Муовини аввали сардори КВД «Тоҷиксуғурта» Абдулло Абдуллоев қайд кард, ки суғуртаи ихтиёрӣ дар вилояти Суғд бештар ба қайд гирифта шуда, аз ин намуди суғурта корхона фоидаи зиёдтар ба даст меорад.
Аз рӯи маълумоти бадастомада соли 2017 аз ҳисоби ҳамаи намудҳои суғурта ба буҷа 30 миллиону 121 ҳазор сомонӣ ворид гардида, дар соли 2017 КВД «Тоҷиксуғурта» ба 8 ҳазору 742 нафар шахсони молу амволашон зарардида ва шаҳрвандони ба ҳаёту саломатиашон осебрасида ба маблағи 7 миллиону 936 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарар пардохт намудааст.