Бо тадбирандешии хирадмандона ва сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи соҳибистиқлолии кишвар зан мавқеи шоистаи хешро дар ҷомеа касб кард.
Занони Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқ баробари мардон фаъолият менамоянд. Чуноне дар Паёми навбатӣ зикр ёфт: «Занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд».
Шумораи бонувон дар хизмати давлатӣ низ сол аз сол боло рафта, алҳол ба 4 ҳазору 518 нафар расидааст, ки 24,1 дарсади хизматчиёни давлатиро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, бонувон имрӯз дар ҷузъу томҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар баробари мардон заҳмат мекашанд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2021, яке аз бонувони муваффақ Саидвализода Барно Саиднабӣ ба рутбаи навбатии «генерал-майори милитсия» сарфароз гардид. Ӯ ҳисси масъулиятшиносиро дар муҳити хонавода аз падару модари меҳрубонаш омӯхтааст. Дар мактаб аъло мехонд ва қобилияти ташкилотчигияш ҳамон вақт аз назари омӯзгорони сахтгир пинҳон намонд ва ӯро ҳам сардори синф, дар синфҳои болоӣ ҳам раиси комсомол ва ҳам раиси шурои духтарони мактаб интихоб карданд.
Вай ҳанӯз аз овони наврасӣ дар муҳите тарбия ёфт, ки арзишҳои олии инсонӣ дар мадди аввал меистод. Падари бузургвораш Саиднабӣ Саидвалиев, ки мактаби олии ҳизбии шаҳри Москваро аъло хатм карда буд, котиби дуюми кумитаи ҳизби коммунисти вилояти Кӯлоб ва модари фариштахисолаш Моҳбону Шарифова омӯзгори мактаби миёнаи № 8-и шаҳри Кӯлоб буда, зиёда аз 40 сол ба фарзандони мардум донишу маърифату адаб омӯхт. Аз шаш фарзанди ин хонадон ду нафарашон, аз ҷумла номбурда низ мактаби миёнаро бо баҳои аъло ва медал хатм намуда, ҳама соҳиби маълумоти олӣ гаштанд.
Дар интихоби ихтисоси оянда таъсири хоҳарбузургаш Озода, ки дар факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил менамуд, нақши созгор бозид. Соли 1990 Барно ба факултети ҳуқуқшиносӣ шомил гашт, вале солҳои донишҷӯӣ ба давраи нооромиҳо рост омад, аз ин рӯ, таҳсили хешро дар шуъбаи ғоибона идома дод. Соли 1996 Донишгоҳро бо тахассуси ҳуқуқшинос хатм намуд.
Ҷасурию ғайрати ботиние, ки аз овони мактабхонӣ дар ӯ эҳсос мегардид, ӯро ба даргоҳи раёсати корҳои дохилии собиқ вилояти Кӯлоб овард ва соли 1992 ба ҳайси коргузори шуъбаи тафтишотии ин раёсат ба кор даромад. Вазъият дар кишвар, минҷумла шаҳри Кӯлоб хавфнок буд. Шабе набуд, ки куштор ё тирпарронӣ рух надиҳад. Барно аз рӯзҳои даҳшатбору пуртаҳлука ҳарос накард ва нахустин қадамҳо, малакаю таҷрибаи амалиро маҳз ҳамон шабу рӯзҳои фоҷиабор аз бар намуд. Ин амали ӯ ҷасорати аввалин милитсионерзанҳои тоҷик - Улуғбибӣ Саидова (модари Туҳфа Фозилова, Артисти халқии СССР ) ва Паттӣ Азизоваро ба хотир меоварад, ки дар солҳои пурошӯби босмачигарӣ (солҳои 20-уми асри гузашта), ки ҳатто мардон ҷуръати милитсионер шуданро надоштанд, онҳо либоси низомӣ ба бар карда буданд. Барно Саидвализода дар барқарор намудани ҳифзи ҳуқуқҳои давлат ва шаҳрвандон нақши муҳим гузошта, тафтиши парвандаҳои ҷиноятиро дар сатҳи баланди касбӣ анҷом медод. Дар қадамҳои аввал ва андӯхтани таҷрибаи корӣ устодонаш Ғоибназар Ҳабибов ва Раҷабалӣ Наимов роҳнамою мададгораш буданд.
Ҳамин тариқ, номбурда муфаттиши касбӣ шуда, дар ишғоли вазифаҳои хидматӣ зина ба зина боло рафт. Солҳои 1993–1995 муфаттиши шуъба (шаҳри Кӯлоб), 1995–1996 муфаттиши калони шуъба (собиқ шаҳри Қӯрғонтеппа), 1996–2002 муфаттиши шуъбаи тафтишотии раёсати корҳои дохилӣ дар нақлиёт (шаҳри Душанбе), 2002–2009 муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими ҳамин раёсат, 2009–2012 сардори шуъбаи тафтиши ҷиноятҳои марбут ба кофтукови ҷиноии раёсати тафтишоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ фаъолият намуд.
Бо ҳидояти модар аз пайи корҳои илмӣ – тадқиқотӣ шуд ва моҳи марти соли 2012 дар шаҳри Москва дар мавзуи «Масоили ҳуқуқӣ-ҷиноӣ ва криминологии афв дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ гардид.
Модараш, ки омӯзгор буд, тамоми имкониятҳои худро баҳри таълим ва ба камолрасонии фарзандони хеш сарф менамуд, то ки онҳо дар оянда ба Ватану миллати хеш содиқонаю софдилона хизмат намоянд. «Модар моро бо нӯги қаламу сӯзан калон кард, мегӯяд Барно Саидвализода дар ёдномааш бо унвони «Меҳрномае ба модарам» (Бонувони Тоҷикистон, 2022, январ, № 182).
Таҷрибаи корӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва донишу қобилияти Барно Саидвализодаро ба назар гирифта, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамеша бонувонро дастгирӣ менамоянд, ӯро муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012–2014), баъдан (2014–2017) муовини сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2017 бошад, роҳбарии ҳамин раёсатро ба ӯ бовар карданд. Баъдан муовини якуми сардор ва бо қарори Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 2020 сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Ин ниҳод, бо вуҷуди тозатаъсис буданаш, дар иҷрои вазифаҳое, ки бар дӯш дорад, гомҳои устувор гузошта, дар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ собитқадам гашт. Бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2018 - 2020 ва 2021 аз ҷониби иҷрочиёни мақомоти иҷро ба манфиати давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба маблағи 590 млн сомонӣ, 7,4 млн доллари ИМА, 53,6 млн рубли Федератсияи Россия, 1,5 млн. сӯми Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 49,9 ҳазор соми Ҷумҳурии Қирғизистон, 4500 евро, 1562 рубли Ҷумҳурии Беларус, 13,4 млн риёли Арабистони Саудӣ ва 200 ҳазор фунт стерлинги Британияи Кабир зиёдтар маблағ рӯёнида шудааст, ки далели масъулиятшиносӣ ва корро дуруст ба роҳ мондани роҳбари Хадамот мебошад.
Саидвализода Барно, бонуи зебову муаддаб, масъулиятшиносу заҳматқарин ҳамширае дар ҷустуҷӯ, такопӯи иҷрои босифати вазифаҳои ба уҳдадоштааш мебошад. Ӯ муҳаббат ба Ватан, хидмати софдилона ба халқу миллат, дарёфти илму дониш, эҳсоси масъулият ва дар хеш тарбия кардани хислатҳои ҳамидаю волои инсониро барои фард аз ҳама арзишҳо боло медонад.
Ин бонуи донишманд, болаёқат, дорои маданияти баланди муносибату муошират, ватандӯсту дар ҳифзи манфиатҳои миллату давлат содиқ буда, аз мактабу имтиҳонҳои ҷиддии кору зиндагӣ сарбаландона гузаштааст.
Генерал-майори милитсия Барно Саидвализода асоси тамоми муваффақиятҳояшро аз дастгириву ғамхорӣ, роҳнамоӣ ва сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ нисбат ба занону духтарон медонад.
А. РОЗИҚЗОДА,
генерал-майори милитсия