20

Мая, 2025
Сешанбе

20

Мая, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Боздиди бонувони тоҷик аз Аврупо

Ҳашт нафар намояндагони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, ки ба наздикӣ аз сафари Франкфурти Олмон ва Варшаваи Полша баргаштаанд, таассуроти худро аз ин сафар дар нишаст изҳор намуданд. Мақсади сафар шиносоӣ бо масъалаҳои иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ ва раванди демокротикунонӣ арзёбӣ шуд.

        Тавре иштирокчиён зикр намуданд, онҳо бо намояндагони ҳизби Сабз, ташкилоти рушди Аврупо ва муовини раиси шаҳри Франкфурти Олмон воҳӯрӣ анҷом доданд.

            Ҳамчунин гурӯҳи мазкур дар якчанд семинару вохӯриҳои судманд ширкат варзида, аз вазъи иштироки занон дар ҳаёти сиёсии ин кишварҳо огоҳ гаштаанд.

            Дилбар Самадова, раиси ҳизби  сотсиал-демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таасуроташро оид ба ин сафар чунин иброз намуд: «Ин сафари чандрӯза  барои иштироки фаъоли занҳо дар ҳаёти сиёсии кишвар такони ҷиддие буд, ки бовар дорам барои оянда саҳми арзанда мегузорад».

            Дилбар Солеҳова, раиси ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз зиёд будани сафи занон дар парлумони ин кишварҳо ҳарф зада, аз масъулиятшиносиву ҷасурии онҳо изҳори қаноатмандӣ намуд.  

             «Мо аз Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дархост намудем, ки чунин вохӯриҳо зуд-зуд, ақаллан  моҳе як маротиба гузаронида гарданд», - гуфт, Дилбар Солеҳова.

            Зарагул Мирасанова, намояндаи ҳизби коммунистии Тоҷикистон назари худро нисбати баргузории ин гуна нишастҳо чунин иброз намуд: «Максади мо аз ташкил намудани ин гуна нишастҳо ин аст, ки шумораи занони фаъолро дар парлумон зиёд бубинем. Бо мақсади афзун намудани шумораи занон дар ҳизбҳо аз ҳисоби ҷавондухтарон мо тасмим гирифтем, ки дар оянда дар дигар манотиқи Тоҷикистон низ чунин мизҳои мудаввар баргузор намоем».

            Бояд қайд намуд, ки масъалаи сафар ба давлатҳои Аврупо моҳи декабри соли 2010, дар як семинаре, ки бо ташаббуси САҲА дар Душанбе баргузор шуда буд, аз ҷониби намояндагони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ба миён гузошта шуда буд. Ин пешниҳодро дар дафтари САҲА пазируфта, аз 13 то 21 май як гурӯҳи занони сиёсатмадорро ба хотири шиносоӣ ба давлатҳо Аврупо сафарбар намуданд.

:.  Хабарҳо 22.06.2011 11:21 4239

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz