Қарорҳои таърихӣ ва сарнавиштсози Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини сулҳ, ваҳдати сартосарӣ, ризоияти миллӣ, оромию субот дар ҷомеа, хомӯш кардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, аз вартаи нестӣ ва парокандагӣ наҷот додани давлату миллати тоҷик, бунёди рукнҳои давлатдорӣ, қабули Конститутсия, зинда гардондани ҳофизаи таърихӣ ва рушди бемайлони ҳамкориҳои байналмилалӣ нақши бағоят муҳим гузоштанд.
Иҷлосияи мазкур сароғози пешравию дигаргуниҳои соҳаҳои афзалиятноки фаъолияти давлатӣ маҳсуб меёбад. Аз ҷумла, масъалаи дастгирии занон ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа дар солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфта, соҳаи мазкур мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҷойи ифтихор аст, ки занон дар баробари ба ҷо овардани рисолати аслии худ - устувор гардондани оила, тарбияи шоистаи фарзандони баодобу соҳибмаърифату банангу номус, ватандӯсту худшинос, инчунин, бо заҳмату талошҳои пайгиронаи худ дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳми босазо мегузоранд.
Маҳз ба шарофати касби Истиқлоли давлатӣ дар самти арҷгузорӣ ба мақому манзалати зан таҳаввулоти азим ба вуқуъ пайваст. Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан – модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳоро фароҳам овард ва бонувони боазму иродаро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд. Хурсандибахш аст, ки дар симои занон миллати тоҷик инсонҳои дорои фарҳанг ва ахлоқи воло, занони ҳалиму хоксор, хушодобу закӣ, бонувони зебову иззатманд, модарони мушфиқу ғамхор ва сиёсатмадорони муваффақро мешиносад. Занону духтарони иззатманди тоҷик имрӯзҳо миёни доираҳои гуногуни сиёсӣ ҳамчун сиёсатмадори варзида маҳбубият пайдо намудаанд.
Имрӯзҳо бонувон баробари мардон номуси ватандориро бар дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонда истодаанд.
Бо мақсади таъмини иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва идоракунии давлат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд, ки онҳо барои баланд бардоштани мақоми зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд. Дар ин давра вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии занон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти занон, инчунин, проблемаҳои вобаста ба сиёсати демографӣ, танзими расму анъана ва оинҳои мардумӣ як силсила асноди меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расиданд.
Дарвоқеъ, қабули санадҳои муҳим ба беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавии хонаводаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, омода кардани кадрҳои боистеъдод аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳтар намудани вазъи сиҳатии модару кӯдак замина гузоштанд. Аз дигар тараф, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои амалӣ шудани ташаббусҳои шоистаи онҳо заминаи воқеӣ фароҳам меоранд.
Занону духтарони тоҷик аз он ифтихорманданд, ки зимни суҳбату вохӯриҳои хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа, тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занону духтарони болаёқат, инчунин, дастгирии ташаббусҳои бонувон дар самтҳои гуногуни ҷомеа, ғамхорӣ нисбат ба оила таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои созгор ва арзандаи паҳлуҳои гуногуни фаъолияти занон пешниҳодҳои мушаххасу асоснокро ба миён мегузоранд.
Аз он сарфарозу шарафмандем, ки зан ҳамчун неруи пешбаранда ва қишри фаъоли ҷомеа дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат бо дарки масъулияти баланди кордонӣ, қобилияти фавқулодаи ташкилотчигӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои Истиқлоли давлатӣ ва воло шумурдани манфиатҳои миллӣ софдилона заҳмат мекашанд.
21 декабри соли 2021 зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид доштанд: «Нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд. Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд».
Яке аз арзишмандтарин хизматҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибихтиёрии давлатӣ дар самти дастгирии занон ин ҷудо намудани Квотаи президентӣ барои духтарони кӯҳистон дар мактабҳои олии кишвар ба ҳисоб меравад. Ин иқдоми наҷибона барои боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ ва босавод гардондани занон мусоидат намуд. Аз оғози ҷорӣ гардидани Квотаи президентӣ беш аз 11500 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон бо истифода аз ин имконият ба мактабҳои олӣ дохил шуда, баъди гирифтани ихтисос дар соҳаҳои гуногун машғули фаъолият мебошанд.
Ҷавобан ба ғамхориҳои рӯзафзун ва бемисли Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадорем, ки бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва қарзи инсонӣ тамоми нерую ғайрат ва кӯшишу заҳмати хешро барои ҳифз, нигаҳдошт ва таҳкими дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, ваҳдат, манфиатҳои миллӣ ва таъмини ояндаи дурахшони Ватани маҳбуб равона созем.
Н. Б. ХОҶАЕВА,
устоди факултети ҳуқуқшиносии
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон