Ба гуфти масъулини раёсати мазкур аз саволҳои намояндагони ВАО дар нишастҳои хабариашон аён аст, ки на ҳамаи журналистон аз самти фаъолияти Раёсати хизмати давлатӣ ва Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ огоҳии кофӣ доранд. Ҳарчанд ба ин мизи гирд беш аз 20 расонаи хабарӣ даъват шуда бошад ҳам, вале масъулин аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки танҳо намояндагони 5-6 ВАО ташриф овардаанду халос.
А.Пирназаров сардори шӯъбаи таҳлилӣ – иттилоотӣ ва ташкилии хизмати давлатии раёсат самтҳои асосии фаъолияти Раёсати хизмати давлатиро ба иштирокчиён муаррифӣ карда, гуфт, ки яке аз вазифаҳои асосии раёсати мазкур таҳия ва татбиқи сиёсати давлатии соҳаи хизматчиёни давлатӣ, батанзимдарории меъёрҳои ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ, мутобиқсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ ва тарбияи хизматчиёни давлатӣ мебошад. Донишкадаи такмили ихтисос соли 2002 таъсис ёфта, аз 6 кафедра иборат аст.
Масъулини донишкада тасмим доранд соли 2012 дар заминаи лоиҳаи фармоиши давлатии азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ курси нав – ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандиро ҷорӣ намоянд.