Мусоҳиба бо судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилором Абдураҳимзода
Ҳар сол 6 ноябр дар кишвар Рӯзи Конститутсия таҷлил мегардад. Аз таърихи бахтномаи миллат бармеояд, ки аз қабули он 27 сол сипарӣ гаштааст.
Конститутсия ҳамчун рукни бунёдии озодии инсон ва таҳкимбахши арзишҳои соҳибистиқлолӣ муаррификунандаи давлати тоҷикон дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ мебошад.
Ва, ҳамчунин, волоияти Конститутсия дар меъёрсозӣ ва ҳифзи ҳуқуқ аз ҷониби Суди конститутсионӣ таъмин карда мешавад, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандонро кафолат медиҳад.
- Ба назари Шумо, вазъи қонунияти конститутсионӣ дар кишвар чӣ гуна аст?
- Аввалан, вазъи қонунияти конститутсионӣ аз он муайян мегардад, ки чӣ гуна мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, инчунин, шаҳрвандон, ташкилотҳо ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ меъёрҳо ва принсипҳои конститутсиониро риоя менамоянд. Мушоҳида ва ҳолатҳои омӯхташуда далели онанд, ки дар раванди қонунгузорӣ принсипҳо ва меъёрҳои конститутсионӣ риоя мешаванд. Ҳамчунин, волоияти қонун таъмин мегардад, самаранокии танзими конститутсионӣ ва ҳуқуқӣ меафзояд.
- Дар кадом ҳолат шахс ҳуқуқ дорад, ки бевосита ба Суди конститутсионӣ муроҷиат кунад?
- Шаҳрвандон субъекти асосии муроҷиат ба тамоми судҳо, аз ҷумла ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари мурофиаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, маьмурӣ, оилавӣ, иқтисодӣ, инчунин, мурофиаи конститутсионӣ низ мавҷуд аст, ки он ба ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии субъектҳои муроҷиат ба Суди конститутсионӣ равона карда шудааст.
Бинобар он Суди конститутсионӣ ҳамчун суди махсусгардондашуда барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ваколатдор мебошад. Шаҳрвандон нисбат ба қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки дар муносибатҳои муайяни ҳуқуқӣ -
парвандаи мушаххас аз тарафи мақомоти давлатӣ нисбаташон татбиқ гаштаанд ва аз нуқтаи назари онҳо ҳуқуқҳои конститутсионии онҳоро поймол кардаанд, ҳуқуқ доранд ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намоянд.
Мурофиаи Суди конститутсионӣ ҳамчун механизми муҳими ҳифзи ҳуқуқи инсон дар тамоми давлатҳои мутамаддин, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пазируфта шуда, мавкеи хосро доро мебошад. Яьне, фаъолияти Суди конститутсионӣ – ин суд аз болои конунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф ба шумор меравад.
- Қариб 30 сол аст, ки Шумо ҳамчун судя дар ҳокимияти судӣ ифои вазифа доред ва аз нигоҳи худ ба сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон чӣ гуна баҳо медиҳед?
- Даврае, ки сари кор омадам, замона ноором ва воқеан, дар ин самт фаъолият намудан низ хеле душвор буд. Тули ин солҳо эҳсос намудам, ки вақте бо халқ равон бошӣ, на танҳо соҳибэҳтиром мегардӣ, ҳамчунин, таҷриба зиёду дониш мукаммал мешаванд. Қонун баҳри беканор аст, ки ҳамаи онро аз худ намудан осон нест. Танҳо тариқи суолу ҷавоб ва омӯзиш метавон онро аз бар намуд. Ба василаи вохӯриҳо ва мубоҳиса бо шаҳрвандон на танҳо маърифати ҳуқуқии аҳолӣ баланд мегардад, ҳамчунин, соҳибкасб аз таҷрибаи ғанӣ бархӯрдор мешавад.
Солҳои нахустини фаъолият устодон ва судяҳои собиқадору ботаҷриба тавсия медоданд, то тариқи судҳои сайёр бо шаҳрвандон зуд – зуд вохӯриҳо доир намоем. Дар ҷараёни вохӯриҳо маълум мегашт, ки шаҳрвандон аз одитарин ҳуқуқҳояшон баҳравар нестанд. Яъне, агар дар мавриди маърифати ҳуқуқии шаҳрванди имрӯза баҳогузорӣ намоем, сатҳи дониши ҳуқуқии аҳолӣ сол аз сол боло рафта истодааст. Онҳо барои дифоъ аз ҳуқуқҳояшон то зинаҳои охирин талош меварзанд ва гоҳе дар даст қонуну кодекс ба қабули судяҳо меоянд. Ин далели он аст, ки шаҳрвандон қонунҳои амалкунанда ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф менамоянд.
- Дар мавриди омода намудани мутахассисони соҳа дар ҳокимияти судӣ чӣ андеша доред?
- Пешрафти ҳар соҳа ба мутахассисони кордону соҳибтаҷриба вобастагӣ дорад. Вале дар самти судягӣ чизе, ки бояд дар мадди назари аввал бошад, ин ҳаёти инсон аст. Яъне, ҳар парвандае, ки барои баррасӣ ба суд ворид ва ба судя вогузор мешавад, дар пушти он ҳаёти инсон меистад. Ва мебоист, ки парванда одилона ва адолатпарварона ҳаллу фасл гардад. Ҳалнома ё қарори суд бо таври оммафаҳм навишта ва пешниҳод шавад, ки ин ҳам аз корманди суд маҳорати баланд ва саводнокии комилро тақозо менамояд.
Дар ҳокимияти судӣ мутахассисони соҳа, ҳуқуқдонҳои пуртаҷриба зиёданд ва онҳоро қадр бояд кард. Ҳар яке мактаби бузургеанд ва маънии зиндагиро аз онҳо метавон омӯхт.
- Баҳри хонандагони маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» тавзеҳ медодед, ки Конститутсияи Тоҷикистон дар давоми 27 сол ба кишвар чӣ дод?
- Бо итминон метавон гуфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси воқеии ҳуқуқии рушди демократии давлати Тоҷикистон ва устувории ҷомеа гардид. Конститутсияи Тоҷикистон ба марҳалаи нави давлати ҳуқуқбунёди иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошта, имкон дод, ки стратегияи рушди устувор таҳия шавад. Волоияти Конститутсия асоси давлатдорӣ ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон, низоми ҳуқуқии миллӣ, фаъолияти мақомоти меъёрсозӣ ва ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Рушди бемайлони давлат, вазъи муътадили сиёсӣ, амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи озодиҳои шаҳрвандон маҳз тавассути ин ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ дар Тоҷикистон таъмин гардид.
Аз ин рӯ, бовар дорам, ки 6 ноябр, ин санаи тақдирсозро шаҳрвандон ҳамчун иди хосса таҷлил менамоянд. Итминони комил дорам, ки дар асоси Конститутсия раванди рушди демократия, ташаккули волоияти қонун дар Тоҷикистон пайваста ва самаранок сурат мегирад.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО