20

Мая, 2025
Сешанбе

20

Мая, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Вазири маориф: «МО БА МАБЛАҒГУЗОРИИ САРИКАСӢ ГУЗАШТЕМ»

 

            Имрӯз  қариб дар ҳама шаҳру навоҳӣ  кам шудани боғчаҳои кӯдакона ба чашм мерасад. Вале тавре аз суханони Вазири маориф бармеояд, то аз ҷониби президент супориш гирифтан, нафаре аз масъулин дар ин маврид андеша ҳам накардааст.

            «Дар ин масъала  камбудиҳо ҷой доранд. Дар ҳақиқат то соли 2005, то вохӯрии Президент бо кормандони соҳаи маориф ва тамоми сохторҳои давлатӣ фурӯши муассисаҳои томактабӣ хеле зиёд ба анҷом расида буд. Вале дар бандҳои яке аз нақша-чорабинӣ дар ҳамин вохӯрӣ таъкид шуда буд, ки тамоми муассисаҳои томактабӣ баргардонида шавад»-афзуд ӯ.

            Аз содир шудани фармони Президент 6 сол сипарӣ мегардад, аммо вазир нагуфт, ки дар ин муддат чӣ қадар боғчаҳо аз дасти истифодабарандагони хусусӣ баргардонида шуданд. Ӯ ба баъзе мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, бахусус шаҳри Душанбе изҳори миннатдорӣ намуд. «Масалан, ба ду муассисаи таҳсилоти умумӣ -Гимназияҳои «Ҳотам и ПВ» ва «Ҳилол»  вақт дода шудааст, ки боғчаҳоро холӣ кунанд», - ёдовар шуд вазир.

             Ҳамчунин Вазорати маорифи кишвар тасмим гирифтааст, шӯъбаҳои шабонаи макотиби миёнаро барқарор намояд. Айни ҳол  танҳо ба 4 мактаби пойтахт дастур шудааст, то шӯъбаҳои шабонаашонро фаъол гардонанд.

             Масъалаи пулҷамъкунии омӯзгорон минбаъд тавассути хазинадор сурат мегирад ва муаллим дигар наметавонад бевосита аз дасти падару модар ё толибилм пул ситонад.

             Вазири маориф гуфт: «Масъалаи пулҷамъкунӣ ихтиёран  тавассути ассосиатсияи волидайн сурат мегирад. Мо ба маблағгузории сарикасӣ гузаштаем ва ҳар як муассисаи таълимӣ хазинадори худашро дорад, ки волидон маблағро дар хазина супорида ҳуҷҷаташро бояд гиранд».

:.  Хабарҳо 14.04.2011 05:42 6885

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz