Таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат, ки шарти асосии солимии мардум мебошад, яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.Ҷиҳати пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ мақомоти ваколатдорро зарур аст, ки доир ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» чораҳои таъхирнопазир андешанд ва дар ин самт Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавориро таҳия ва амалӣ намоянд».
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳар нафар нозири саломатии худ аст
Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон яке аз мушкилоти муҳими ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Дар шароити иқтисоди бозаргонӣ ҳар шахс ба ҳайси истеъмолгар аз молу маҳсулот ва хизматрасониҳои гуногун бархӯрдор мешавад ва табиист, ки онҳо ба ҳимояи ҳуқуқҳои худ ниёз доранд. Дар сурати ғайр ҳамчун истеъмолкунанда баъзан ба сифати маҳсулот ва санаю истеҳсоли он ҳангоми харид беэътиноӣ мекунем, ки ин боиси нигаронӣ мегардад. Чӣ бояд кард, то на танҳо ҳамёнамонро бо харҷи беҳуда тиҳӣ насозем, балки саломатӣ ва ҳаёти худро низ ҳифз намоем?
Чунин ҳолат ба Моҳира рух дод. Ӯ аз мағоза тухму панир харид ва барои наҳорӣ тухмбирён кард. Аз тухмҳои харидааш чор донааш қобили истеъмол набуд. Панир ҳам мазаи тунде дошт.
- Тухму панирро ба мағоза бозпас гардондам. Соҳиби мол таҳқирам кард, ки ӯро туҳмат дорам. Чаро ки вақти харид сертификати сифати маҳсулотро талаб накардам ва барои исбот чун далеле надоштам, даъвоям беоқибат монд. Ба «Тоҷикстандарт» занг задам. Рӯзе пас кормандони мақомоти мазкур маро ба назди ҳамон мағоза даъват карданд. Нозири мақомот (мутаассифам, ки номашро фаромӯш кардам) гуфт, ки дар асоси шикояти Шумо мағозаро санҷидем ва 17 номгӯи дигари маҳсулоти бесифати муҳлаташ гузашта аз фурӯш гирифта шуд, - гуфт Моҳира Мирзоева, сокини пойтахт.
Мавсуф қаноатманд аст, ки бо донистани ҳуқуқаш чун истеъмолгар тавонист даҳҳо нафарро аз заҳролудшавӣ аз маҳсулоти хӯрокаи пастсифату зараррасон эмин дорад. Ӯ тавсия медиҳад, ки ҳангоми харид ба санаи истеҳсол ва муҳлати нигоҳдории мол диққат бояд дод ва ҳатман чеки мағоза аз фурӯшанда талаб карда шавад. Чаро ки аз бепарвоӣ саломатӣ ва буҷети хонавода зарар мебинад. Яъне, ҳар нафар ҳамчу истеъмолгар бояд нозири тандурустии худ бошад.
Оё моли фурӯхташуда баргардонда мешавад?
Дар аксар мағозаҳо ва ҳатто растаҳои бозор чунин овезаҳоро зиёд дучор меоем (махсусан, дар фурӯшгоҳҳои деҳаҳо): «Моли фурӯхташуда баргардонда намешавад!». Чаро? Агар бесифат бошад - чӣ? Пас, кӣ маблағи молу маҳсулоти бесифату ғайриқобили истифодаро ҷуброн менамояд? Магар, ин овезаҳо хилофи ҳуқуқҳои истеъмолгарон нестанд? Моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» чунин муқаррар намудааст: «Дар ҳолати нуқсони молро ошкор кардани истеъмолкунанда ва пешниҳод намудани талабот ба ивази чунин мол, фурӯшанда (истеҳсолкунанда) вазифадор аст, ин молро фавран ва дар сурати зарурати тафтиши иловагии сифати чунин мол аз тарафи фурӯшанда (истеҳсолкунанда) дар давоми 14 рӯзи тақвимӣ пешниҳод кардани талаботи зикргардида иваз намояд». Аммо, дареғ, ки аз ҷониби бархе аз фурӯшандагон ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон рӯирост поймол мегардад. Ва онҳо бо чунин овезаҳои ғайриқонунии ба манфиати худ будаашон аз масъулият мегурезанду хок ба чашми истеъмолгар мепошанд.
- Воқеан, чунин эълонҳо дар мағозаҳо ба чашм мерасанд, вале наметавонанд монеи талаб ё дифоъ намудани истеъмолгарон аз ҳуқуқҳояшон бошанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» пуштибонӣ аз истеъмолгар менамояд, ки, агар фурӯшанда ё истеҳсолкунанда дар рӯзи пешниҳоди талаботи мазкур моли ивазшавандаро надошта бошад, чунин молро бояд дар давоми як моҳ иваз намояд, тазаккур дод, - Шерзода Ситора, муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо.
Мавсуф иброз медорад, ки дар рафти санҷишҳои зидахли ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон ва ҳифзи бозори истеъмолӣ аз воридоти молу маҳсулоти пастсифат, нозирони агентӣ ҳолатҳои вайронкунии қонуни марбутаро ошкор месозанду тадбирҷӯӣ мекунанд.То нимаи якуми соли равон ҳангоми гузарондани назорати давлатӣ дар самти пешгирии воридоти маҳсулоти ғизоии пастсифат 2 ҳазору 349 ҳолат ба қайд гирифта шуд, ки як қисмати ин маҳсулот аз ҷиҳати бехатарӣ ва қисми дигар аз рӯи тамғагузорӣ ба талаботи стандарт ҷавобгӯ набуданд. Табиист, ки ин гуна молу маҳсулот аз фурӯш боздошт шуданд.
Шерзода Ситора мегӯяд, ки аксаран истеъмолкунандагон дар интихобу хариди молу маҳсулот, хоҳ хӯрокворӣ бошад, хоҳ ғайри он ба саҳлангориву саросемагӣ роҳ медиҳанд ва дар истифодаи молу маҳсулот иштибоҳ менамоянд. Дастури пешниҳоднамудаи соҳиби молро дуруст намехонанд ва шефтаи ороишоти қуттиҳову расмҳои тарғиботии он гардида, аз фурӯшанда чеки хазинаро талаб намекунанд. Ӯ меафзояд, ки дар сурати сар задани нофаҳмиҳо байни фурӯшандаю харидор дар мавриди ивази мол ё ҷуброни он, шаҳрвандон метавонанд ба суроғаи расмии агентӣ дар сомонаи Instagram www. Instagram.com/standart.tj ва рақами Viber-ии 988–50–22–22 муроҷиат намоянд.
Истеъмолгари имрӯза аз дирӯза фарқ дорад
Абубакр солҳост дар бозори «Султони Кабир» ба фурӯши таҷҳизоти маишӣ барои рӯзғор машғул мебошад. Ӯ иброз медорад, ки пештар мардум ба сифати маҳсулот, фирма ё корхонаи истеҳсоли он чандон таваҷҷуҳ надоштанд. Ҳоло ба коргоҳи тавлидоти молу маҳсулот мароқ зоҳир мекунанд, то аслро аз бадал бишносанд. Маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандагон боло рафта. Чеки хазинаи мағозаро мепурсанд, варақаи кафолати молро талаб мекунанд. Яъне, истеъмолгари имрӯза аз дирӯза тафовут дорад.
- Истеҳсолкунандагон ва воридкунандагон дар вақти хариду фурӯш ба истеъмолгар кафолати то се солро барои моли фурӯхташуда медиҳанд. Иттифоқан, дар ин муддат мешавад, ки фарз кардем, барои таҷҳизоти хӯрокпазӣ то даҳ маротиб усторо аз мағозаи мо дархост мекунанд. Мо дар асоси кафолати додаамон новобаста аз он ки дар чанд сомонӣ таҷҳизот дуруст мегардад, маблағи қисми эҳтиётии он ва ҳаққи хизмати усторо пардохт мекунем, - изҳор медорад фурӯшанда.
Истеъмолкунанда дар интихоби молу маҳсулот озод аст ва ҳукми қонунӣ доштани ҳуқуқҳояшу бархӯрдорӣ аз онҳо кафолати қонеъ гардидани талаботи истеъмолгар мебошад.
Қутбияи НЕЪМАТУЛЛО