Дар Паёми навбатии Президенти Тоҷикистон ба он ишора шуд, ки дар се соли минбаъда ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ афзоиш ёфта, дар ин самт 61 миллиард сомонӣ равона мегардад. Барои тақвият додани раванди болоравии сатҳи некуаҳволии сокинони кишвар Сарвари давлат супориш доданд, ки аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ - иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз ва аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда шавад. Ҳамчунин, аз 1-уми июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат дар тамоми соҳаҳо 800 сомонӣ муқаррар гардид.
Зикр гашт, ки сатҳи зиндагии мардуми кишвар сол ба сол хубтару беҳтар мешавад. Нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум дар соли 2023 то 62 фоиз паст фаромад. Роҳбари давлат ҷиҳати идомаи ин раванд ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки дар давоми ҳафт соли оянда барои то ба 10 фоиз паст кардани сатҳи камбизоатӣ тадбирҳои мушаххасро дар амал татбиқ намояд.
Бо рӯйи кор омадани технологияи нав ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳо дар фаъолияти ҳамаи соҳаҳо дигаргуниҳои назаррасро ба миён овард. Хосса дар муносибатҳои иқтисодию молиявӣ ва низоми бонкӣ истифодаи технологияи муосир ба осон гардидани кор ва беҳтару хубтар шудани сифати хизматрасонӣ замина гузошта, ба арзи вуҷуд кардани низоми ҳисоббаробаркуниҳо бо тарзи нав боис гардид, ки пардохти ғайринақдӣ аз ин шумор аст. Вобас¬та ба ин, Президенти кишвар ба вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва дигар вазорату идораҳо супориш доданд, ки дар ду соли охир дар тамоми соҳаҳо пардохти ғайринақдиро ҷорӣ намоянд. Ин раванд ҷиҳати таъмини шаффофият нақши бориз мебозад.
Саноатикунонии мамлакат аз масъалаҳои дигаре буд, ки дар Паём зикр шуд. Мусаллам аст, ки аз тарафи давлату Ҳукумат нақшаҳои ҷолиб тарҳрезӣ гардидаву зина ба зина татбиқи худро меёбанд. Маҳз дидани тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ дар ин самт боис гашт, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар диёри азизи мо 3 ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шуд…
Пӯшида нест, ки бо пошхӯрии давлати шуравӣ ва аз ҳам рехтани низомҳои солҳо пойдор, аз ҷумла низоми ягонаи энергетикӣ халал ёфт. Роҳбари давлат зикр намуданд, ки «танҳо барои азнавсозии неругоҳҳои барқи обии амалкунанда беш аз 11, 3 миллиард сомонӣ равона гардида, Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» пурра таҷдид ва иқтидори он 30 мегаватт зиёд карда шуд. Инчунин, таҷдиди неругоҳҳои «Норак» ва «Қайроқум» бомаром идома дошта, баъди ба анҷом расидани корҳо иқтидори онҳо, дар маҷмуъ, 324 мегаватт афзоиш меёбад». Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои фаъол нигоҳ доштани соҳаи энергетика ва таҷдиду азнавсозии он 85,7 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакатро супориш доданд, ки ҷиҳати раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ тадбирҳои ҷиддӣ андешида, марҳала ба марҳала онҳоро дар амал татбиқ намояд. Ишора ба ҳамин, дар Паём зикр гардид, ки: «Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, бунёди инфрасохтори онҳо ва таҳким бахшидани иқтидори техникии соҳа ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар ин самт бомаром идома доранд».
Дар ояндаи наздик барои ташаккули долонҳои иқтисодӣ як қатор лоиҳаҳои марбута дар мисоли бунёду таҷдиди роҳҳои Рӯшон – Шуғнон (235 километр) то гузаргоҳи Қулма – Қарасу (300 километр), Бохтар – Ҷалолиддини Балхӣ – Қубодиён – Шаҳритус – Айвоҷ – сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон (170 километр), Хуҷанд – Конибодом (57 километр), Хуҷанд – Ашт (122 километр) ва Балҷувон – Сари Хосор (58 километр) татбиқ мегарданд.
Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мавзуи дигаре буд, ки Роҳбари давлат ба он дахл намуданд. Агар рушди сайёҳӣ боиси тақвият ва ғанӣ гардидани иқтисоди кишвар гардад, муҳайё кардани шароити мусоид ҷиҳати эҳё ва рушду густариши ҳунарҳои мардумӣ пояҳои фарҳанги миллии моро устувор мегардонад. Аз соли 2018 то соли 2023 дар мамлакати азизамон 1450 иншооти сайёҳӣ бунёд гардида, дар соли 2023 шумораи сайёҳон ба як миллиону дусад ҳазор нафар расидааст. Ба баракати сулҳу суботи пойдор ва анҷоми корҳои бунёдкориву созандагӣ метавон умед кард, ки ин нишондод дар солҳои оянда ба маротиб хоҳад афзуд.
Ба таҳсил ва омӯзиши касбу ҳунар фаро гирифтани духтарон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба таври бесобиқа ба роҳ монда шуд. Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон бо Квотаи президентӣ мактабҳои олии кишварро хатм намуда, соҳибкасб гардидаанд. Кор дар ин самт минбаъд низ бомаром идома меёбад.
Соли 2024 дар кишвари азизи мо санаи мубораку фархундааст, зеро ки эъмори давлати соҳибистиқлоли мо аз он сарчашма мегирад, яъне 30-солагии қабули Конститутсия таҷлил мегардад. Бахшида ба ин санаи таърихӣ Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад. Дар ин замина, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 31 декабри соли 2023, №668 ба тасвиб расид, ки тибқи он соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шуд.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ яке аз масъалаи асосии сиёсати ҳуқуқии мамлакат ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба ин раванд таваҷҷуҳи махсус равона шудааст ва дар ин замина як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд.
Кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқэҷодкунӣ низ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»-ро дар таҳрири нав таҳия намуданд, ки он мавриди амал қарор дорад.
Дар асоси Қонуни мазкур «Дастурамал оид ба ташкили кор, коргузорӣ ва таъминоти моддию техникии фаъолияти кормандони мақомоти иҷро» дар таҳрири нав таҳия ва қабул карда шуд. Ғайр аз ин, аз ҷониби кормандони Хадамот дар давоми фаъолият зиёда аз 30 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардид, айни замон онҳо мавриди амал қарор доранд.
Хадамот бо мақсади муайян кардани Рӯзи кормандони мақомоти иҷро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро таҳия намуд, ки тибқи он ба моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» сархати нав илова шуда, 5 апрел - Рӯзи кормандони мақомоти иҷро пешбинӣ гардид. Роҳбарият ва кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ тамоми донишу таҷрибаашонро баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, волоияти қонун, иҷрои дуруст ва саривақтии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ, равона менамоянд.
Президенти кишвар дар суханрониҳои хеш бо назардошти вазъи сиёсии ҳамеша тағйирёбанда таъкид мекунанд, ки давлатдорӣ кори саҳлу осон нест, мо бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Дар Паёми имсола низ бори дигар ба масъалаи мавриди назар рӯ оварда, изҳор намуданд: «Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем.».
Ин сухани пандомези Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд дастури зиндагии ҳар як фарди ин марзу буми аҷдодӣ бошад, зеро танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем пояҳои давлатдории хешро тақвият бахшем, арзишҳои миллии худро ҳифз намоем, Ватани азизи худро боз ҳам ободтару зеботар гардонем ва ба саодату хушбахтӣ даст ёбем.
Барно САИДВАЛИЗОДА,
сардори Хадамоти иҷрои назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
генерал-майори милитсия