28-уми декабри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод намуданд, ки бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024-ум дар мамлакат «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардад.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад».
Дастур дода шуд, ки тамоми сохтори мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бояд ҳамаи захираю имкониятҳоро ҷиҳати таъмини тартибот ва волоияти қонун сафарбар намоянд. 30 декабри соли 2023 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гашт.
Боиси зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани истиқлоли давлатӣ эҳтиром, эътироф, риоя, ҳифз ва тарғиби ҳуқуқу озодиҳои инсон, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандонро самти муҳими сиёсати худ муайян карда, баҳри амалишавии он тавассути фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, шаҳрвандон ва ҷалби воситаҳои ахбори омма тадбирҳои зиёдеро амалӣ кард. Дар ин давра давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва беҳдошти фазои қонунии онҳо тадбирҳои муассирро амалӣ намуда, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаҳои вижа ва консепсияҳо қабул карданд. Ҳамчунин, Ҳукумати ҷумҳурӣ дар сатҳи давлатӣ барои амалисозии уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон вобаста ба мукаммалсозии қонунгузории миллӣ ва амалияи татбиқи он, механизмҳо ва расмиёт таҳия кард. Ин раванд бо назардошти омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва баинобатгирии манфиатҳои миллӣ идома дорад.
Сиёсати давлат дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018–2028», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ», «Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон» ва ғайра амалӣ карда мешавад.
Боиси зикр аст, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2019 Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ҳамчун мақоми ҳамоҳангсоз ва татбиқкунандаи Барнома дар самти таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон вазифадор карда шудааст, ки бо Шурои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар, мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, воситаҳои ахбори омма, муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва бахши хусусӣ ҳамкорӣ намояд.
20-уми декабри соли 2023 дар ҷаласаи навбатии Шурои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Вазорати адлияи ҷумҳурӣ гузориши аъзои Шуро оид ба корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба тақвият бахшидан ба ҳалли баҳсҳои тосудӣ (медиатсия), инчунин фаъол кардани аҳолӣ ҷиҳати муроҷиат кардан ба судҳои ҳакамӣ, дар бораи баромади аъзои Шуро дар телевизион ва радио оид ба ҷараёни иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми апрели соли 1997-ум, № 691 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми августи соли 1997-ум, № 383 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» ва Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 - 2030, оид ба масъалаи эҳё ва фаъол гардонидани кори ҷамъияти «Дониш» ва дигар масъалаҳо оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 пешбинӣ шудаанд ва тасдиқи нақшаи кори Шурои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024-ум тасдиқ карда шуд.
Бо мақсади иҷрои банди 2 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2023, № 668 «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» санаи 12-уми январи соли 2024, фармоиши вазири адлияи ҷумҳурӣ «Дар бораи таъсиси кумитаи тадорукот вобаста ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024» Кумитаи тадорукот таъсис дода шуда, нақшаи чорабиниҳои Вазорат тасдиқ гардид.
Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд, масъулият дошта бошанд ва ба имкониятҳои баробар, аз ҷумла имкониятҳои ҳуқуқӣ тавассути волоияти қонун дастрасӣ дошта бошанд, ки ҷиҳати расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳадафҳои ворид шудан ба қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мусоидат намояд.
Ҳамзамон, бо мақсади бартараф сохтани мушкилоти маҷмуӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти маърифатнокии ҳуқуқӣ зарурати тағйир додани муносибатҳо муфид аст. Дар робита ба ин, нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар маърифатнокии ҳуқуқӣ ва фаъолияти маърифатпарварии хусусияти иттилоотӣ-ташвиқотидошта бояд баланд бардошта шавад, зеро имрӯз ташаккули сатҳи баланди маърифатнокии ҳуқуқӣ бе иштироки фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, тамоми хизматчиёни давлатӣ ва ҷомеаи ҳуқуқшиносони ҷумҳурӣ номумкин аст.
Нигина АЛИЗОДА,
муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ