Толори суд аз ҳузури наздикони ду тан аз судшаванда, ки дар курсиҳои дохили панҷара оғози мурофиаро интизорӣ мекашиданд, ба қавле ҷойи сӯзанпартоӣ надошт. Садои «Хезед, суд меояд!» ҷавонмарди хашинеро, ки замони дар кӯча пайдо шуданаш мардум роҳи худро дигар мекарданд, ҳолати ногуворе фаро гирифт. Наход, баррасии парвандаи ӯ, ба дасти ҳамон ҳамсинфи чашмобиаш уфтода бошад, ки овони дар мактаб озор доданаш, гириставу варо ҳушдор медод: «Рӯзе мерасад, ки туро худам ба маҳбас мекашам». Аммо гузори умру баҳрамандӣ аз илми ҳуқуқшиносӣ, ки додварз ҳуқуқи кинаву хусумат варзидан ва эҳсосӣ шуданро надорад, судяи ҷавон орӣ аз қасду адоват, мурофиаро оғоз намуд.
- Гарчанде он лаҳза ман парвандаи шахси дар дигар курсии айбдорӣ нишастаро муҳокима мекардам, бегумон он лаҳзаҳои хушунату зӯроварии ҳамдарс, ки аз афкандани китобу дафтарҳои мо ба ҷӯи пуроб завқ мебурд, пеши назар меомад, - аз овони кӯдакӣ қисса оғоз кард Зебонисо Шерализода. – Аз як тараф, дилам ба он ҷавони гумроҳ сӯхт, ки кош ислоҳ меёфт…
Маълумоти ибтидоиро дар МТМУ №1 гирифта, таҳсилро дар МТМУ №20 –и ноҳияи Кӯшониён идома дода, бехабар аз шебу фарози пайроҳаи зиндагӣ ба сар мебурд. Онҳо шаш хоҳару ду бародар буданд ва Зебонисо, ки аз корҳои субҳона рӯбучини хонаву саҳни ҳавлиро ба уҳда дошт, дар даст ҷорӯбу дар каш китоб лаҳзаи фориғ ҳамеша саргарми мутолиа буд.
Гарчанде дар русуми хонаводагии онҳо иҷозаи таҳсили олии духтарон он сӯ истад, касе иродаи кушодани ин мавзуъро дар ҳузури зодмандон надошт, Зебонисо дар масири расидан ба қуллаи мақсуд ба ҳама мушкилу монеаҳои бузург тоб меовард.
- Соли хатми таҳсилоти миёнаи умумӣ ба нооромиҳо дар минтақа рост омад, ки мардум ҳатто довталабии ҷавонписаронро ба муассисаҳои олӣ ба вақти дигар мегузоштанд,- ба ёд меорад судяи суди шаҳри Бохтар Зебонисо Шерализода. – Парастории тифли навзоди хоҳарбузургам сабаб шуду барои идомаи истиқомат ба шаҳри Бохтар омадам. Боре аз назди идораи суди вилояти Хатлон гузаштанамон оҳи сард кашидаму хоҳарбузурги рамузфаҳмам ба дугонааш Шавқинисо, ки дар шафати бинои суд сукунат дошт, аз орзуву ормонҳои ман қисса кард. Маҳз ба маслиҳату миёнаравии ҳамин бонуи равшанзамир, ки дар суди вилоят басти кории коргузор холӣ будааст, маро нахустин дидору ошноӣ бо собиқадори мақомоти мазкур Сайфиддин Пиров муяссар гардид.
Бад-ин минвол, тамоми нақшаву тас¬мимгириҳо бобати таҳсил дар факултаи ҳуқуқшиносӣ ва ҳатто масъалаи оиладор шуданамро ба таъхир гузошта, фаъолияти худро ҳамчун коргузори судӣ оғоз бахшидам. Шӯру илҳоми омӯзаҳои илми ҳуқуқшиносӣ ва завқи мушоҳидаву таҷрибаомӯзӣ назди судяҳои соҳибтаҷриба маро ба мурофиаҳои судӣ ҷазб мекард, ки қариб ҳар рӯз дар толорҳои суди вилоят доир мешуд.
Донишу маҳорати коргузорӣ ва ишқу муҳаббати бузургамро ба пешаи додгоҳӣ дида, билохира судяи номвар Муҳаббат Азизова ба аёдати зодмандонам рафта, барои дохил шудани ман ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ризоят хос¬танд. Ташрифи бонуи машҳури вилоят ба хонаи мо ва замонат додани ӯ, ки духтарашон бо сари баланд Донишгоҳро хатм карда, сазовори мақоми ифтихорӣ мегардад, барои падарам ғайричашмдошт буд. Ҳамин тавр, бо таманниёту умедвориҳо зодмандону роҳбарияти мақомоти суди вилоят маро ба амалӣ намудани орзуҳои бузургам ҳидоят карданд. Илова бар ин, давоми солҳои раисии суди вилояти Хатлонро ба зимма доштанашон Муҳаббат Азизова бо мақсади омода намудани кадрҳои ҷавони мақомот ҳафтае ду маротиба барои кормандони котиботи маҷлиси судӣ дарсҳои омӯзишӣ мегузаштанд. Самараи хуби заҳматҳои ҳидоятгари мо дар ин ҷода буд, ки соли 2014 аз миёни 10 нафар котибони маҷлисҳои судӣ 3 тани мо соҳиби мақоми коромӯз-судя гардидем, - мегӯяд Зебонисо Шерализода.
Гузори солиёни шабзиндадориву ҷидду ҷаҳди илму донишандӯзӣ ва таҷрибаомӯзиҳо назди додварону ҳуқуқдонҳои донишманд ӯ дар зинаҳои котиби чопгар, котиби маҷлиси судӣ, котиби коллегияи судӣ, мудири шуъбаи коргузорӣ, ёрдамчии раиси суди вилояти Хатлон таҷриба омӯхтаву обутоб ёфта, баъди таҳсилоти коромӯзӣ соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ба вазифаи судяи суди ноҳияи Кӯшониён таъин гардид.
Хушзеҳниву ҳофизаи фавқулода қавӣ, фидокориву гомҳои устувори ӯро дида, падари сахтгиру дурандеш аз хостгорон хоҳиш намуд, ки беҳтар аст андешамандона тасмим бигиранд, ки онҳо танҳо ба шарти идомаи фаъолияти касбӣ духтари таҳсилдидаашонро ба шавҳар медиҳанд. Ба бахти Зебонисо хушдомани оқилу меҳрубонаш Моҳифайз Боронова сунҳорашро баробари фарзанди аслӣ дӯст дошта, сарбориҳои оиларо ба уҳдаи худ гирифт, то арӯси ҷигарбандаш дар ҷодаи касбӣ рушду пешрафт дошта бошад.
- Тули ҳашту ним соли фаъолият дар вазифаи судяи суди ноҳияи Кӯшониён ва инак, ҳамчун судяи суди шаҳри Бохтар муҳимтарин марҳилаи фаъолияти касбиам маҳсуб меёбад, ки дар радифи ифои ин вазифаи муқаддас ва ҳаҷми кори зиёд дар самти баррасии парвандаҳо, ҳолиё, ба дарки амиқи ҳикматҳои аз устодон шунидаам расида истодаам, ки судя шудан аз он лиҳоз осон нест, ки раҳнаварди ин ҷода вақти барои худ зиндагӣ кардан надорад. Шояд ба далели сарбориҳои нотамому тавону иродаи бузург дар баррасиҳои оқилонаву одилонаи парвандаҳои судӣ аст, ки бузургони риштаи ҳуқуқшиносӣ гуфтаанд; «Луқмаи фурӯмебурдаи судяи одил таъми талх дорад,»- андешамандона иброз медорад Зебонисо Шерализода.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
шаҳри Бохтар