20

Мая, 2025
Сешанбе

20

Мая, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Маҳфили «Устод ва шогирд»

Маҳфил бо ҳузури шоири маъруф Мӯъмин Қаноат сурат гирифта, дар доираи унвони маҳфил суолу ҷавоби шоир ва аҳли нишаст хеле ҷолиб гузашт. Аз ҷумла, Мӯъмин Қаноат дар мавриди шеъри нави тоҷик сухан ронда,  чӣ гуна аъзои Иттиҳоди нависандагон шудани Лоиқро ёдрас шуд. Яъне, ба қавли вай Лоиқ бе ҳеҷ маҷмӯаи шеърӣ ва хеле аҷиб ба узвияти иттиҳодия пазируфта шуд. Мӯъмин Қаноат ин қиссаро чунин ҳикоя намуд:

«Раиси вақти Иттиҳодияи  адибони Тоҷикистон Мирзо Турсунзодаро шеъри «Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо модари пирам…» чунон мутаассир мекунад, ки  ӯ бо сарфи назар аз талаби ҳатмии китоби чопшудаи ашъор, Лоиқро ба узвияти ин созмон қабул мекунад».

Ҳамчунин, дар ин маҳфил тавассути Интернет ва телефонӣ аз дигар кишварҳо дӯстдорони шеъри тоҷик дар тамос буданд.

Масалан, шоири тоҷики муқими Бишкек Сиёвуш ва аз Кобул донишманди шинохтаи афғон - Латифи Пидром тариқи телефонӣ дар тамос шуданд.

Аз ҷумла, Латифи Пидром аз шӯҳрати Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир дар Афғонистон ҳарф зада, хушхабар расонид, ки дар ояндаҳои наздик дар пойтахти ин кишвар шаби шеъри  Мӯъмин Қаноат ва ҳамзамон бузургдошти Лоиқ Шералӣ баргузор хоҳад шуд.

:.  Хабарҳо 02.06.2011 05:01 4322

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz