Афзудани шумораи занону духтарон дар мақомоти корҳои дохилӣ , ки аз Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» маншаъ мегирад, ба мисоли яке аз муҳимтарин дастоварди овони истиқлол, дар саҳифаҳои таърихи навин ҳаккокӣ шуд.
Дар солу замоне, ки дар пешаҳои низомӣ ва чанде аз касбу корҳои ба қавле мардона, иродаву тавонмандиҳои бонувонро нодида мегирифтанд ва аз сӯи дигар, бинобар маоши кам ва шароити мушкили кор ҳатто баъзе мардҳо хоҳиши кору пайкор дар сохторҳои қудратиро надоштанд, духтари 18 - сола вориди шуъбаи корҳои дохилии ноҳия гардид.
Cадбарг дар хонаводаи зиёӣ , муҳити маънавие ба воя расида буд, ки мутолиаи китобу тамошои театру осорхонаҳо ва рушди зеҳниву ҳувият ва дигар масоили роҷеъ ба таълиму тарбияи инсон аз мавзӯъҳои асосии суҳбатҳои зодмандонаш буданд. Айёми наврасӣ ин беҳтарин китобхони деҳа ва баскетболбози номвари мактаб дар дил орзуи сарояндаи «Шашмақом» шудан дошт. Азбаски падар барои идомаи таҳсилаш дар Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода розӣ нашуд, пас аз як соли хатми мактаб – соли 1992 ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи имрӯзаи Кӯшониён ба кор омад.
- Шояд варзишдӯстию завқмандиам ба шуғлҳои ҷиддӣ ва хислатҳои хоси мардонаам як сабаби ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ омаданам шуда бошад. Агар бори дигар вақтро ба баҳори ҷавониҳо баргардонда шавад, боз ҳам ин ҷодаи пурифтихорро мепазируфтам, - бо боварии том изҳор дошт Садбарг.
Баъди шаш соли фаъолият дар ШВКД - и ноҳия тариқи гузариш ба вазифаи мутахассиси калони шуъбаи мактубҳои раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон таъйин гардида, то соли 2007 дар вазифаҳои гуногуни ин ниҳод кор кардааст. Баъди анҷоми муҳлати муайянгардидаи ишғоли вазифа дубора ба ШВКД ноҳияи Кӯшониён баргашта, то ҳол ба симати мутахассиси калони бахши мактубҳои мақомоти мазкур фаъолият дорад.
Прапоршики милитсия Садбарг Абдуллоева аз нахустин бонувони низомипӯши ноҳияи Кӯшониён мебошад, ки ҳузури занону духтаронро дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ мояи обрӯву нуфузи мақомот дар ҷомеа мешуморад.
Сарфи назар аз муҳайё шудани шароити беҳтари ҷиҳати ҷалби занону духтарони шуҷоъ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳоло ҳам дар шуъбаҳои корҳои дохилӣ теъдоди бонувон кифоя нест. Ҳол он ки дар қиёс ба солҳои пешин аз ҳисоби духтарон хоҳишмандони таҳсил дар Академияи милитсия ва дигар муассисаҳои низомӣ зиёданд, - мегӯяд Садбарг. - Аз сӯи дигар, дастпарварони овони истиқлол, хусусан, занону духтарони таҳсилдида, ки дар мактаби сиёсии Пешвои миллат обутоб ёфтаанд, аз иҷрои ҳама вазифаҳои бар зимма доштаашон баромада метавонанд.
Мусоҳиби дигари мо Фирӯза Абронзода аз афсарзанони корозмудаи милитсияи тоҷик аст, ки фаъолияти худро аз соли 1994 ба ҳайси эксперт - криминалисти раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оғоз бахшида буд. Ба дарки таъкидҳои ҳамсари низомиаш, ки барои муваффақ шудан дар ин ҷодаи мардписанд баробари донишу лаёқатмандӣ ҷасорату иродаи қавӣ боядаш, Фирӯза мушкилиҳои пешомадро бо сабру азми устувор паси сар менамуд.
- Зан - модар ҳамчун намоди покиву озодманишӣ бо фаъолияти арзандаву самараи заҳмати содиқона ба халқу Ватан ибратомӯзи ҷомеаи замони хеш бошад. Ба вижа, дар замони соҳибистиқлолӣ , ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимоду боварӣ ба неруи созандаи занону духтарони лаёқатманд шароиту имкониятҳои зиёдеро ҷиҳати ба касбу ҳунаромӯзӣ ва таҳсилоти оливу рушду нумӯи мо фароҳам овардааст,- андешамандона риштаи суҳбатро кушод подполковники милитсия Фирӯза Абронзода.
Солиёни хизмати пурсамараш дар шуъбаи кор бо кадрҳо, фаъолияти оперативӣ дар самти пешгирӣ аз ҷинояткорӣ ва шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД вилояти Хатлон ба чунин хулоса омад, ки ҳузури бонувон дар сафи ниҳоди мазкур на танҳо исботи далериву тавонмандии бонувони тоҷик, балки дар такони ҷавонон дар ҳифзи якпорчагии Ватан ва густариши ҳамкориҳои ҷомеа бо милитсия мусоидат мекунад.
Вақте ҳамсарашро барои идомаи кор ба вилояти Суғд фиристоданд, ба хотири якҷоя зистани аҳли хонадон, Фирӯза низ тариқи гузариш фаъолияташро дар РВКД дар вилояти Суғд идома бахшид. Соли 2010 ба вазифаи нозири калони шуъбаи шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии ШВКД ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таъйин гашта, аз соли 2016 то майи соли 2018 ифои ҳамин вазифаро дар ноҳияи Қубодиён ба уҳда дошт. Айни замон нозири калони шуъбаи шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии ноҳияи Кӯшониён аст.
- Баъди ҳар як амалиёти муваффақона дар самти пешгирӣ аз ҷинояткориҳо маро эҳсоси наҷибе фаро мегирифт, ки он рӯзи зиндагӣ вазифаи муҳимеро барои манфиати ҷомеа ва Ватани худ анҷом додаам.
Ба гоҳи ёдоварӣ аз ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ дар самти пешгирӣ аз ҷинояткорӣ ва дигар қонуншиканиҳо чунин изҳор дошт: «Ҳузури бонувон дар ниҳодҳои ҳифзи қонуният ва суботу тартиботи ҷомеа на танҳо тантанаи таъмини баробарии гендерӣ дар ҷомеа, балки мояи худшиносиву дарёфтани зарфиятҳои занону духтарон ва бовариҳо ба неруи созандаи онҳост. Аз ин лиҳоз, итминони комил дорам, ки зоҳир шудани ҷинси латиф бо либоси низомӣ нуфузи мақомотро дар ҷомеа боло бурда, эътимоду бовариҳо ва эҳтироми мардумро нисбат ба ниҳоди мазкур бештар месозад».
Ҷ. УСМОН,
ноҳияи Кӯшониён