Ба суоли шумо ҳуқуқшинос Холова Солеҳа посух мегӯяд
— Ду фарзанди ноболиғ дорам ва зиёда як сол аст, ки собиқ шавҳарам аз супоридани алимент саркашӣ мекунад ва розист, ки аз фарзандон рӯ тобад. Вале, бо вуҷуди ин, баъзан омада, даъво менамояд, ки мехоҳад кӯдаконро ба хонаи волидайни худ барад. Дар ҳолати маҳрум кардани ҳуқуқи падарӣ ӯ метавонад бо кӯдакон муошират кунад?
Дилором Аминова,
ш. Душанбе
Ҷавоб:
— Дар асоси моддаи 70 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои тартиби маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ муайян карда шудааст. Ҳангоми маҳрум намудан аз ҳуқуқи падарӣ шахси маҳрумгашта ҳуқуқи тарбия кардани кӯдак ва муошират карданро надорад. Аммо ӯ уҳдадор аст, ки тибқи моддаи 71, қисми 2 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини фарзандаш алимент диҳад.
— Зиёда аз 10 сол инҷониб ман бо шавҳарам танҳо никоҳи динӣ дорему мехоҳем онро ба расмият дарорем. Шунидам, ки барои муддати тӯлонӣ ба расмият надаровардани ақди никоҳ ҷарима супорида мешавад. Магар ин рост аст?
Умеда Раҳимова,
н.Фархор
Ҷавоб:
—Никоҳ аз лаҳзаи дар мақомоти САҲШ барасмият даровардан, эътибори қонунӣ пайдо менамояд. Ба Шумо тавсия дода мешавад, ки барои ба расмият даровардани ақди никоҳ ва қонунӣ намудани он дар асоси розигии тарафайн ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳали зистатон бо ариза муроҷиат намоед. Қонунгузорӣ дар ин ҳолат ягон намуди ҷарима муқаррар накардааст.
—Ману шавҳарам дар хонаи иҷора зиндагӣ мекардем, вале соле қабл ӯ вафот кард ва ман бо се фарзанд ба хонаи падар баргаштам. Мехостам фаҳмам, ки духтар то чӣ андоза метавонад меросхӯри падар бошад?
Файзигули Мурод,
н. А.Ҷомӣ
Ҷавоб:
— Дар қонунгузорӣ барои қабули мерос новобаста аз он, ки фарзанд духтар аст ё писар, тартиби қабули мерос муқаррар шудааст. Дар асоси моддаи 1166 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати аввал мероси қонуниро ба ҳиссаи баробар фарзандон (аз ҷумла фарзандхондшудагон), ҳамсар ва падару модар ва ҳамчунин кӯдакони шахси вафоткарда, ки баъди вафоти ӯ таваллуд шудаанд, мегиранд.
Бо мақсади бекор кардани ақди никоҳ ҳамсарам ба суд муроҷиат намудааст. Ман намехоҳам, ки ақди никоҳи мо бекор карда шавад. Дар суд имконияти ба созиш омадани мо вуҷуд дорад?
Гулчеҳра Бобоева,
н.Ҷ.Расулов
Ҷавоб:
— Суд имконияти ба созиш овардани оилаҳоро дорад, ҳангоми ба созиш овардан парванда қатъ карда мешавад. Дар сурати розӣ набудани зан ё шавҳар суд баҳри оштӣ додани тарафҳо тибқи моддаи 22 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешад ва ҳуқуқ дорад, ки баррасии парвандаро мавқуф гузошта, ба зану шавҳар барои оштишавӣ то шаш моҳ муҳлат диҳад.