Дар рӯзи ҷашни касбӣ чӣ хотираҳое, ки аз фаъолияти бисёрсола дошт, пеши назар ҷилвагар мешаванд. Мушкилу такодавҳо, шодиву нишоти марбут ба самти кор доштааш, ӯро ба фикр кардан водор месозанд. Шояд ёддоштҳояшро тагурӯ кард, ки баъди фурсате чӣ гуна ба самти ҳифзи ҳуқуқ рӯй оварданашро қисса намуд.
Қавиирода
Падараш, ки хизматчии ҳарбӣ буд, бо иваз шудани вазифа ва ҷойи кор пайваста макони истиқомати онҳо низ тағйир мехӯрд. Агарчи Гулнисо дар шаҳри Норак чашм ба олами ҳастӣ кушодааст, овони кӯдакиву мактабхониаш дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) пушти сар гардида.
- Ҳафт сол доштам, ки ба ин шаҳр кӯчидем. Падарам дар мақомоти корҳои дохилӣ кор мекард. Ба ин гуна кӯчбандиҳо одат намуда будем. Вале ҳар куҷое, ки ба сар мебурдем, бо худ хотираҳои нек гирифтаем, - лаб ба сухан мекушояд ҳамсуҳбатам.
Тасмим мегирад, ки пас аз хатми мактаби миёна донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов гардад. Бо ин ният ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи мазкур месупорад, аммо холҳояш намерасанд. Азмаш, ки дар самти илмомӯзӣ қавӣ буд, донишҷӯйи бахши ғоибонаи факултаи таърихи Институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко гардид. Дар баробари таҳсил, фаъолияташро ба ҳайси котиби шуъбаи маорифи вилояти Қӯрғонтеппа оғоз бахшид.
Бо вуҷуди он ки пешаи интихобкардааш писанди зодмандон буд, меҳри қавӣ ба касби ҳарбӣ баъди як сол ӯро ба раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят овард.
- Барои фаъолият дар ниҳоди қудратӣ волидон зид набуданд? - мепурсам аз ӯ.
-Азбаски қиблагоҳам сардиву гармии ин пешаро дида буданд, баъди каме андеша ба интихобам розӣ шуда гуфтанд: «Дар ин ниҳод кор кардан барои мардон ҳам осон нест, боз худат фикр кун». Қавл додам, ки сарбаландона адои вазифа менамоям. Дар оилаи мо қариб ҳама корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботанд. Бародарам подполковники милитсия, хоҳарбузургам капитани хизмати ҳарбӣ мебошанд, - иброз медорад Гулнисо Сафариева.
Исбот
Пас аз кор дар мақомоти дохилӣ ӯро коргузори Кумитаи комсомоли вилоят, баъдан, мудири шуъбаи умумии Кумитаи комсомоли вилояти Қӯрғонтеппа интихоб намуданд. Фаъолияташ ба солҳои вазнини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рост омад. Бо вуҷуди ин, бо камоли масъулият ба кор мерафту аз ҳисси баланди ватандӯстӣ ҳатто тарсро эҳсос намекард.
Маҳз замони харобиовари ҷанг ӯро ба шавҳар медиҳанд. Зиндагиро дар шаҳри Хоруғи ВМКБ ихтиёр мекунад. Дар ин миён факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Хоруғро ғоибона ба итмом расонда, як муддат ба ҳайси танзимгар корашро дар Донишгоҳи мазкур пеш мебарад. Вале ҳамоно ҳушу ёдаш пойбанди кор дар мақомоти қудратӣ буд.
Бо маслиҳати ҳамкоронаш тасмим мегирад, ки дар мақомоти гумрук худро бисанҷад.
-Он замон роҳбарии раёсати Кумитаи гумрукро дар Бадахшон Душанбе Халилов бар дӯш дошт. Вақте марҳилаи суҳбатро мегузаштам, норозиёна ба ман нигариста гуфт, ки дӯст намедорам то занон дар мақомоти қудратӣ кор кунанд. Манзурашон аз сахту вазнин будани кор дар ин ниҳод буд. Аммо, бароям шаш моҳ муҳлати санҷишӣ доданд. Бо сипарӣ гардидани муҳлат, рӯзе миёни издиҳоми кормандон дастамро фишурда табрик карданду хушҳолона аз сифати корҳои анҷомдодаам тавсиф намуданд. Он рӯз хушбахттарин рӯз бароям буд, - бо хушнудӣ ёд меорад рӯзҳои аввали кориашро дар мақомоти гумрук.
Фараҳманд аз он аст, ки тавонист исбот намояд, ки бонувон низ ба анҷом додани тамоми корҳои сангину вазнин қодиранд.
Кори саҳлу нозук
Корро ҳамчун нозири коргузори котиботи раёсати Кумитаи гумрук дар Бадахшон аз соли 1998 оғоз бахшида, дар зинаҳои нозири калони котиботи идораи гумруки Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Тоҷикистон, нозири калони котиботи раёсати минтақавии гумрукӣ, сарнозири котиботи раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ ва сарнозири шуъбаи пардохтҳои гумрукӣ ва назорати арзии раёсати мазкур ифои вазифа намудааст.
24 соли умри хешро сарфи ин пеша намуда, баҳри пешрафту нумуи соҳа ҷаҳду талош меварзад. Аз моҳи апрели соли 2017, сарнозири котиботи раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ таъин гардид.
Ба қавли Гулнисо Сафариева, агарчи фаъолият дар котибот ва кор бо ҳуҷҷатҳо ба чашм саҳл намоянд ҳам, лек вазифаи ниҳоят ҳассос асту ҷиддиятро талаб менамояд. Зеро баҳисобгириву қайди ҳуҷҷатҳои воридшуда ва талаби иҷрои он, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як идора маҳсуб меёбад, ки хунукназарӣ нисбат ба он, метавонад, ки корро ба ақиб кашад ва ё аз асли маълумоти ирсолшудаи дигар ниҳодҳо роҳбарият бехабар бимонад.
Оила
Агарчи мақому мартабаро дар ҷойи кор пайдо кардаву унвони подполковникиро мушарраф гардидааст, ифтихораш аз оилаи солиму шавҳари ҳалиму меҳрубон доштанаш аст.
- Ба ҳар зинае, ки шарафёб гардидаам, дастгирии шавҳарам эҳсос мегардад, ӯ шахси равшанфикр асту дар ҷодаҳои зиндагӣ ҳамфикру ҳамандеша, - мегӯяд бо хушҳолӣ Гулнисобону.
Ду духтари арзанда доранд. Калонӣ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии иқтисодии шаҳри Самараи Россия буда, алҳол таҳсилашро дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Олмон идома мебахшад. Дуюмӣ бо пайраҳаи падар рафта, касби омӯзгориро интихоб намуд. Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, аз забони англисӣ ба талабаҳои мактаби амрикоӣ дар шаҳри Душанбе дарс мегӯяд.
Бо ифтихору қаноат аз зиндагӣ орзуи хушбахтиву пешрафти фарзандонашро мекунаду мудом сари хон дуои модарона медиҳад. Таманно менамояд, то офтоби дурахшони сулҳу субот дар Тоҷикистон ҳамеша тобон бошад.
Бунафшаи АБДУРАҲИМ