Дар ҳарбу сангарҳои сарнавиштсози ҳама давру замон паҳлуи мардон бонувон низ бо ҷорату матонати хос корномаҳо нишон додаанд. Фаъолияти занону духтароне, ки дар мақомоти низомии кишвар ифои вазифа менамоянд, шоистаи таҳсину ситоишанд. Яке аз онҳо Ҳангомаи Абдуғаффор, лейтенанти калони милитсияи Раёсати тафтишоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурист, ки ҳамчун сардори котибот пайи иҷрои вазифа мебошад.
Фаъолиятро дар ин ниҳод аз соли 2015 аз Раёсати нозиротӣ-ташкилӣ шуруъ намуда, ҳамакнун дар ҳуҷҷатнигории парвандаҳои ҷиноятӣ ва рафти тафтишот масъулият зоҳир месозад. Миёни ҳамкорон эҳтироми хоссаро доросту сазовори эътибори ҳамагон. Баробар бо ҳампешагон бо шунидани бонги изтироб дар муҳлати муайяншуда ба хидмат ҳозир мешавад. Дар иду ҷашнвораҳое, ки бо гузашти паради ҳарбӣ сурат мегиранд, ситораҳои рахшони сари китфони Ҳангома дар сафи аввал медурахшанд. Бо болобаландӣ ва симои зебои тоҷиконааш ӯ дар гузаштҳои низомӣ пешоҳанг аст, ки бовиқору боифтихор қадамҳои устувор мениҳаду баҳри ифои вазифаҳои хидматӣ мудом омода аст.
Модар - такягоҳ
Ӯ ба танҳоӣ бори вазнини зиндагӣ мекашад - модари ранҷур ва се писари ноболиғу додаракашро парастор аст. Аз издивоҷи иҷборӣ бо писари хола ду фарзанди солим ва як мариз ба дунё овард. Имтиҳони зиндагӣ барои Ҳангомаи ҷавон сангин омад. Тифлаки маъюбро ҳанӯз рӯи даст нагирифта, аз бозуи бахт маҳрум гашт, аммо камар маҳкам басту масали маъруфи Шайх Саъдиро баръакс сутуд: «Бозуи сахт беҳ зи бозуи бахт». Модар бо дили бузург ва духтар бо иродаи қавӣ тавонистанд ба маҷ рои зиндагӣ ворид ва сипари боэътимоди кӯдакон гарданд. «Хон, бачам, кор кун, пуштибону такягоҳи фарзандонат шав. Аз кӯдакон хавотир мабош, то рӯзе ҳастам, нигаҳбон хоҳам буд», - гуфт модар ба Ҳангома. Гуфтаҳои модар ба духтар тавон ва руҳу равон бахшид, то ба арсаи зиндагӣ гомҳои устувор ниҳад.
Соли 2015 ба факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷ икистон ба номи Садриддин Айнӣ шомил шуда, онро соли 2020 поён бурд. Бо ин иктифо накарда, ҳамон сол ба Академияи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ҳуҷҷат супурд ва ҳоло соли сеюм аст, ки дар факултаи ҳуқуқшиносӣ таҳсил дорад. Ба чизе, агар муваффақ гашт, маҳз дастгириҳои модар буд. Бидуни ӯ наметавонист се фарзандро ба танҳоӣ ба воя расонад. Модар тарбия ва нигаҳбонии кӯдаконро бар дӯш гирифту раҳи имкониятро ба рӯи духтар фарох кушод. Хатои худро дарк кард, ки никоҳи хешутаборӣ азизони дилро аз ҳам ҷ удову умре ба ҳамдигар бегона мегардонад.
Ниҳолакон
Писари бузурги Ҳангома - Амирҳамза дар син- фи 7, Тавоно дар синфи 4-уми мактаб мехонанд. Онҳо масруфи шоҳмотбозиву футболу забономӯзӣ буда, дар таҳсил низ хеле фаъоланд. Ташаббус кориву матонатро фарзандон аз модарашон омӯхтаанд. Баҳои аъло ва шодию нишоти писарон қалби Ҳангомаро ба туғён меоранду гоҳо хаёлан писари хурдиро аз беморӣ вораставу мисли бародаронаш тансиҳат ва дар шитобу нишот мебинад. Бо вуҷуди серкорӣ Ҳангома ба тарбия ва таълими фарзандон таваҷҷуҳ намуда, аз рафти таҳсили фарзандон воқиф мегардад. Эътимоди ӯ ба фарзандон муҷ иби масъулиятшиносии онҳо гардидааст.
Сари хони тоҷикона модару духтар ба кӯдакон аз таърих, забон ва адабиёти пурғановати ниёкон қиссаҳо карда, бад-ин васила хештаншиносиро дар фарзандон тарбия ва равони онҳоро сӯи равшанӣ раҳ месозанд. Ҳангома кинаву бухлу ҳасадро бадтарини хислатҳои одамӣ медонад ва масали «Ҳасудро боғаш ҳаргиз сабз нагардад ва агар сабз гардад, самар надиҳад»-ро пайваста ба фарзандон талқин месозад.
Матонат
Боре барои лоиҳаи созмоне алайҳи хушунати хонаводагӣ симои духтари зебои тоҷ икро меҷ устанд, то рӯи лавҳаҳои бузургро дар шаҳру навоҳии мамлакат зеб диҳад. Диққати роҳбарияти Вазорат аз миёни духтарони ин ниҳод ба Ҳангома иттифоқ уфтод.
Ҳамин тавр, лавҳаҳои бузурги пойтахтро симои зебои ӯ бо чашмони шаҳло зеб медод. Ҳангома ҳеҷ гоҳ аз мушкилиҳо намегӯяду пеши касе бечоранолӣ накардааст. Ӯ дар талоши зиндагист, дар талоши ҳаёти сазовор. Агарчи ҷинси латиф аст, дар матонату устуворӣ ва сабру таҳаммул метавон ӯро дар радифи мардон ихтисос дод. Ба неруи зеҳниву идроки худ такя карда, зарбаҳои сахти тақдирро бо матонати хос таҳаммул менамояд. Мегӯяд, ки мушкилиҳо, муаммоҳои сарбастаи зиндагӣ ва зарбаҳои тақдир касро обутоб медиҳанду сабақ меомӯзонанд. Ба ҳар кор, чи дар хона ва чи дар коргоҳ, масруф гардад, бо сидқ ва самимият тамоми неруи хешро сарфи он менамояд. Бешак, метавон гуфт, ки оҳанинирода асту пеши мушкилиҳо сарболо ва сазовори доштани ситораҳои зарҳалини сари китф бо рутбаи лейтенанти калони милитсия. - Падидаҳои номатлуби ҷомеа, аз қабили гара- видани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ ҳаёти онҳоро барбод дода, доғи амиқе ба қалби пайвандон мегузорад. Наврасону ҷ авонон набояд фирефтаи ақидаҳои махуфи гурӯҳҳои ифротиву тундгаро гарданд, балки баҳри баланд бардоштани савияи дониши хеш ҷаҳду талош варзанд, то дар зиндагӣ соҳибкасбу соҳибобрӯ гарданду фарзандони содиқи Ватан бошанд, - мегӯяд Ҳангома. Ӯ ба фаҳму идрок ва неруи хеш бовар дораду пайваста барои осудагӣ ва фароҳам овардани шароити созгору ҳаёти сазовори ҷ авонони кишвар талош меварзад. Ҳангома хушбахту саодатёр аст, ки аз шаҳди замони соҳибистиқлолӣ чашидан дораду аз дастгириҳои ҳамвораи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдор, ки ба масъулиятши- носии бонувони кишвар эътимоди комил доранду барои рушди фаъолияти онҳо дар тамоми соҳаҳо, бахусус дар вазифаҳои роҳбарӣ имкониятҳои васеъро фароҳам овардаанд. - Мо шоҳиди воқеии ободиву оромии кишвар ҳастем. Ташаббусҳои созандаи Ҳукумати ҷ умҳуриро бо чашми сар мебинему аз ҳавои софу беғубори мамлакати озоди соҳибистиқлол нафас мекашем. Бонуи тоҷ ик имрӯзҳо метавонад бе ягон бим, ҳатто шабона, озод дар кӯчаҳо гаштугузор намояд, дониш андӯзад ва дилхоҳ орзуҳои хешро амалӣ созад. Модарам аз солҳои нобасомони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки ман хурдсол будам, қисса мекунанд, ки шабу рӯз шими мардона медӯхту онро бо ду-се нон бадал карда, даруни сатил меандохту пинҳонӣ ба хона меовард. Аз азобу уқубатҳои зиёде мегуфт, ки ба фаҳми мо, ҷ авонони замони соҳибистиқлолӣ афсонаро мемонад. Моро зарур аст, ки аз имкониятҳои густурдаи ин айёми рифоҳу амн баҳравар гардем ва аз сидқ заҳмат ба бор бурда, сазовори боварии ҳамагон бошем, - аф- зуд Ҳангомаи Абдуғаффор.
Ситора АШӮРОВА