19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ХАДАМОТИ ИҶРО ҲАМОИШ ДОИР КАРД

 

Barno-Sayvali-zodaНовобаста аз тадбирҳои андешидашуда ситонидании алимент яке аз проблемаҳои мубрам дар мамлакат боқӣ мемонад. Саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон ба шароити зиндагӣ , вазъи саломатии онҳо таъсири манфӣ расонда, инкишофи муқаррарии ноболиғонро вайрон месозад. Кӯдакон дар аксар мавридҳо ҷабрдидаи муноқишаҳои падару модарон мегарданд ва бештар падар барои қасд гирифтан аз собиқ ҳамсари худ маблағи алиментро барои таъминоти кӯдакони ноболиғаш пардохт намекунад ва бо ҳар баҳона аз пардохти он саркашӣ менамояд. Дар ин маврид ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон поймол гашта, онҳо аз ҷиҳати рўҳию равонӣ ва тарбиявӣ солим ба воя намерасанд.

     Ин матлаб дар ҳамоише, ки Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро вобаста ба алимент ва маскун кардан: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» 22 июни соли равон дар Душанбе доир намуд, баён гардид.

         Хадамоти иҷрои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон бо мақсади такмили қонунгузорӣ ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро ҳамоиши мазкурро бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони мақомоти судӣ , прокуратура, вазорату идораҳои дахлдор, донишгоҳҳо ва дар ҳамкорӣ бо шарики рушд — ҳамоҳангсози миллии барномаи «Мусоидат ба волоияти Қонун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ »-и ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) баргузор намуд.

        Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода зикр намуд, ки Хадамот бо ташаббуси сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 апрели соли 2018 таъсис ёфта, роҳбарият ва кормандони он аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ диққати асосиро ба беҳтар намудани иҷрои воқеии санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомоти давлатӣ , барқарор намудани зарари ба манфиати давлат, шахсони воқеию ҳуқуқӣ расонидашуда, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташвиқу тарғиби қонунгузорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон равона намуда, рафти иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомоти давлатиро дар ин самт зери назорати қатъӣ қарор медиҳанд.

   Зикр гардид, ки дар истеҳсолоти иҷрочиёни мақомоти иҷро дар маҷмӯъ 84 628 адад ҳуҷҷатҳои иҷро вобаста ба ситонидани маблағи алимент мавриди иҷрои давравӣ қарор дорад.

   Иҷрочиёни мақомоти иҷро ҷиҳати ситонидани маблағҳои алимент аз ҳисоби волидайн мунтазам амалҳои иҷрои таъхирнопазир гузаронида, баҳри таъмини адолати иҷтимоӣ корҳои назаррасро анҷом медиҳанд. Баҳри ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакон танҳо дар панҷ моҳи аввали соли 2021 иҷрочиён   11 млн. 600 ҳазор сомонӣ маблағи алимент ситониданд.

   Мавриди зикр аст, ки гузаронидани чунин нишастҳо, ки дар онҳо мушкилиҳои мавҷудаи соҳа таҷдиди назар карда шуда, пешниҳодҳо ва таклифҳои муфиду судманд манзур мегарданд, ба мукаммал намудани қонунгузорӣ , роҳҳои ҳалли мушкили ҷойдошта дар самти иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро вобаста ба рӯёндани алимент ва маскун кардан, инчунин ба пешрафти соҳаи истеҳсолоти иҷро дар кишвар мусоидат хоҳанд намуд.

Қутбия НЕЪМАТУЛЛО

 

:.  Ҳуқуқ 25.06.2021 11:50 1013

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz