Дар «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» интишор гардидааст, ки маводҳои тиҷоратӣ бояд аз дигар мақолаҳо фарқкунанда ва нишонаи махсус дошта бошад, то хонанда дарк созад, ки ин мавод хусусияти рекламавӣ дорад. Бо ин роҳ мо эҳтироми хонандаро ба ҷо меорем ва вақти ӯро намегирем. Ба ин масъала дар тренинге, ки 22 сентябри соли ҷорӣ аз тарафи Шурои ВАО-и кишвар гузаронда шуд, устодон Раҷаби Мирзо ва Сангин Гулов барои иштирокчиён хеле возеҳ шарҳ доданд. Барои ман ҳамин нуқта ҷолиб намуд, ки ҳоло дар аксари мақолаҳои ВАО як хусусияти рекламавиро пайхас кардан мумкин аст. Ва журналист онро хеле пардапӯшона ба қалам медиҳад. Вале ҳастанд ҳолатҳ