19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Низоми оиладорӣ -низоми ҷомеа

 

Bonu 12_2023__photo_20_fmt

Дилноз Муҳаммадӣ, мудири сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Спитамен, бонуи самимӣ, кордон ва хеле ҷиддист. Ҳини суҳбат бобати самтҳои асосии фаъолияташ дар ин сохтори ҳаётан муҳим, вазифаҳои шуъба, бунёди оила, муқаддасоти он, пойдории оилаҳои ҷавон фикру андешаи худро баён дошт.

Мавсуф, дар баробари он ки хизматчии давлатӣ асту дар доираи уҳдадориҳои вазифавии хеш ва таъмини иҷрои муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру усулҳо ва нақшаи кории бахш барои қайди саривақтии асноди ҳолати шаҳрвандӣ фаъолият менамояд, оид ба пурзӯр намудани пойдории оила ва оиладорӣ, ташаккул додани корҳои ташвиқотӣ-тарғиботӣ байни мардум дар соли 2023 корҳои зиёдеро ба сомон расонд.

Ӯ соҳаи худро хеле хуб медонад. Дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Зодмандонаш ҳуқуқшинос буданд. Дилноз бо пайраҳаи тайнамудаи волидон қадам ниҳод. Ӯ пас аз хатми дабистон ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ихтисоси ҳуқуқшиносӣ супурд. Донишгоҳро сарбаландона ба итмом расонду фаъолияташро дар шуъбаи Бонки миллии Тоҷикистон ба сифати ҳуқуқшинос оғоз кард. Соли 2015 Дилноз Муҳаммадиро мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва соли 2018 ӯро дар шаҳри Бӯстон, ба вазифаи мудири шуъбаи САҲШ таъин намуданд. Имрӯз бошад, ӯ мудирии шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Спитаменро ба зимма дорад.

Бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» дар бахши САҲШ-и ноҳияи Спитамен ва ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ҳамагӣ 4900 адад асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107 адад зиёд аст. Дар ин кошона соли ҷорӣ 1149 адад никоҳ ба қайди давлатӣ гирифта шуда, дар қиёс ба соли гузашта 155 адад афзудааст.

Кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад, ки бекор кардани ақди никоҳи оилаҳои ҷавон пешгирӣ шавад. Аз ин рӯ, пайваста бо навхонадорону зодмандони онҳо суҳбат намуда, бо ононе, ки хоҳиши пароканда намудани оилаи худро доранд, суҳбат мегузаронад. Ба Дилноз муяссар шуд, ки соли 2023-юм 51 оиларо туфайли суҳбатҳо, таъсиррасонӣ аз ҷудошавӣ эмин диҳад. Онҳо барои кам кардани теъдоди бекоршавии ақди никоҳ дар бахши САҲШ-и ноҳияи Спитамен дар робита бо аъзои гурӯҳи мурососозӣ, дар якҷоягӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен, кӯшиш менамоянд, ки масъалаҳои бекоркунии ақди никоҳро дар асоси аризаи якҷояи ҳамсарон баррасӣ намуда, баҳси оилавии ҷавононро бо роҳи таҳлил кардани сабабҳои бекоршавии никоҳ, суҳбату фаҳмондадиҳӣ ба волидони ҷавонон, додани машварату маслиҳат ва тавсияҳои ҳаётӣ аз тарафи аъзои гурӯҳ баҳри нигоҳдории оилаҳо ба муросо андохта, ҷавононро баҳри пойдории оилаи хеш раҳнамун месозанд.

- Шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Спитамен,-мегӯяд ӯ,- бо 2296 ҷуфт никоҳшаванда ва зодмандони онҳо вобаста ба тағйироту иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон дар робита бо раисони шаҳрак ва деҳот суҳбатҳову корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронд.

Дар шуъба пайваста бо никоҳшавандагон дар бобати ба талаботи замон мувофиқ сохтани анъанаҳои фарҳангӣ ва расму оинҳои мардумӣ, оид ба тантанаи ақди никоҳ дар толори ақди никоҳ ё берун аз он, сайругашт дар кӯчаҳои шаҳр бо истифодаи 4 мошини сабукрав тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маслиҳатҳо намуда, тавсия медиҳанд, ки аз сарфаю сариштакорӣ кор гиранду аз намоишкорӣ худдорӣ кунанд.

- Низоми оиладорӣ асоси низоми ҷомеа аст, - мегӯяд Дилноз Муҳаммадӣ. - Оила рукни муҳими ҷомеа ба шумор рафта, оиладорӣ, пойдор нигоҳ доштани оила як самти масъулияти зану шавҳар бошад, тарафи дигари масъулияти хонадорӣ ин тарбияи дурусти фарзанд мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як фарди ҷомеа баҳри он бояд масъулият эҳсос намояд, ки фарзанди худро дар руҳияи андешаҳои солим ба воя расонад, то ки дар оянда вай шахси арзандаву шоистаи ҷомеа гашта, баҳри рушду нумӯи ин сарзамини муқаддаси худ саҳм гузорад.

Г. МАҲКАМОВА,

ноҳияи Спитамен

 

:.  Ҳуқуқ 01.01.2024 16:41 526

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz