19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

«Муқовимат бо коррупсия кори дастаҷамъист»

 

F 311

 Муқимӣ Нигора Аминзода хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, фаъолияташро дар мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2010 оғоз намудааст. Тули ин муддат дар мақомоти мазкур вазифаҳои сардори котибот, муовини сардори раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма, муовини сардори раёсати кадрҳо фаъолият бурда, алҳол сардори Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентӣ мебошад.

Вазифадорем, ки…

Аслан дар оғози суҳбат бо ҳар нафаре, агар дар мавриди фаъолияти корӣ сухан оғоз шавад, ҳатман мепурсанд: «Дар Агентӣ вазифаи шумо аз чӣ иборат аст?» Албатта, чун дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифаҳои хизматӣ дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, ба мисоли Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодексҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, мурофиаи маъмурӣ, ҷиноятӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва ғайра роҳандозӣ шудааст.

Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ мунтазам мулоқоту вохӯриҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар, конфронсҳо анҷом дода, таҳияи мақолаҳои зиддикоррупсионӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ нашр намуда, тавассути радио ва телевизион, инчунин, сомонаи расмии мақомот баромади кормандони Агентӣ дар ин мавзуъ роҳандозӣ шудааст. Гузарондани корҳои таҳлилӣ ва мониторинги вазъи муқовимат ба коррупсия, роҳандозӣ намудани чорабиниҳо дар самти таълиму тарбияи зиддикоррупсионии шахсони мансабдори давлатӣ ва ба онҳо баробаркардашуда (ташкили курсҳои омӯзишӣ ва тренингҳо), омӯзиши вазъи содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва таҳлили самаранокии чораҳои муқовимат ба коррупсия, гузарондани тадқиқотҳои сотсиологӣ оид ба арзёбии вазъи коррупсия дар кишвар, ошкор ва баррасии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ба коррупсия алоқаманд ва ғайра аз қабили вазифаҳои хизматии кормандони Агентӣ мебошад. Амалӣ гардидани ин вазифаҳо, яъне огоҳсозӣ, пешгирӣ ва ошкору аз байн бурдани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда омили аз байн бурдани коррупсия хоҳад шуд.

‹ Коррупсия - мушкили рӯз

Воқеан, имрӯз коррупсия ба яке аз муш¬килоти глобалӣ табдил ёфтааст ва мавҷудияти он боиси фалаҷёбии шохаҳои ҳокимият, давлат, ҷомеа ва оила мебошад. Бартараф намудани ин мушкил танҳо кори корманди масъул ба ин самт набуда, бояд бо коррупсия дастҷамъона мубориза бурд. Аз ин рӯ, ҳар як фарди бонангу номуси миллат уҳдадор аст, ки баҳри паст кардани шиддати коррупсия бетараф набошад.

Интизоми наку, дили пок ва, пеш аз ҳама, иродаи идора карда тавонистани нафсу ҳирс чун василаеанд, ки тариқи он метавон бо чашми ақл муқовимат бо коррупсия намуд.

‹ Қӯшуни хурде бо қувваи бузург

Дар баробари иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ, ки созмони ҷамъиятии Шурои занон таъсис дода шудааст, роҳбарии онро ба уҳда дорам. Фаъолияти созмони мазкур дар асоси Низомнома аз соли 2021 роҳандозӣ шуда, сиёсати давлатиро оид ба ҳифз ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои зан ва оила, ки ба муҳайё сохтани шароитҳои баробар барои амалӣ гардидани ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва ба даст овардани баробарии гендерӣ, васеъ намудани доираи иштироки занҳо дар ҳалли вазифаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва идораи корҳои ҷамъиятӣ равона гардидааст, амалӣ менамояд.

Алҳол, дар Агентӣ 22 нафар зан чун хизматчии давлатӣ фаъолият дорад. Барои бонувон роҳбарияти Агентӣ шароити хуби кориро фароҳам оварда, тариқи ҳавасмандгардонӣ ва кумакҳои иҷтимоӣ дастгирӣ менамояд.

Ба ақидаи бархе аз коршиносони самти ҷомеашиносӣ ҳар қадаре занон ба мақомоти давлатӣ бештар ҷалб гарданд, дар он давлат ҳамон қадар коррупсия коҳиш меёбад. Воқеан, аз таърихи давлатҳое, ки дар кори муқовимат ба коррупсия муваффақ гаштаанд, назар афканем, аз 40 то 72 дарсад хизматчиёни давлатии онҳоро занон ташкил медиҳанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ солҳои охир ҷалби занон дар хизмати давлатӣ ва теъдоди занони роҳбар бамаротиб афзудааст.

Бонувони Агентӣ чун як қӯшуни хурд ва неруи бузургеанд, ки қувваи худро муттаҳид намуда, ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, алалхусус муқовимат ба коррупсия ва таъмини осудагии ҷомеа равона сохтаанд.

АНОҲИТО

:.  Ҳуқуқ 01.02.2023 07:15 559

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz