Истиқлолият беҳтарин дастоварди таърихии миллат ба шумор меравад. Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ имкон пайдо намуд, то бисёр корҳои фоидаоварро роҳандозӣ намояд. Аз ҷумла, яке аз иқдомҳои беҳтарине, ки дар сиёсати давлатдорӣ ба он диққати ҷиддӣ дода шуд, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа буд. Истиқлолияти давлатӣ тавонист барои зани тоҷик озодандешӣ, рӯзгори шоиста ва имконияти муфид фароҳам оварад.
Имрӯз зани тоҷик дар баробари модару ҳамсари хуб будан, инчунин, роҳбар, муҳандис, ронанда, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олиму омӯзгор, ҳунарманду соҳибкор, варзишгару рӯзноманигор буда, қариб, ки дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ширкати фаъол дорад. Ҳукумати Тоҷикистон сиёсати имрӯзаи худро бе иштироки бонувон тасаввур карда наметавонад. Таҳлили фаъолияти пурсамари занон дар сиёсати имрӯза нишон дод, ки воқеан занон дар сатҳи идоракунии давлатӣ нақши муҳим мебозанд. Маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор санаду меъёрҳои марбут ба мақоми зан дар ҷомеа ва таҳсилу фаъолият дар идоракунии давлатӣ ба тасвиб расид, ки зани тоҷик дар баробари рисолати модарӣ ва ҳамсарӣ сарбаландона аз уҳдаи роҳбариву фаъолият дар сиёсат низ мебарояд.
Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа яке аз нишонаҳои кишварҳои тараққиёфта аст. Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳайё намудани шароити мусоид баҳри фаъолияти занон дар сиёсат корҳои зиёд сомон ёфтаанд. Аз ҷумла, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Доир ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа», барномаҳои давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳои баробари занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2001–2010», «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷо намудани кадрҳои роҳбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007–2016», «Дар бораи дурнамои фаъолгардонии мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва чандин санаду меъёрҳои дигареро метавон ном бурд, ки барои озодона кор кардани занон дар вазифаҳои давлатӣ қабул гардидаанд.
Таҳлилҳо нишон додаанд, ки дар Тоҷикистон ҷалби занону духтарон ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ нисбат ба дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ мақоми намоёнро ишғол менамояд
Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 19 августи соли 2021 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Занон ва Истиқлолият» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳилолбӣ Қурбонзода оид ба фаъолияту дастовардҳои Кумита дар давоми 30 соли Истиқлолияти кишвар ёдоварӣ намуд. Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Зулфия Давлатзода дар бораи фаъолияти бонувони кишвар дар соҳаи фарҳанг, дастоварду комёбиҳо, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Ширин Амонзода дар хусуси бо ҷойи кор таъмин намудани бонувони хонанишин ва соҳибкасб намудани занон сухан ронданд. Ҳамчунон, муовини Раиси ҲХДТ Хайриниссо Юсуфӣ, муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Гулчеҳра Ғанизода, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Хуршедаи Қодир, директори Маркази миллии солимии репродуктивии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ М. Ғанизода ва дигарон аз пешрафту дастовардҳои занон дар самтҳои фаъолияти ба зимадоштаашон баромад намуданд.
Меҳрона назарзода