Саидзода Зулфия соли 2005 бо ихтисоси ҳуқуқшинос Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуд. Аз соли 2010 дар Суди иқтисодии вилояти Хатлон ва аз соли 2017 дар Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ҳамчун судя фаъолият дорад. Суҳбати мо бо бонуи ҳуқуқдон аслан дар самти масъалаҳои иқтисодӣ сурат гирифт. Бомаҳорат ва боҳарорат аз кори хеш ҳарф мегӯяд. Одилона ҳукм мехоҳад, то иштибоҳе монеи рушди самтҳои иқтисодӣ дар кишвар нагардад.
Инак, фишурдаи он суҳбат.
Аз оғози суҳбат дарк намудам, ки ҳар чӣ мегӯед, такя бар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доред ва дар асоси он суханони хешро маънидод менамоед… - Бале, Конститутсия китоби рӯимизии ҳар ҳуқуқшинос аст ва маҳз такя ба он дигар санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла кодексу қонунҳо вобаста ба самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа рӯи кор омадаанд. Боре дар яке аз сомонаҳои кишвари Россия мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хонда будам, ки чунин нигошта буданд: «Ҳуҷҷати тақдирсоз - Конститутсияи кишвар, ки дар давлатҳои ИДМ яке аз аввалинҳо шуда, ба таври раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва ба бунёди давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ замина гузошт, яке аз арзишмандтарин ҳуҷҷатҳо дар замони соҳибистиқлолии давлати Тоҷикистон мебошад». Воқеан, Конститутсия ба ҷараёни инкишофи давлати ҳуқуқии мамлакат таъсири амиқ расонд. Азнавсозии демократии миқёсан васеъ, ислоҳоти тамоми системаҳои ҷамъиятӣ – сиёсӣ ва ҳуқуқиро бе Конститутсия амалӣ кардан ғайриимкон мебуд. Баъди қабули Конститутсия, соли 1994 барои гузариш ба муносибатҳои бозорӣ дар ҷумҳурӣ барномаи ҳаҷман васеи ислоҳоти иқтисодӣ роҳандозӣ шуд. Соли 1995 амалӣ намудани ин барномаи навташкилкунии иқтисодӣ оғоз гардид, ки мақсади асосии он гузариш аз банақшагирии марказонидашуда ба иқтисоди бозорӣ мебошад.
-Он замон, ки фаъолияти соҳибкорӣ барои кишвар шуғли нав буд, барои ривоҷу равнақ ёфтани иқтисоди бозорӣ ва ин самт аҳамияти хосаю муҳимро тақозо дошт. Ва албатта, шарти аввал мавҷуд будани қонунгузорист, ки танзими фаъолияти соҳибкориро мебоист ба роҳ мемонд. Пас, ин кадом қонунгузориҳо буданд?
Воқеан, дар моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуногуншаклии моликиятро ҳамчун асоси иқтисодии Тоҷикистон эътироф намуда, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро аз тарафи давлат кафолат додааст. Албатта, барои равнақ ёфтани муносибатҳои нави иқтисодӣ, аз он ҷумла соҳибкорӣ, мавҷуд будани фақат Конститутсия кофӣ нест. Бо ин мақсад як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрӣ қабул шуд, ки яке аз онҳо Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар он шартномаҳои муносибатҳои нави иқтисодӣ инъикос гардидааст. Шартномаҳои наве, ки бо Кодекси граждании амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд, барои ривоҷу равнақ додани фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат менамояд. Гарчанде дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ибораи «шартномаи соҳибкорӣ» мавҷуд набошад
ҳам, вале дар як қатор моддаҳои Кодекси мазкур, ки ин ё он хусусияти шартномаи соҳаи фаъолияти соҳибкориро ифода менамояд, дар бораи шартнома ё уҳдадориҳо дар бораи баамалбарории фаъолияти соҳибкорӣ ё дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ сухан меравад. Дар ин замина Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба амал баровардани ислоҳоти судӣ низ асоси воқеиро гузошт. Маҳз дар моддаҳои он бори аввал дар бораи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардид, ки дар оянда ба ташкили судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гузошт. Соли 1995 зарурати такмили минбаъдаи қонунгузории мурофиавии хоҷагӣ ба миён омад ва ду санади нав, аз қабили Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Кодекси мурофиавиихоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд. Ин санадҳо асоси ҳуқуқии системаисохтори судӣ ва мурофиаи судии судҳои иқтисодӣ гаштанд. Онҳо табдил ёфтани собиқ арбитражҳои давлатиро ба мақомотҳои комили ҳокимияти судӣ ифода намуда, бори аввал салоҳияти баамалбарории адолати судиро аз рӯи парвандаҳои хоҷагидорӣ ба зиммаи мақомоти судӣ гузошт. Алҳол, асоси ҳуқуқии системаи сохтори судӣ ва мурофиаи судии судҳои иқтисодиро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамоянд.
- Аз таҷрибаи чандсолаи фаъолияти судӣ, ки доред, аслан киҳо ба суди иқтисодӣ муроҷиат мекунанд?
Дар моддаи 26 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ба судҳои иқтисодӣ парвандаҳо оид ба баҳсҳои иқтисодӣ ва дигар парвандаҳое, ки бо амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ алоқаманданд, тобеияти идоравӣ доранд. Инчунин, судҳои иқтисодӣ парвандаҳоро оид ба баҳсҳои иқтисодӣ ва дигар парвандаҳоро бо иштироки шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, инчунин дар ҳолатҳои пешбиникардаи Кодекси мазкур ва дигар қонунҳо, бо иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот, шахсони мансабдор, воҳидҳое, ки мақоми шахси ҳуқуқиро надоранд ва шаҳрвандоне, ки мақоми соҳибкори инфиродиро доро нестанд, баррасӣ ва ҳ ал менамояд.
- Дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ ба ҳолатҳое, ки мухолифати кодекс ва қонунҳои амалкунанда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, рӯ ба рӯ шудаед?
- Дар таҷрибаи корӣ то имрӯз ҳолати мухолифати қодексу қонунҳоро, ки мухолифи Конститутсия бошад, вонахӯрдаам. Ёд дорам, ки замони коромӯзӣ дар Суди конститутсионии ҷумҳурӣ аризае буд, ки шаҳрванд дар мавриди мухолифати яке аз моддаҳои Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон норозигӣ баён намудааст. Вале ҳуқуқдонҳо дар асоси қонунҳои амалкунанда моҳияти онро мушаххас намуданд.
Мутаассифона, на ҳама шаҳрвандони кишвар аз Конститутсия ва мувофиқан
ҳуқуқҳои конститутсионии дар он зикргардида огоҳӣ доранд. Ба фикри шумо кадом чораҳо метавонанд барои ислоҳи ин вазъият ёрӣ расонанд?
Воқеан, вақте нафаре мехоҳад шаҳрвандии ин ё он кишварро дошта бошад ё иҷозаи иқомат дар хориҷро ба даст орад, ҳатман барои супурдани имтиҳон Конститутсияи ҳамон давлатро меомӯзад ва азёд менамояд. Пас чӣ бояд кард? Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро бо василаи вохӯриҳо ва гузарондани чорабиниҳои ҳуқуқӣ (на танҳо дар мавриди ҷашни Рӯзи Конститутсия!) мебоист баланд бардошт. Ҳамчунин, дар донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои олӣ, на танҳо дар баъзе факултаҳои гуманитарӣ асосҳои конститутсионӣ омӯхта шаванд, балки дар дигар факултаҳо низ ҳатман омӯзиши фанни асосҳои Конститутсияи кишвар роҳандозӣ гардад. Хуб мебуд, осорхонаи электронии таърихи конститутсионии Тоҷикистон созмон ёбад. Тариқи ин усул ба ҷавонону наврасон расондани маълумот тавассути технологияи муосир таъсирбахштар мебошад.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО