19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БОНУЕ БОҶУРЪАТ

 

Bonue-bojuratДаврони соҳибистиқлолии мамлакат бонувон ҳамчун қувваи пешбаранда ва як ҷузъи муҳимми ҷомеа эътироф гардида, иштироки онҳоро Ҳукумати кишвар дар ҳама ҷабҳаҳо, чи дар сиёсат ва иқтисодиёт, чи дар соҳаи ичтимоиёту маънавиёт ва мақомҳои ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои қудратӣ пайваста ҷонибдорӣ менамояд.

Яке аз бонувони бомаърифат, кордону муваффақ корманди Идораи нотариалии давлатӣ, мушовири адлияи дараҷаи «3» Диловара Салоҳиддинова мебошад. Ӯ дар шаҳри Бохтар аз соли 1987 пайи ифои вазифаи хеш аст. Фаъолияти пурсамари ин бонуи заҳматӣ чашмрас асту варо аксарият мешиносанду эҳтиромашро қоиланд. Ӯ солҳои зиёд дар идораҳои нотариалии давлатии вилояти Хатлон кор кардааст.

Фаъолияти меҳнатиаш соли 1987, пас аз хатми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз шудааст. Ҳамчун коромӯз дар суди халқии шаҳри Қӯрғонтеппа, ҳозира шаҳри Бохтар, аввалин соатҳои кориашро оғоз бахшидааст. Ҳамон ҷасорату меҳнатдӯстиаш буд, ки дере нагузашта бо фармони вазири вақти адлияи ҷумҳурӣ Шароф Маҳмудов ба вазифаи нотариуси давлатии идораи нотариалии шаҳр таъин шуд. Дар муддати кӯтоҳ фаъолияти пурсамараш ӯро соҳиби эҳтироми атрофиён намуд. Маслиҳат ва равиши корашро ба шогирдону ҳамкоронаш дареғ намедошт. Аз соли 1988 то 2009 дар ҳамин шаҳри бостонӣ меҳнат кард. Таҷрибаи ғании Диловара Салоҳиддинова боис гардид, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ то соли 2016 фаъолияташро идома бахшида, сипас ба шаҳри Бохтар баргардад.

Хушбахтона, ӯ аз уҳдаи каму костиҳои зиндагӣ баромада тавонист. Фарзандонро дар руҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ тарбия намуда, хизмати калонсолонро то кунун ба ҷой оварда истодааст. Солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ гаштааст. Аз ҷумла, дар он овон хонаашро оташ заданд, ки аз он чизе боқӣ намонд. Чанде нагузашта, бар асари нобасомониҳо падари фарзандонаш – Каримҷон Солиев бемор шуда, аз дунё гузашт. Диловара бо чор фарзанди ноболиғ монд. Аммо мардонавор думболи касбу кораш гардид. Бо ноадолативу нокомиҳо меразмид. Самараи фидокориҳояш дар кору зиндагӣ ӯро муваффақ гардонд. Имрӯз аз он меболад, ки дар муҳити кор аз тарафи ҳамкорону атрофиён эҳтироми хосса дораду дар муҳити оила фарзандони солиму боодоб. Имрӯз нуричашмонаш соҳибмаълумотанду дар риштаҳои гуногун фаъолият доранд ва аз тарбияи дурусти модар меболанд. Мижгона табиб, Парвина иқтисоддон, Мусо дандонпизишк. Муҳаммадҷон саъй дорад то давомдиҳандаи касби модар бошад. Айни ҳол донишҷӯйи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Идигул РАҶАБОВА,
рӯзноманигор

:.  Ҳуқуқ 03.02.2022 10:52 834

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz