Ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри ХХ дар кишвари мо таҳмилӣ буда, дар асл мо миллати куҳану фарҳангпарвару дорои таърихи қадиму адабиёти пурғановате ҳастем, ки абармардони миллат дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми бориз гузоштаанд. Бояд ҳарчи зудтар эътимоду эътирофи ҷомеаи ҷаҳониро нисбат ба худ ба даст меовардем. Бо ҳамин мақсаду ҳадафи нек ва ба оянда умедворкунанда Роҳбари тозаинтихоби Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 сентяб¬ри соли 1993 аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид нахустин бор ба забони ноби тоҷикӣ сухан ронда, ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва мақсаду мароми неку созандаи давлати моро ба самъи ҷаҳониён расонданд…
Он рӯзҳо, дар қатори ба ифоқа овардани тарафҳои даргиру баргардондани гурезаҳо, қабули Қонуни асосии мамлакат низ аз тадбирҳои басо муҳим арзёбӣ мегардид ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саъю талоши беназир ва садоқату вафодорӣ ба миллату давлати хеш, сарфи назар аз вазъияти басо мураккабу печида, тавонистанд, ки ин тадбирҳои барои халқи азизамон басо сарнавиштсозро дар амал татбиқ намоянд.
9 сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Орзуи дер¬интизори миллатамон ҷомаи амал пӯшид ва мо соҳибдавлат гаштему бароямон имкон муҳайё гардид, ки ормонҳои миллии худро дар амал татбиқ намоем. Бо дарназардошти ин падидаи сиёсии таърихӣ мебоист, ки лоиҳаи Конститутсияи давлати тозаистиқлол аз нав омода гардад ва соли 1992 ҳайати нави корӣ таъсис ёфт. Лоиҳа аз тарафи ҳуқуқшиносони варзида бозбинӣ гардид, ба он тағйироту иловаҳои зарурӣ, ки дархӯри замон буданд, ворид шуданд ва мебоист ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта мешуд, вале бо ҷурми сар задани ҷанги таҳмилӣ ин тадбир амалӣ нагашт… Билохира, 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ якдилона қабул гардид. Аксарияти мардуми кишвар раъй доданд, ки сарнавишти ояндаи худ ва давлати соҳибистиқлоламон дар чаҳорчӯби ҳамин Конститутсия барномарезӣ шавад. Аз ҳамин ҷост, ки онро Конститутсияи мардумӣ мегӯянд.
Маҳз Конститутсия ормонҳои давлатдорию манфиатҳои миллии моро ифода карда, ҷаҳониён кишвари моро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушода шинохтанду эътироф намуданд.
Мусаллам аст, ки дар кишвари мо намояндагони дигар миллатҳо низ ҳаёт ба сар мебаранд, Тоҷикистонро ватани худ медонанд ва соҳиби забони хешанд. Аз ҳамин лиҳоз, мавқеи корбурди забон ба таври мушаххас дар моддаи 2 Конститутсия муайян гардидааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд».
Қонуни асосии мо аз тарафи коршиносону мутахассисони дигар давлатҳо баҳои баланд гирифта, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо онро дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои аъзои худ эътироф намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз касби соҳибистиқлолӣ ҳамчун давлати мустақил аз тарафи 192 давлат эътироф гардида, бо 183 кишвар муносибатҳои дип¬ломатиро ба роҳ монд ва узви комилҳуқуқи ҳамаи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ гар-дида, дар онҳо овозу мавқеи худро дорад ва дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ фаъолона ширкат меварзад. Ҳамзамон, иштирокдори беш аз 170 конвенсияи байналмилалӣ мебошад. Риоя ва иҷрои ҳуқуқҳои байналмилалӣ аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 10 Конститутсия ба таври возеҳу равшан ифода ёфтааст: «Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд. Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расмӣ амал мекунанд».
Конститутсия кафили пойдории ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, сулҳу субот ва оромӣ дар ҷомеа буда, сиёсати имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ менамояд.
САИДВАЛИЗОДА Барно Саиднабӣ,
сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия