Ҳузури ҷинси латиф дар ниҳоду сохторҳои қудратӣ бозгӯи шуҷоату озодманишӣ ва дар рӯҳияи меҳандӯстӣ тарбияву ба воя расидани бонувони даврони Истиқлол аст, ки дар ҳимояи марзу буми меҳан ва риояи адлу таъмини осоиштагии ҷомеа ҳамраҳи мардони Ватан хизмати шоиста анҷом медиҳанд. Намунаи ибрати насли ҷавонон эътироф шудани бонувони низомипӯш далели гомҳои устувори мо дар бунёди ҷомеаи воқеан ҳам соҳибихтиёру демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад.
Ҷавондухтарони ноҳияи Панҷ дар интихоби касбу пешаҳои зиндагӣ бештар пайравӣ ба аскарону афсарзанони қисмҳои ҳарбии қаламрави ноҳия доранд, ки баъзан дар тан сарулибоси ҳарбӣ аз кӯчаву хиёбонҳои марказӣ гузар мекунанд. Аз отифаҳои ин сӯи рӯди Панҷ прапоршики калон Муродбегим Бахтиёрова, ҳаваси мундиру ситораҳои сари китфонро ҳанӯз аз овони наврасӣ дар қалб мепарварид.
Зодагони ӯ аз ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, соли 1958 ба шаҳраки Дӯстии имрӯза ноҳияи Ҷайҳун муҳоҷир мешаванд. Қиблагоҳаш ба пешаи механизаторӣ дил басту модар бо ихтисоси олии омӯзгорӣ ба ҳайси мураббияи яке аз муассисаҳои томактабии макони нави зисташон ба кор пардохт. Аз чаҳор яке аз фарзандони ин дудмони меҳрофарон завқу рағбати беандоза ба пешаи низомӣ дошт. Аммо, бо мурури замон вазъи иҷтимоӣ шавқу ҳавасҳоро дар дилҳо фурӯ нишонда, ки зодмандон ба умеди ояндаи дурахшони духти шуҷоатманди хеш ӯро ба зудӣ оиладор намуданд.
-Шояд ба далели он ки дар шаҷараи аҷдодии падару ҳам модарам афсарони олирутба зиёд гузаштаанд, аз бозе худро мешиносам, ба ҷуз мароми афсарӣ ҳавасу орзуи дигаре дар дилам ҷой нагирифтааст. Бешубҳа, он ҳама эҳсоси ғуруру ифтихори бузурге, ки ҳангоми ба тан доштани либоси ҳарбӣ маро фаро мегирад, баён натавон кард, - ҳароратангез изҳор дошт Муродбегим.
– Ин буд, ки ба умеди «дер ояду шер ояд» мунтазири «тулӯи ситораи бахт»-и худ ба сар бурда, билохира, фарвардинмоҳи соли 2005 дар қатори 11 тан ҷавонмардони довталаб ба озмуни кор дар қисмҳои сарҳадӣ роҳ ёфтам. Баъди имтиҳони ҷадид дар пешорӯи афсарони олирутбаи мақомоти қудратии кишвар маро ба хизмат дар сафи неруҳои марзбонӣ қабул намуданд.
Фаъолияти хизматии худро соли 2005-ум аз вазифаи назоратчии калони гузаргоҳи сарҳадии ноҳияи Ишкошим оғоз бахшид. Оғози хидмати ӯ ба рӯйдоди бузурги таърихӣ, кушодани пули Ишкошим миёни Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рост омад. Тавре иқрор меояд, иштирок дар лаҳзаҳои пайвастани роҳу робитаҳои дӯстии ду кишвари бо ҳам дӯсту ҳамсояро мояи ифтихор ва рӯйдоди хотирмони ҳаёти хеш мешуморад.
Баъди ду соли фаъолият дар гузаргоҳи сарҳадии Ишкошим ба таври гузариш хизматро дар қисми ҳарбии «Н» – дастаи сарҳадии ноҳияи Панҷ идома дод. Нахуст ба сифати иҷрокунандаи вазифаи таъминотчии қисми ҳарбӣ, баъдан зарфияти касбиашро ба инобат гирифта, масъули бахши таъминоти қисми мазкур таъйин мекунанд. Ҳамин сон, то соли 2010-ум Муродбегим вазифаҳои коргузор, иҷрокунандаи масъул ва дигар масъулияти муҳими низомиро бар дӯш дошт. Сипас, барои идомаи хизмати низомӣ ба раёсати қисмҳои сарҳадии КДАМ дар вилояти Суғд фиристода мешавад.
Соли 2014 хати тақдир ӯро дубора ба қисми низомии марзбонии ноҳияи Панҷ оварду инак, чаҳор соли охир сарварии «Кохи Ҷасорат»-и қисми ҳарбии «Н»-ро ба уҳда дорад.
Лаҳзаи дидор аз осорхонаву китобхона ва дигар толорҳои барҳавои фарҳангии «Кохи Ҷасорат» касро эҳсоси наҷибе фаро мегирад. Дар муқоиса ба насли замони собиқ шӯравӣ хизматчиёни ҳарбии даврони соҳибистиқлолии кишвари мо хушбахту батолеанд, ки дар лаҳзаҳои фароғат аз машҳуртарин адабиёти таърихиву сиёсӣ ва бадеию фарҳангиро метавонанд мутолиа кунанд. Ба қавли ҳамсуҳбатам, ҷумла барномаҳои фарҳангию истироҳатии «Кохи Ҷасорат» ба баланд бардоштани рӯҳияи худшиносию маърифатнокии хизматчиёни ҳарбӣ нигаронда шудаанд.
- Иштироки фаъоли бонувон дар хизмати ҳарбӣ орзуҳои афсонавии даврони наврасии насли мо аст, ки ҳамакнун бо иқдоми дурбинонаи Сарвари давлат ҳусни воқеият пайдо мекунад, - шодиёна изҳор дошт Муродбегим Бахтиёрова. – Сол аз сол сафи бонувони ҷасур дар ҷузъу томҳои мақомоти низомӣ, хосса қисмҳои ҳарбии мамлакат афзудан дорад. Ба истиснои афсарзанони олирутбаи мо, ки тариқи гузариш дар маркази омӯзиши ҳарбии «Ҳалқаёр» хизмати ҳарбиро идома дода истодаанд, боз теъдоди чашмраси бонувон дар соҳаи тиб, шуъбаҳои кор бо кадрҳо ва сафороӣ, қисми махфӣ ва ошхонаи аскарону дигар бахшҳои хоҷагидорӣ масруфанд. Дар коргоҳи дӯзандагии назди қисми мазкур бошад, бисёр духтарони маҳаллӣ фаъолият доранд, ки қисмҳои сарҳадии ноҳияи Панҷро бо сарулибос ва дигар лавозими ҳарбӣ таъмин менамоянд.
Ӯ чун сарбозбонуи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва ҳам ҳамсари хуштолею модари саодатманд дар рушду пешрафтҳои аҳли хонаводаи худ саҳми бузург дорад. Иқболу сарбаландии ӯву ҳамқадами ҳаёташ аз тарбияи муваффақонаи фарзандон маншаъ мегирад, ки бо дониши хубу сатҳи касбият дар ҷомеа ҷойгоҳи хешро дарёфтан доранд. Аз фаъолияти хизматии духтарбузургаш - майори корҳои дохилӣ Зуҳал Бахтиёрова меболад, ки пайроҳаи ӯро пазируфтааст.
- Табиист, ки дар мавриди эҳсоси ватандӯстию ғурури масъулиятшиносӣ дар ҳифзи марзу буми он бонувон аз мардон камӣ надоранд. Агар барои як ҷавонмарди меҳандӯст бузургтарин арзишҳо Ватан - Модар дар радифи ҳамдигар бошанд, пас, бечунучаро барои зан – модарон меҳру мафҳуми Ватан-фарзанд ба ҳам тавъаманд, - иброз медорад Муродбегим Бахтиёрова.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Панҷ