҷумла, вакилбонувон, ки бо вуҷуди кори пурмасъулияти парлумон боз ташвишҳои зиндагӣ низ бар дӯшашон ҳаст, дар як сол ҳатман як маротиба бояд истироҳат кунанд.
Аммо аҷиб он аст, ки бо чанд вакиле ҳамсӯҳбат шудем, ҳамагӣ аз имконияти молиашон шикоят мекарданд. Аз ин рӯ, мардон гуфтанд, ки ҳадди ақал 2-3 рӯз шояд ба истироҳатгоҳҳои ватанӣ раванд, занон бошанд, нақша доранд то рухсатии меҳнатиро дар хона бо кору бори зиндагӣ гузаронанд.
Аз ҷумла, Хайриниссо Юсуфӣ изҳор дошт, ки дар рухсатии меҳнатӣ шояд ба зодгоҳаш равад. Вале бештар рухсатиро нияти дар хона гузарондан дорад. Яъне, бо корҳои хонагӣ – пухту пазу барои захираи зимистон.
Махфират Хидирова низ нияти ҷое рафтан надорад. Ӯ дар ин маврид чунин гуфт: «Шахсан ман ният дорам рухсатии меҳнатиамро дар хона гузаронам. Ҳарчанд, рухсатии мо нав сар мешавад, вале барои зан кори хона ҳамешагӣ аст. Барои ҳамин ҳам, беҳтарин ҷое, ки зан метавонад истироҳат кунад хона аст».
Саодат Амиршоеваро низ кори хоҷагиву хона интизор будааст. Яъне, ӯ ҳам мехоҳад истироҳати тобистони худро дар хона гузаронад. «Дар хона кор зиёд аст ва имконияти ҷое рафтан нест. Яъне, дар иҳотаи наберагон корҳои хоҷагиамро анҷом медиҳам. Масалан, дар замини наздиҳавлигӣ картошка, пиёз, помидор, сабзӣ ва ғайраҳо коридам. Умуман, барои модар-зан рухсатии меҳнатӣ дар иҳотаи оила ин фароғати беҳтарин аст»,- гуфт Саодат Амиршоева.
Аз ин ҷавобҳо бармеояд, ки бо вуҷуди маоши нисбатан нағз доштан, ҳатто вакилони мо наметавонанд дар рухсатии меҳнатӣ ҷое рафта, истироҳат кунанд. Шояд қиматии нарху наво имрӯз ба ҳама баробар таъсир расонидааст ва ё вакилон намехоҳанд ҷои истироҳаташон мавриди таваҷҷӯҳ бошад? Ё ин ки ба қавли гузаштагонамон, биҳишти зан кунҷи хона аст?
Саида Қурбонова