Муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ Нигина Боронова нахустин бонуи афсар дар мақомоти корҳои дохилии вилоят аст, ки ба рутбаи полковники милитсия мушарраф гардидааст.
Давлати Тоҷикистон барои ширкати фаъоли занон дар ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа шароити созгор фароҳам сохта, бонувони зиёди афсар дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хизмат менамоянд. Сазовор гаштан ба рутбаи баланди хизматиро бароям шарафу ифтихор ва дар иҷрои вазифаи касбӣ масъулсозанда медонам, - изҳор дошт Нигинабону.
Либоси низомиро ба бар кардан барои Нигина амри тасодуфӣ набуд. Модар Сарвиноз Боронова, нахустин корманди милитсия аз байни бонувони тоҷик буд, ки то дараҷаи полковник расид. Ӯ пас аз хатми факултаи ҳуҳуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон соли 1967 ба фаъолияти касбӣ оғоз намуда, аз собиқаи 40-
солаи касбиаш дар мақомоти милитсия 30 солашро ҳамчун корманди фаврӣ дар бахши кофтукови ҷиноятӣ дар маркази ҷумҳурӣ сипарӣ гардонд.
Духтарон Нигина ва Заррина, ки аз хурдсолӣ мехостанд пайрави модари азизашон бошанд ва барои идома додани касби модари номварашон камари мардона бастанд. Хоҳарон душвориҳои кори милитсияро аз хурдсолӣ эҳсос намуданд, вале аз мушкилот наҳаросиданд. Медиданд, ки чӣ тавр бо тақозои вазифа ҳамчун корманди фаврии шуъбаи тафтишоти ҷиноятӣ ба модар лозим меомад, ки дар бисёре аз мавридҳо соатҳои вақти истироҳат дар ҳалқаи ҷигарбандонашонро ба хотири хизмати касбӣ қурбон намояд. Иродаи оҳанин, садоқати касбӣ ва меҳандӯстӣ ба ӯ имкон доданд, ки чун бонуи афсар дар ҷодаи касбӣ ва чун зан-модар дар рӯзгордориву тарбияи фарзандон муваффақ гардад.
Дар маҳаллае, ки хоҳарон Нигина ва Заррина бо модарашон мезистанд, онҳоро «набераҳои Сталин» мегуфтанд, зеро ҳар замоне, ки тағояшон Шохалил Шохалилов, марди қоматбаланди мӯйлабдори бо сарулибоси низомии зебанда ба Душанбе меомад, аз дасти ҷиянҳои дӯстдораш мегирифту онҳоро дар хиёбон сайр медод. Роҳгузарон дар бораи тағояшон ба ҳамдигар мегуфтанд, ки «ба Сталин хеле монанд аст».
Ин марди сарсупурда, ки солиёни зиёд ДОСААФ-ро роҳбарӣ мекард, ба хотири ҷалби ҷавонону наврасон ба машқҳои омодагии ҳарбӣ ба гӯшаҳои дурдасти кишвар сафар менамуду ӯро ҳама ҷо мешинохтанд ва дӯст медоштанд.
Нигина пас аз хатми факултаи забони русии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар мақомоти милитсия ба кор даромад. Солиёни зиёди фаъолияти касбиаш дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии РВКД дар ВМКБ рост омад.
Солҳое, ки Н. Боронова дар Хадамот ба кор даромад, шиносномаро дастӣ пур ва дар мошинкаи чопӣ тайёр менамуданд. Бо фароҳам шудани шароитҳои пешрафт сафари шаҳрвандони кишвар ба давлатҳои хориҷӣ барои кор, таҳсил, муолиҷа ва сайёҳӣ бамаротиб афзоиш ёфта, сафи довталабони шиносномаи хориҷӣ хеле афзуд.
Соли 2010 дар ҷумҳурӣ шиносномаи рақамии биометрӣ ҷорӣ шуда, фаро гирифтани шаҳрвандон ба ин усули навтарин марҳала ба марҳала амалӣ гашт. Кормандони Хадамот сари вақт маҳорату малакаи касбии усули электронӣ ва биометрии хизматрасониро омӯхта, талаботи мизоҷонро ҳамеша бо сифати баланд иҷро менамоянд.
Таҳияи ҳуҷҷатҳо ва омодасозии шиноснома аз корманд дониш, тозакорӣ, бодиққат будан ва зиракии сиёсӣ талаб мекунад. Корафтодагон аз шаҳру деҳоти вилоят ва сайёҳони зиёде ба Хадамоти шиносномавию бақайдгирии вилоятӣ муроҷиат намуда, ҳамеша бо ҳисси қаноатмандӣ муассисаро тарк мекунанд.
- Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар соли 2024-ро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд, аз ин рӯ, кормандони мо фаъолияташонро дар самти фаҳмондадиҳӣ ва боло бурдани савияи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон боз ҳам тақвият мебахшанд, - изҳор дошт муовини сардори Хадамот.
Нигина Боронова худро ҳамчун афсари хизмати дохилӣ ташаббускору боинтизом ва дорои дониши баланди сиёсӣ ва касбӣ нишон дод. Бо назардошти қобилияти ташкилотчигиаш бо фармони вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ ӯ муовини аввали сардори ШКД-и ноҳияи Шуғнон таъин шуда, 4 сол дар ин вазифа кор кард. Фаъо¬лияти хизматиаш дар таҳкими қонунмандӣ дар ҷомеа, интизоми кор, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояткорӣ бо медали Ҷасорат қадр гардид. Соҳиби се фарзанд асту худро дар баробари афсари муваффақ модари хушбахт низ мешуморад.
- Истиқлоли давлатӣ, зиндагии орому осуда ва сулҳу ваҳдати миллӣ арзишҳое ҳастанд, ки пешрафти ҳар кишвари сайёра дар заминаи онҳо ба вуқуъ мепайвандад. Давлати Тоҷикистон барои зиндагии шоиста ва амну осоиштаи шаҳрвандон тамоми шароитро фароҳам сохтааст, аз ин рӯ, дар ҳифз намудани дастовардҳои беназир ва муқаддасоти миллӣ ҳама баробар масъул бошем, - мегӯяд Н.Боронова.
М. ШОҲҶАМОЛ,
ноҳияи Шуғнон