Чанде қабл, ахири моҳи сентябр дар маҷлисгоҳи КТН «Шарқи Озод» семинар барои журналистони ҷавон дар мавзӯи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» бо ташаббуси Шурои ВАО-и Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Интернюс доир гардид, ки банда низ дар машғулияти мазкур ширкат доштам. Хушҳол будам, ки тренериро бар дӯши журналисти ҳирфаӣ Раҷаб Мирзо ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сангин Гулов, ки дар факултаи журналистика садҳо шогирдонро тарбия намудаанд, вогузошта буданд.
Дар рафти машғулият, ки тӯли як рӯз идома ёфт, тренерон дар бораи таърих ва сабабҳои пайдоиши меъёрҳои ахлоқи журналистӣ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон, эҳтироми ҳаёти шахсӣ ва дигар ҳуқуқҳои инсон, саҳеҳияти маълумот ва муносибати боинсофонаву беғаразона бо манобеи маълумот, эҳтиром ба ҳуқуқи кӯдакон, ноболиғон ва афроди дорои маъюбият, эҳтиром ба ахлоқи миллӣ ва фарҳанги халқҳои дигар, вазифаҳои касбӣ ва принсипҳои асосии фаъолияти журналистӣ, мустақилияти сиёсати редаксионӣ ва амсоли инҳо маълумоти зиёде дода, аз воситаҳои аёнӣ, амсоли слайдҳо фаровон истифода бурданд. Тренерон тариқи суолҳои зиёде иштирокчиёнро ба андеша водор намуда, донишҳои эҳтимол ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаро метавон гуфт, ки дар зеҳни иштирокчиён дубора бедор намуданд.
Воқеан ҳам, надонистан ва ё фаромӯш кардани меъёрҳои ахлоқи фаъолияти журналистӣ, ба хусусиятҳои тафаккури миллӣ ва ҷомеа арҷ нагузоштан метавонад барои журналист оқибатҳои ногувор ва ҳатто хатарноки пешгӯинашванда орад. Риоя намудани меъёрҳои ахлоқӣ дар фаъолияти журналистӣ барои журналист ҳамчун дастовард буда, риоя нагардидани он камбудии журналист дар фаъолияти касбӣ хоҳад буд.
Дар рафти машғулият ҳамчунин таъкид гардид, ки баҳсу мунозира дар ВАО, бахусус дар матбуот аҳамияти ҷамъиятӣ дорад, аммо он ҳам бояд дар заминаи меъёрҳои ахлоқӣ сурат гирад. Баъзан чунин баҳсҳо аз доираи воқеият берун баромада, баҳсукунандагон на роҳҳои ҳалли масъала, балки ба дашному таҳқири ҳамдигар мепардозанд. Агарчи ҷонибдори меъёрҳои ахлоқиянд, ҳолатҳои риоя нагардидани онҳо дар матбуот баъзан ба мушоҳида мерасад. Риояи меъёрҳои ахлоқи журналистӣ барои ҳимояи шаъну шарафи журналистон мусоидат намуда, риояи ҳатмии он ба қаламдастон обруву нуфуз зам хоҳад кард. Гуфта мешавад, ки ВАО ҳатто дар лаҳзаҳои ҳассостарин набояд ҳамчун олати қасосу интиқом истифода шуда, афкори ҷомеаро хароб созад.
Дар рафти машғулият як ҷанбаи муҳими меъёрҳои ахлоқи журналистӣ таъкид гардид, ки он ҳам муносибати мунсифона ба манбаи иттилоот мебошад. Воқеан ҳам, ҳангоми ҷамъоварии маълумот тамаъҷӯӣ накардан яке аз принсипҳои асосии этикаи журналистӣ мебошад. Ва дар рафти машғулият аз ҷониби тренерон дар ин бобат ишораҳои зиёде карда шуд. Аз ҷумла, дар рафти фаъолияти журналистӣ тамаъҷӯӣ намудан ба ҳар васила – хоҳ маблағ рӯёнидан, хоҳ подошу мукофотҳои дигар хостан ва ғайра нуфузу эътибори касбиро таназзул медиҳад. Ба ақидаи ҷониб, дар ҳолати тамаъҷӯӣ симои журналист назди манбаи иттилоот ва қаҳрамон манфур ва дурушт ба назар хоҳад расид, ки борҳо низ мо шоҳиди он гаштаем.
Бо боварии том метавон гуфт, ки интизориҳои мо аз машғулияти мазкур бароварда шуда, дар фарҷоми семинар дар про-тест қайд намудам, ки чунин машғулиятҳои омӯзишӣ бояд бештар гарданд, то журналистон донишҳои андӯхтаи худро боз ҳам қавӣ гардонда, аз доираи салоҳияти хеш берун наоянд ва ба манфиати миллату ҷомеа хидмат гузоранд. Ташаккур, ба дастандаркорони семинари «Меъёрҳои ахлоқи фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон».
Ситора АШӮРОВА