Соли 1993. Дар кишвар нобасомониҳо ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ доман мезаданд. Духтараки ҷавон, аммо бо хислати устувор, мардона бо роҳхат ба сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба кор омад. Он замон на ҳар кас ҷуръати кор дар мақомоти қудратиро дошт. Ҳамин устувориаш боис гардиду ӯро ба ҳайси муҳандиси бехатарии сӯхтор ба кор пазируфтанд.
Ҳанӯз аз овони мактабӣ орзуи либоси низомӣ ба бар гирифтанро дар дил мепарвард. Пайваста ба ҳамдарсону волидонаш мегуфт, ки пас аз хатми мактаб ҳатман донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносӣ мегардаду аз ҳуқуқи шаҳрвандон дифоъ менамояд. Вале хостаҳояш амалӣ нашуданд. Чун онҳо дугоник – Фотимаву Зуҳро буданд, хоҳиши падар буд, ки ҳар ду дар як факултет таҳсили илм намоянд, то пайваста канори ҳам бошанд.
Фотима, ки нияти шомил шудан ба факултаи филологияро дошт, ноилоҷ Зуҳро низ розӣ шуд. Лек бахт ба рӯи Фотима нахандид, ӯ аз имтиҳони забони англисӣ нагузашт. Алорағми хоҳиши худ, Зуҳро донишҷӯи риштаи филология гардид. Баробари хатми донишгоҳ, ба ӯ имконият даст дод, то орзуи худ – пӯшидани либоси низомиро амалӣ созад.
- Рӯзҳои аввали корӣ ниҳоят сангин буданд. Ҷон дар зери хатар ҳар лаҳза имкон дошт, ки аз ҳаёт маҳрум шавем. То поси шаб мебоист дар ҷойи кор бошем. Аз лиҳози ҷинси латиф буданам, сардорам ба ман имкон медод, ки бинобар сабаби бад будани вазъият, барвақттар ба хона равам. Дар кӯчаҳои шаҳр низ озод гаштугузор карда наметавонистем. Азбаски касбамро дӯст медоштам, ин ҳама мушкилиҳо дар пеши чашмам саҳл метофтанд, - ёд меорад рӯзҳои аввали кории хешро Зуҳро.
Пас аз як сол дар сарраёсати мазкур ӯро ба ҳайси нозир оид ба кор бо ҳайати шахсӣ таъин карданд. Муддати 10 сол дар ин мансаби пурмасъул ифои вазифа намуда, баъд корро дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ идома бахшид. Талош меварзид, ки аз мардон кам наояд. Тамоми корҳои ба зиммааш гузоштаро сари вақт ва босифат ба сомон мерасонд.
Зеро, қабл аз оғоз намудани кор дар мақомоти қудратӣ, медонист, ки дар ин ниҳод корҳои мардонаву занона вуҷуд надоранд ва мардону занон дар ин ҷо баробаранд. Занон бояд хислати мардона дошта бошанд, вагарна тоқат карданашон амри муҳол аст. Талабот барои ҳама як хел аст, новобаста аз ҷинсият.
- Дар назди худ ва барои худ мақсад гузоштам. Бояд дар азмам устувор бошам. Нозукиҳои пешаамро омӯзам. Ба дафъи тамоми мушкилиҳо омода гардам. Иродаи устувор ва меҳнати пайваста касро дар ҳама кор муваффақ мегардонад. Бо чунин принсип то ҳанӯз фаъолият мебарам, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Соли 2004 ӯро сардори котиботи раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи Вазорати корҳои дохилӣ таъин карданд. Ва ӯ тавонист, ки мақому мартабаи хешро дар ин ҷо низ пайдо созад.
Инак, 17 сол боз дар мақоми дохилӣ кор мекунад. Дар ин муддат бисёр чизҳоро дидаву омӯхта, таҷрибаи зиёде гирифтааст. Гузашта аз ин, ҷои хидмати ӯ осон нест. Аз як корманду коргари одӣ то ба раҳбарӣ расидан худ қаҳрамонист. Ӯ сирри муваффақ шуданашро дар ин касби пурмасъулу шарафманд, агар дар сабру таҳаммулаш бубинад, аз сӯи дигар дастгирии шавҳарашро низ кам намедонад.
Зуҳро мегӯяд, шавҳараш, ки худ марди низомӣ аст, ӯро хуб дарк кардаву дастгирӣ намудааст. Агарчи ҳоло дар нафақа бошад ҳам, ҳанӯз ҳам бо машварату маслиҳати ҳамсар мушкилиҳои пешомадаро паси сар менамояд. Ба қавли ӯ, агар мард пуштибону ёвари зан набошад, на ҳар зан метавонад, дар касби интихобкардааш муваффақ шавад. Алалхусус, фаъолият дар мақомоти қудратӣ бидуни дастгирии мард ниҳоят мушкил аст.
- Хушбахтона, шавҳару писарам бо ман ҳамфикранду дастгириам менамоянд. Барои мардон осонтар аст, чунки онҳо дар хона ҳамсар доранд ва тамоми корҳоро вай ба сомон мерасонад. Аммо барои занҳо душвор аст. Баъзан корро бо зиндагии хонаводагӣ якҷоя кардан душвор мешавад. Муҳимтарин сирри зиндагии муваффақонаи оилавӣ барои занони милиса шавҳаре мебошад, ки осоиштагиву оромиро дар хона пойдор созад. Агар дар хона оромӣ побарҷой бошад, пас, зан метавонад бо сари баланд вазифаҳои хизматиашро иҷро намояд, - иброз медорад ӯ.
Аз он меболад, ки имрӯзҳо теъдоди духтарон дар сохторҳои қудратӣ меафзояду аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои занон дар соҳаҳои гуногун ҷойгоҳи хос дода шудааст. Маҳз дастгириҳои Пешвои миллат аст, ки духтарони ғаюру ҷасур рӯ ба ниҳодҳои қудратӣ меоранд.
Ба андешаи Зуҳро Ёқубова, мардон ва занон ба ҳалли мушкилот ба таври гуногун менигаранд, ки ин як унсури муҳими иловагии ҳама гуна кор ва хусусан, дар мақомоти корҳои дохилӣ мебошад. Зеро мард стратегӣ фикр мекунаду зан тактикаи ҳалли масъаларо мебинад ва дар ҳамкории якҷоя, ҳадаф муваффақона ба даст меояд. Ҳамоҳангии фаъолият байни мардон ва занон корро боз ҳам такмил медиҳад.
- Бешубҳа, хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ мактаби олии ҳаёт аст. Зеро кор дар ин ҷо назар ба сохторҳои шаҳрвандӣ бамаротиб душвортар аст. Дар мақомоти қудратӣ ба соатҳои кории номунтазам бояд одат кард. Ҳама корро зуд, дар як муддати кӯтоҳ ва фавран мебояд анҷом дод. Дар ин самт далериву ҷасурӣ, пуртоқатӣ ва сабру таҳаммул мебояд, - афзуд подполковник З. Ёқубова.
Воқеан, ӯ бонуест сарсупурдаи касб, қавииродаву ҷасур. Дар навбати худ, ҳамсари мушфиқу меҳрубон ва модари ғамхор. Касбашро дӯст медораду бо ифтихор аз он ҳарф мезанад. Садоқат дар касбаш буд, ки то ҳанӯз бидуни гирифтани ягон танбеҳу огоҳӣ фаъолият дорад. Шукргузор аз он аст, ки бо инояти касб ва бо дастгириҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби хонаи истиқоматӣ низ гардидааст, ки чандин сол дар орзуяш буд. Аз осоиштагии рӯзгор, сулҳу амонии диёр ва соҳибистиқлолии кишвар меболад.
Шаҳдрезаи раҳмон