Ҷойи аввал ва шоҳҷоизаро, ки аз тоҷи тиллоӣ иборат аст, Нилуфари Амиралӣ, донишҷӯи Донишгоҳи шаҳри Қурғонтеппа соҳиб шуда, сазовори номи "Зебосанами Тоҷикистон" гардид.
Дар озмун мақоми дуюмро Дилноза Музаффарова ба даст овард ва аз ширкати “Тоҷиккристал”, яке аз сарпарастони ин лоиҳа, як гӯшвора ва як ангуштарии тилоӣ ҳадя гирифт. Ҷои севуми озмун насиби Гулнигор Тиллоева гашт, ки ӯ низ ҳамчунин як гӯшвора ва як ангуштарии нуқрагиро соҳиб шуд.
Маҳина Убайдуллоева довталабе буд, ки дар рафти озмун СМС -ҳои телефонии бештари мухлисонро дарёфт карда, ба шаҳри Париж роҳхат гирифт.
Бояд гуфт, дар ҷараёни озмуни мазкур давоми шаш моҳ 60 нафар тавонистанд, ки даври интихобиро пушти сар кунанд. Дар даври дуввум 32 нафар аз духтарон ҳаққи идомаи ширкат дар барномаро ба даст оварданд. Аммо аз ин шумора 12 нафари ба даври нимниҳоии озмун роҳ ёфтанд.