Ба модарони 75 навзод аз ҷониби шуъбаҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ВМКБ мустақиман дар зоишгоҳ шаҳодатномаи таваллуди фарзандонашон тақдим гардид. Дар давоми сол 210 навзод дар вилоят соҳиби шаҳодатномаи таваллуд шуд. Кормандони сабти аснод дар асоси қонунгузориҳои кишвар вазифаашонро бо масъулият ва сифати баланд иҷро менамоянду сари вақт асноди заруриро тартиб дода, ба соҳибонашон месупоранд.
Солҳои қаблӣ, бахусус дар мавриди соҳиби шаҳодатномаи таваллуд шудани атфол, мушкил ҷой дошт, ки бештар ба саҳлангории волидон ва кам андар кам ба сабабҳои техникии на ҳамеша мавҷуд будани варақаи махсус дар сохторҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳо марбут буданд. Дар маҳалҳои дурдаст ҳатто ҳодисаҳое ҷой доштанд, ки волидон танҳо ҳангоми ба синни балоғат расидан ва дар сурати зарурати шиносномагирии фарзандонашон, вақте шаҳодатномаи таваллуд талаб менамуданд, ба такопӯй меафтоданд.
Боло рафтани савияи ҳуқукии шаҳрвандон, таъмини саривақтии сохторҳои сабти аснод бо маводи зарурӣ ва куллан беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии мардум боис шуд, ки мушкилот дар мавриди сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар вилоят ҳалли пурраи худро ёбад. Ба бовари шаҳрвандон, таъин шудани ашхоси ҳуқуқшинос ба сардории шуъбаи раёсати асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ба таҳкими низоми барасмиятдарории аснод ва беҳтар шудани сифати кор мусоидат намуд. Хатмкардаи Академияи назди Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Маҳина Азизбекзода бо таҷрибаи ғании фаъолият дар сохторҳои қудратӣ ба вазифаи сардори шуъбаи асноди ҳолатҳои шаҳрвандии вилоят таъин гардид. Қаблан вай дар вазифаи муфаттиш ва сардори шуъбаи тафтишоти шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ худро чун корманди дорои саводи хуби ҳуқуқӣ ва масъулиятшиносу фаъол нишон дод. Дар вазифаи нав ин бонуи ташаббускор робита бо ҷомеаро таҳким бахшида, кормандони шуъбаҳоро сафарбар намуд, ки таблиғро тавассути воситаҳои ахбор ва дар шаҳру ноҳияҳо мулоқот бо сокинонро ба манзури фаҳмондани ҳуқуқу вазифаҳояшон дар мавриди ба расмиятдарории аснод густариш диҳанд.
Ҳодисаҳои поймол гардидани ҳуқуқи занон мушилоти дигар буд, ки сардор ба ҳалли он камар баст. Мавридҳое буданд, ки занон бидуни ақди никоҳи расмӣ ба шавҳар мебаромаданд ва, агар ба сабабе талоқ мегирифтанд, ҳангоми ҷудошавӣ дар таъмини ҳуқуқашон ба амвол дар мурофиаҳои судӣ мушкил пеш меомад. Айни ҳол чунин ҳолатҳо пурра аз байн рафта, дар дурдасттарин маҳалҳои вилоят ҳам асноди ақди никоҳ сари вақт тартиб дода мешавад. Ба ҳалли пурраи мушкилот ҳамкории самарабахши мақомоти маҳаллӣ бо намояндагони расмии динӣ ва мазҳабӣ мусоидат кард. Акнун ҳангоми никоҳи мусалмонӣ халифаҳо муваззафанд, ҳамчунин варақаи махсусро, ки ризоияти домоду арӯс бо имзояшон дар он сабт меёбад, пур намуда, ба ҷамоати деҳот супоранд. Чунин таҷриба имконияти издивоҷ бидуни ақди никоҳи расмиро аз байн бурда, монеи дузанагӣ мешавад.
Сардори сабти аснод аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки кормандони сабти аснод ва шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ба мақсади пойдор мондани оила бо навхонадорон пеш аз бастани ақди никоҳ ва ҳангоми аз ҷониби яке аз тарафҳо бо ариза муроҷиат намудан дар мавриди қонеъ гардондани талоқ суҳбатҳо мегузаронанд, вале мизони талоқ байни оилаҳои ҷавон ҳанӯз зиёд аст. Танҳо дар давоми шаш моҳи соли равон 93 мавриди бекоркунии ақди никоҳ ба қайди давлатӣ гирифта шуд, ки аз ҳама зиёд ба шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон ва Ванҷ рост меояд. Аз шумораи умумии бекоркунии ақди никоҳ 70 - тоаш тибқи ҳалномаи судӣ ҷорӣ гашт. Аз лиҳози равонӣ ҷӯр наомадан бо ҳам, омода набудани арӯс ба рӯзгордорӣ дар хонаи нав ва дар бархе ҳолатҳо ноқаноатмандии арӯс аз вазъи иҷтимоии шавҳар ва хонаводааш сабаби талоқ мегарданд.
Ба фикри Маҳина, бештари оилаҳо ба сабаби надоштани майлу хоҳиши шунидани ҳамдигар ва сабру таҳаммул пош мехӯранд. Ҳол он ки шахси хирадманд ва меҳрубону масъулиятшинос бояд фазилати бахшидану гузашт кардан дошта бошад. Барои пойдору мустаҳкам будани арзишҳо ва боло бурдани фарҳанги оиладорӣ тамоми неруҳои ҷомеа масъуланд ва дар ин самт бояд тарбия ва тарғибу ташвиқ тақвият ёбанд.
Таҳаввулоти солхои охир ба фарҳанги номгузорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳам бетаъсир намонданд. Номҳо назири Булбулшо, Гулдарбоғ, Муҳаммадшерзодшоҳ, Раҳматбеку Аноятбек Султонбегиму Назархотун аз байн рафта, ҷояшонро номҳои кӯтоҳ гирифтанд. Дар ин байн баъзан номҳое дучор меомаданд, ки касро ба ҳайрат мегузоштанд, ба мисли Роҳила ва Разил. Таъсири авзоъ ба номгузорӣ дар ҳар давру замон вуҷуд дошанду барои мисол бо илҳом аз дигаргуниҳои сохти нав хонаводаҳое дар як ноҳияи вилоят боифтихор ба духтарашон Колхоз ва ба писаронашон Пудратчӣ ва Ҳисобчӣ ном гузошта буданд. Байни қирғизҳо номҳои Советбек ва Съездгул роиҷ буданду хонаводае шояд ба хотири орзуи сарватманд шудан писарашонро Долларбек ном карданд. Аслан, Денис, Шакира, Милана, Индра, Изавра ва амсоли чунин номҳо, ки волидон зери таъсири муҳоҷират ва филмҳои бисёрсериягӣ онҳоро ба фарзандонашон гузоштанд, зиёд дучор меомаданд.
- Инсон бояд аз ҳар ҷиҳат зебо бошад, бо симо, либос, гуфтор, хулқу атвор ва ном, зеро номи зебо ҳусни инсон аст. Аз қадим роиҷ буд, ки волидон бо орзуву умед ба фарзандашон ном интихоб мекарданд ва бовар доштанд, ки ном ба фарзандашон мувофиқ хоҳад буд. Бахтиёр, Хушдил, Фарҳод, Гулчеҳра, Садафмоҳ, Худододу Алидод ва Мамадназар аз ҷумлаи чунин номҳоянд. Кормандони сабти аснод ба волидон ҳангоми номгузории фарзандашон «Феҳрасти номгузории миллӣ» - ро пешниҳод менамоянд ва тавре таҷриба нишон медиҳад, дар бисёр маврид волидон бо истифода аз ин сарчашма ба кӯдаконашон номҳои зебо ва дилхоҳашонро интихоб мекунанд, - иброз дошт Маҳинабону.
Муҳоҷират яке аз самтҳои иҷтимоии ҷомеа буда, Ҳукумати кишвар муҳоҷиронро ҳаматарафа дастгирӣ менамояд. Дар сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ муроҷиати ин қишри ҷомеа дар асоси қонунгузории ҷорӣ сари вақт қонеъ мешавад. Корманди сабти аснод бояд дорои саводи хуби ҳуқуқӣ ва забондон бошад, зеро ҳатто иштибоҳ дар навиштани як ҳарф метавонад, боиси сарсониву саргардонии зиёди шаҳрванд гардад. М.Азизбекова аз кормандонаш талаб мекунад, ки тозакору масъул бошанд ва ба иштибоҳ роҳ надиҳанд.
Ба шарофати дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ва Вазорати адлия шароити кори кормандон куллан беҳтар шудааст. Кормандон имконият пайдо карданд, ки дар ҳуҷраҳои кории муҷаҳҳаз ва барҳаво ба шаҳрвандон хизмат расонанд. Мутахассисони сабти аснод ба мардум 7 намуди хизматрасониро пешниҳод месозанд.
Маркази адлия дар шаҳри Хоруғ яке аз зеботарин биноҳо маҳсуб мешавад. Дар ноҳияи Мурғоб ҳам маркази адлия мавриди истифода қарор гирифт, ки дар ошёнаи аввали он дар толори зебо арӯсу домод метавонанд, маросими бастани ақди никоҳро дар иҳотаи ёру дӯстон дар шароити хуб доир намоянд. Ҳамчунин, дар ноҳияҳои Дарвозу Роштқалъа биноҳои нави замонавии марказҳои адлия бо ширкати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хизмати мизоҷон қарор гирифтанд. Дар Хоруғ дар Маркази ҷавонон толори ақди никоҳ ба истифода дода шуд, ки дар баробари сабти ақди никоҳ дар тарғибу ташвиқи маърифати оиладорӣ байни ҷавонон саҳм мегузорад.
М. САИД,
ВМКБ