20

Мая, 2025
Сешанбе

20

Мая, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Фаттоҳ Саидов: «ДАР ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ БЕШТАР ҶИНОЯТ БА НАЗАР МЕРАСАД»

  Дар нишасти матбуотии Агентии мазкур, ки рӯзи 26-уми апрели соли равон баргузор шуд, ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки ҳолатҳое низ ошкор ва мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода шуданд, ки баъзе кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ки худ масъули  мубориза бо коррупсия мебошанд, ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин даст задаанд.

     Чуноне дар ин маврид Фаттоҳ Саидов иброз дошт, ки 11 ҷинояти коррупсионӣ аз ҷониби 9 нафар кормандони Вазорати корҳои дохилӣ, 7 ҷиноят аз ҷониби 5 нафар кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, 6 ҷиноят аз ҷониби 5 нафар хизматчиёни Вазорати мудофиа, 5 ҷиноят аз ҷониби 3 нафар кормандони Вазорати адлия ва ғайра ошкор ва мавриди  тафтиши пешакӣ қарор дода шуданд.

     Аммо ба қавли раиси Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, аз ҳама бештар ҷиноятҳои коррупсионӣ аз тарафи кормандони дар вазоратҳои тандурустӣ 26,  энергетика ва саноат 10, маориф ва кишоварзӣ 9, нақлиёт ва коммуникатсия 7, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 6 Кумитаи давлатии заминсозва гиодезӣ 9 ҷиноят содир гардидаанд.

     Аз ҷумла, Фаттор Саидов вобаста ба коррупсия дар соҳаи тандурустӣ афзуд: "Дар ҳамин сохтор (вазорати тандурустӣ) бештар ҷиноятҳои иқтисодиву коррупсионӣ дар қиёс ба дигар сохторҳо бештар ба назар мерасад. Ҳатто ба он дараҷа ки кӯмакҳои башардӯстона ҳам харидуфурӯш мешаванд. Дар сохтори вазорати корҳои дохилӣ нисбат ба дигар ниҳодҳои интизомӣ ҳам бештар ҷиноят ба назар мерасад. Мо бештар гирифтани пораро ошкор мекунем. Медонед, ки нисбат ба дигар сохторҳои қудратӣ ҳайати шахсии онҳо ҳам бештар аст. Ҳар рӯзу ҳар соат, ки бо мардуманд, ҷинояташон низ бештар ошкор мешавад."

:.  Хабарҳо 28.04.2011 04:56 3502

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz