Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон:
(20.01.2010)
Вазир - Мирзошоњрух Асрорї:
Муњимтарин падидањои сиёсиву фарњангї дар соли 2009 - Мулоќоти Президент бо намояндагони зиёин, Иди Наврўз, Паёми Президент ба МО, љашни Вањдати миллї, 18-солагии истиќлолият, 1310- солагии бузургдошти Имоми Аъзам, 15-солагии Конститутсия, Фестивал-симпозиуми байналхалќии «Фалак» ва… Соњаи санъат: Дар сањнањои театрњои касбии мамлакат, аз љумла Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоњутї 6 асар,Театри давлатии академии опера ва балет 5 асар, Театри давлатии љавонони Тољикистон 5 асар, Театри давлатии драмаи русии ба номи Маяковский 4 асар, Театри мусиќї-мазњакавии ба номи А. Муњаммадљонови ш.Ќўрѓонтеппа 5 асар, Театри љумњуриявии мусиќї-драмавии Данѓара 4 асар, Театри мусиќї-мазњакавии ба номи К.Хуљандї ва С.Вализода 3 асарї, љамъ 44 намоишнома тањия ва пешкаши тамошобин гардиданд. Соњаи фарњанг: Бо тавсияи Комиссияи харидории дастхатњо барои Китобхонаи миллї 13 дастхатњои нодир, ба маблагї 8625, барои Осорхонаи миллї 18 нусха, аз љумла 10 нусха дастнавис ва 8 нусха китоби чопи сангї ба маблагї 3470 сомонї харидорї шуданд. Соњаи табу нашр: Китоби «Рўдакї»-и нашриёти «Ирфон» дар номенатсияи «АРТ-Книга» љои аввал, «Робитањои адабии халќњои тољику арман»-и нашриёти «Адиб» дар номенатсияи «Иттињод» љои дуввум, китоби «Афсонањои бобои Алес», нашриёти «Маориф ва фарњанг» дар номенатсияи «Китоб барои бачањо» соњиби дипломи озмуни байналмиллалии «Санъати китоб» дар шањри Москва шуданд. Ба китобхонаи љумњурї ба маблаѓї 95097 сомонї ба таври ройгон китоб дода шуд. Соњаи дин ва фаъолияти динї: Дар Тољикистон расман 259 масљиди љомеъ, 2842 масљиди панљваќта, 19 муассисањои таълимоти динї ва 81 ташкилоти динии ѓайриисломї амал мекунанд. Савол: Дар хусуси паст будани вазъи имсолаи сафари њаљ чї мегўед? Љавоб: Имсол 5246 нафар сафари њаљ карданд, ки кассе аз онњо бо аризаи расмї ба љое шикоят набурдааст. Ва њафтаномањо хабату матлаби иѓвоангези беасос чоп кардаанду мекунанд. Савол: Сабаби набудани рўзномањои њаррўзнашршавандаро дар Тољикистон чї гуна шарњ медињед? Љавоб: Имконият дар Тољикистон њаст, аммо худи ноширон ба ин љуръат надоранд. Савол: Фурўши адабиёт ва фиттањои динниро барои чї манъ мекунанд? Љавоб: Њељ кас ин њуќуќро надорад. Адабиёт, фита ва рўзномањое, ки хислати диннї доранд, бояд аввал аз ташхиси диншиносии Вазорати фарњанги ЉТ гузаронида шавад.
Кумитаи андози назди Њукумати ЉТ:
(25.01.2010)
Раис - Давлатов Нусратулло Муќимович:
Дар соли 2009 наќшаи андозњо ва дигар пардохтњои њатмї ба андозаи 107,0% таъмин гардид. Ба љои 2133,7 млн. сомонии пешбинишуда ба буљет 2283,6 млн. ворид карда шуд. Наќшаи андози иљтимої дар соли 2009 аз њисоби ташкилотњои ѓайрибуљетї дар њаљми 102,1% иљро гардида, ба љои 471,5 млн. сомонї љамъоварии 481,3 млн. сомонї таъмин карда шуд. Дар соли 2009 иљрои наќшаи роялтї барои об пурра таъмин нашудааст, андоз барои истифодабарандагони ќаъри замин 95,6% ва андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї 91,7% таъмин гардид ва аз ин њисоб ба буљет 31,4 млн. сомонї маблаѓ ворид нашуд. Наќшаи воридоти андозњо ва пардохтњо дар шањру навоњињои зерин иљро карда нашуд: ш.Панљакент, н.Зафаробод, Масчоњ, Бохтар, Вахш, Љ.Румї, Љилликул, Ќубодиён, Панљ, Шањритуз, Фархор, Ќумсангир, Варзоб. Андозсупорандагони кало дар љумњурї: ширкатњои мобилї, авиакомпанияњо, бокњо, корхонањои сохтмонї мањсуб мешаванд.Ногуфта намонад, ки журналистон дар хусуси андоз маълумоти кофї надоранд, системаи моро намефахманду мехоњанд дар ин мавзўъ матлаб омода кунанд, ки дар натиља он матлуб пур аз сањву хатост. Савол: Ки бештар аз маќомоти андоз ќарздор аст? Љавоб: Корхонаи «Оби Зулол», «Барќи тољик», хољагињои дењќонї. Дигар корхонањое, ки бо сабаби муфлисшавї ва ё таъсири бўњрони молиявї андозро супорида натавонистанд. Савол: Аттестатсияи маќомоти андоз то чї андоза шаффоф гузашт? Љавоб: Ба ѓайр кормандони маќомоти вилояти Суѓд дигар тамоми кормандони маќомоти мо аз аттестатсия гузаштанд, ки дар натиља маълум агрдид, ки аз 1106 корманд 264 тоашон аз ўњдаи вазифаи бар зиммаашон вогузоршуда намебаромадаанд. 85 нафар ба мансабњои поёнї ва 50 нафар пурра аз кор барканор карда шуданд. Мо дар гузаронидани аттестатсия ягон хел монеа ва ё таъсир нарасонидем. Ќарорро комиссия ќабул кард. Савол: Вазъи фурўшу хариди сањмияњои Роѓун дар Кумитаи андозро шарњ медодед Љавоб: Кумита барои сохтмони Роѓун 1 млн. 794 њазор сомонї кўмак кард. Ба ѓайр аз ин мо ба миќдори 8млн. 498 њазор сомонї сањмия харидем, ки ба њисоби миёна ба њар коргар 5 њазор сомонї рост меояд.
Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии ЉТ:
(26.01.2010)
Раис - Саидов Давлаталї Шомањмадович:
Ба њолати 1 октябри соли 2009 љалби умумии сармоягузории мустаќими хориљї ба ЉТ 152,5 млн. доллари америкоиро ташкил дод, ки ин нисбат ба њамин давраи соли гузашта 365,0млн. кам аст. Барои густариши њамкорињо оид ба њавасмандгардонї ва њифзи мутаќобилаи сармоягузорї ва тиљоратї бо намояндагони соњибкорон ва сармоягузорони кишварњои Арабистони Саудї, Хорватия, Хитой, Туркия, Федератсияи Русия, Олмон, Эрон, Њиндустон, Украина форумњои тиљоратї ва вохўрињо дар сатњи баланд бургузор гардиданд. Дар љумњурї то имрўз 7 лоиња дар соњаи энергетика аз љумла, сохтмони НБО «Сангтўда», «Помир-1», «Барќарорсозии шабакањои барќии шањри Душанбе», «Брќарорсозии системаи энегетикии ЉТ», ва сохтмони ХИБ-њои «Љануб-Шимол», «Лолазор-Хатлон» ва «Конибодом-Боткент» асосан аз њисоби маблаѓњои буљети давлатї ва сармоягузорињои хориљї амалї гаштаанд. Иљрои наќшаи стратегии хусусигардонии корхонањои миёнаву калон, реструктуризатсияи субектњои монополияи табиї ва корхонањои махсусан калон барои соли 2003-2010, 424 корхона ѓайридавлатї гардонида шудааст. Савол: Сабаби кам будани сармоягузории хориљиро дар чї мебинед? Љавоб: Ин пеш аз њама таъсири бўњрони молиявї аст. Манн бовар дорам, ки соли оянда вазъият хуб мешавад.
Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Љумҳурии Тољикистон:
Тољикстандарт ба молу маҳсулоти хушсифат кафолат медиҳад!
Директор - ДАВЛАТАЛї ЊОТАМОВ:
- Дар соли сипаригашта кормандони Агентии Тољикстандарт бо гузаронидани амалиётҳои доимї дар бозору мағозаҳои љумҳурї фурўши 1087 теъдоди молу маҳсулоти камсифати истеҳсоли хориљиву ватаниро пешгирї карданд. Аз љумла, 1828 дал нўшокии ғайриспиртї, 1262 дал нўшокии спиртї, 57,2 тонна маҳсулоти нонию қаннодї ва 47,2 тонна маҳсулоти гўштию шириро аз фурўш боздошт намуданд, - гуфт дар нишасти матбуотї Давлаталї Ҳотамов, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Љумҳурии Тољикистон. Инчунин барои риоя накардани меъёри стандартҳо, фурўши молу маҳмулоти ғайристандартї ваистифодаи ченакҳои корношоям аз 1166 нафар шахсони ҳуқуқию воқеї ба маблагї 200050сомонї љаима ситонида шуда, ба буљаи давлат ворид гардид. Давлаталї Ҳотамов нигаронї аз афзудани истеҳсоли молу маҳсулоти бесифат дар кишварҳои ҳамсоя, инчунин хориљи дур намуда гуфт, ки хусусан воридшавии маводи ғизоии бесифати гўшти мурғу тухм, орду гандум тамоюли афзоиш дорад.Агенти дар соли гузашта ба хотири рушд намудани соҳибкорї, вусъат бахшидан ба иқтидори воридоту содироти молу маҳсулоти хушсифат ва ҳифзи бозори истеъмолии кишвар озмуни «Маҳсулоти беҳтарини Љумҳурии Тољикистон»-ро гузаронд ва дар ин намоиш 128 корхонаҳои истеҳсолии кишвар молу маҳсулоти хешро ба маърази тамошо гузоштанд.- Покизагии бозори дохилаи кишвар бар дўши мо, кормандони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои љумҳурї мебошад. Ва мо ба хотири ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон омодаем, ки дар ин самт фаъолиятамонро беҳтар ба роҳ монем!
Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Љумҳурии Тољикистон: Сафи нашъмандон кам шудаанд!
Директор - РУСТАМ НАЗАРОВ:
- Тибқи маълумоти Вазорати тандурустї то 1 январи соли 2010 дар муассисаҳои наркологии љумҳурї 8018 нафар беморони нашъаманд расман ба қайд гирифта шудаанд ки ин нисбати соли 2008 627 нафар кам мебошад. Шумораи занҳои нашъманд бошад, 346 нафарро ташкил медиҳад, - гуфт дар баромади худ Рустам Назаров, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Љумҳурии Тољикистон. Дар соли гузашта аз љониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии љумҳурї 796 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ошкор гардид. Ба гуфтаи манбаъ шўъбаи тафтишотии Агентї 135 парвандаи љиної оғоз намуда, 107 парвандаро ба судҳо ирсол кард.Бо гузаронидани амалиётҳои муштарак 1879 киллову 497 грамм маводи мухаддари мусодирашуда дар бухории махсуси агентї сўзонида шуд ва бо ин амал аз замони таъсисёбии агентї беш аз 12 тонна воситаҳои нашъаовар ба коми оташ андохта шуд.Амалиётҳои байналмилалии «Канал-2009», «Тарсет» ва амалиёти љумҳуриявии «Кўкнор-2009» барои пешгирї ва ошкор кардани чандин ҳодисаҳои қочоқи маводи нашъадор мусоидат намуд. Ба гуфтаи Рустам Назаров теъдоди шаҳрвандони љумҳурї, ки бо љиноятҳои интиқоли маводи мухаддар дар кишварҳои хориљ дастгир мешуданд, аз солҳои 2000-2009 коҳиш ёфтааст. Агар сатҳи љиноятсодиркунандагон дар солҳои қаблї 1792 нафарро ташкил медод, дар соли ахир бошад ин рақам ба 335 (81 фоиз) нафар поин фаромад.Пас аз суханронии Р. Назаров муовини директори агентї Бунафша Одинаева оиди назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандї баромад намуда гуфт, ки агентї дар тамоми манотиқи кишвар чорабиниҳои пешгирї ва зидди нашъамандиро бо иштироки 17 ҳазор нафар шаҳрвандон гузаронд. Ғайр аз ин дар якљоягї бо намояндагони дин, созмонҳои љамъиятї ва намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатї дар байни табақаҳои мухталифи аҳолии кишвар нишату љаласаҳо гузарониданд.Бунафша Одинаева мегўяд, ки кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти љумҳуриро мебояд, ки дар пешгирї ва назорати муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар таљрибаи комил дошта бошанд ва барои дастрасї ба муваффақиятҳои корї ихтисоси хешро такмил диҳанд. Ва дар соли гузашта 50 нафар корманди агентї дар љумҳурї ва берун аз он курсҳои махсуси омўзиширо аз бар карданд.
Иттифоқи Тољикматлубот:
Тољикматлубот ба маблаѓи 2млн. 797 сомонї саҳмияи
«Роғун»-ро харид!
Раис - СИРОЉИДДИН ВАЛИЕВ:
- Кормандони Иттифоқт Тољикматлубот тасмим гирифтаанд, ки аз саҳмияҳои Нерўгоҳи барқи обии «Роғун» ба маблағи 2млн. 797 сомонї харидорї намояд, - гуфт дар нишасти матбуотї Раиси Иттифоқи Тољикматлубот Сирољиддин Валиев.Соли сипаригашта бо ҳамкорї бо хољагиҳои ёрирасон маҳсулоти кишоварзї фаровон захира гардид ва ин имкон дод, раёсат ҳар ҳафтае дар шаҳри Душанбе ярмаркаҳо баргузор намояд ва мардумро бо меваю сабзавот, ки нархаш аз бозорҳо дида арзонтар аст, таъмин созад. Дар ин ярмаркаҳо 2696 тонна маҳсулоти кишоварзї ба фурўш бароварда шуд.Инчунин корхонаҳои истеҳсоли молу маҳсулот ва бозору мағозаҳои нав таъсис дода шуданд. Махсусан ба кор оғоз кардани корхонаи шустушўйи пашми кооператсияи матлубот, ки бо яке аз ширкатҳои бузурги кишвари Хитой шартнома ба имзо расонид, дар се моҳи охири соли 2009 мавриди баҳрабардорї қарор гирифт. Корхонаи мазкур дар як баст 4400 кг пашмро коркард ва дар як вақт пашми шусташударо бо вазни 100 кг бандубаст мекунад. - Муваффақиятҳои соли гузашта Иттифоқи Тољикматлуботро аз таъсири манфии бўҳрони молиявї эмин дошт, - гуфт С. Валиев.
Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумҳурии Тољикистон:
59 ҳолати ришваситонї дар бонкҳо ошкор карда шуд!
Директор - АБДУФАТТОЊ САИДОВ:
- Дар соли сипаришуда кормандони Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумҳурии Тољикистон 902 љинояти марбут ба коррупссияро ошкор намуданд, ки аз ин 162-тояш љиноятҳои вобаста ба порахурї ва ришваситонї мебошад. Аз љониби шахсони мансабдори сохторҳои давлатї 141-тои ин љиноятҳои ба қайдгирифта содир шудааст, - мегўяд директории Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љ.Т. Абдуфаттоҳ Саидов. Ба гуфтаи А. Саидов дар мубориза бо коррупсия тибқи қонунгузории Љ.Т. ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муваззаф гардида бошанд ҳам, мутаассифона дар миёни худи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шахсонеро вохурдан мумкин аст, ки ба љинояти коррупсионї даст задаанд. Шумораи љиноятҳои ошкоршуда аз љониби онҳо 134-то мебошад. Дар охири нишасти матбуотї ба суолҳои рўзноманигорон муовинони директории агентї ва сардорони раёсату шўъбаҳои он посухҳои мушаххас гуфтанд.