ҚОНУН –
ПОЯИ УСТУВОРИ ОИЛАДОРӢ
Мусоҳиба бо Нигина Ализода, муовини якуми вазири адлияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар робита
ба ҳуқуқҳои зану мард дар муносибатҳои оилавӣ
- Нақши оила дар ҷомеаи кунунии Тоҷикистонро чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
- Оила ва оиладорӣ яке аз қадимтарин мактабҳои ибтидоӣ – иҷтимоӣ буда, рукни асосии ҷомеа аз оила сарчашма мегирад ва ба шарофати оилаи устувор давлат мустаҳкам гардида, рушд менамояд ва некуаҳволии мардум меафзояд.
Мояи ифтихор аст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи барпо кардани оила ва танзим намудани муносибатҳои оиладорӣ пайваста диққати махсус зоҳир менамоянд.
Оиладорӣ яке аз ҳуқуқҳои арзишмандтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, аз соли 1994 тибқи қарори Ассамблеяи кулли СММ (№ A/REC/47/237 аз 20.09.1993) дар тамоми ҷаҳон 15 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии оила ҷашн гирифта мешавад.
- Қонун дар робита ба баробарҳуқуқии мардону занон дар муносибатҳои оилавӣ чӣ мегӯяд?
- Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои зану шавҳар аз лаҳзаи дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайди давлатӣ гирифтани ақди никоҳ ба миён меоянд.
Мардону занон ба ҳуқуқҳои ба онҳо тааллуқдошта, ки аз муносибатҳои оилавӣ ва ҳуқуқҳои оилавӣ, аз ҷумла ҳуқуқи ҳифзи онҳо бармеоянд, бо салоҳдиди худ ихтиёрдорӣ менамоянд.
Зану шавҳар ҳар кадом дар интихоби насаб (фамилия), шуѓл, касб, намуди фаъолият, иқоматгоҳ ва маҳали будубош озод мебошанд. Масъалаҳои падариву модарӣ, тарбияи фарзанд, маълумотноккунӣ ва масъалаҳои дигари ҳаёти оилавиро зану шавҳар якҷоя, бо назардошти принсипи баробарҳуқуқии зану шавҳар ҳал мекунанд.
Ҳамзамон, қонунгузории оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои дигареро, ки баробарҳуқуқии занон ва мардонро дар ҳолатҳои гуногуни ҳаёти якҷояи онҳо ба вуқӯъ меоянд, муқаррар намудааст.
Аммо набояд фаромӯш сохт, ки ҳангоми тарбия намудани фарзанд ба ҷуз падару модар, дигар аъзои оила низ бояд саҳмгузор бошанд.
- Ҳуқуқ ва мавқеи зан аз нигоҳи қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муайян гардидаанд?
- Бо мақсади таъмини иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти сиёсии давлатӣ ва таъмини ҳимояи ҳуқуқи занон ҳанӯз соли 1999 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба тасвиб расид, ки ба қатори муҳимтарин санадҳо шомил мегардад ва дар раванди давлатдорӣ дар даврони соҳибистиқлолии мо мавқеи махсуси худро дорад. Ба имзо расидани ин фармони сарнавиштсоз ба қолабҳои куҳна ва ақидаҳои хурофотие, ки ба нақш ва мақоми зан монеа мешуданд, зарба зад.
Оид ба ҳуқуқ ва озодиҳои занони тоҷик низ Анҷумани Шӯроҳои муассисони умумитоҷикон, ки моҳи декабри соли 1926 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, саҳифаи наверо боз намуд. Эъломияи дар анҷумани мазкур қабулгардида «Дар бораи аз зулму асорат озод намудани занон» ҳуҷҷати заминавӣ ва асосгузорандаи раванди таѓйирот дар ҳаёти занони тоҷик гардид. Принсипи баробарии занон ва мардонро дар тамоми муносибатҳои шахсӣ ва молу мулкӣ эълон дошт. Ҳамзамон, ҳуқуқи зан расман эътироф ва дар Конститутсияи Иттиҳоди Шӯравӣ, ки соли 1936 қабул шуда буд, расман дарҷ гардид.
Дар доираи амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тақвият бахшидан ба мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъол гардондани нақши онҳо, як қатор қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаву барномаҳои давлатӣ оид ба тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа қабул гаштаанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2005 «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Нақшаи миллии тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба баланд бардоштани нақшу мақоми занон барои солҳои 1998 - 2005», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 - 2020» аз 29 майи соли 2010 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили санадҳое мебошанд, ки нишонаи амиқи иродаи сиёсии роҳбарияти давлат дар самти боло бурдани мавқеъ ва нақши занон дар ҷомеа маҳсуб меёбад.
Дар оилаи мо баробарии зану шавҳар риоя мегардад. Дар баробари ин, ман ҳамчун зани тоҷик иззату эҳтиром нисбат ба шавҳар ва аъзои оиларо дар мадди аввал мегузорам. Аз рӯи муносибатам шавҳарам низ айнан ҳамин гуна рафторро нисбатам раво мебинанд.
Сарфи назар аз он ки баъзан хаста шуда аз кор ба хона меоем ва ё ҳолати афсурдагӣ дорем, дар оилаи мо барои фарзандон ҳамеша вақти муайян ҷудо гардидааст. Ҳамроҳ бо шавҳарам бо фарзандҳо дарс омода менамоему аз рафти таҳсилашон дар мактабу донишгоҳ ва ё муносибаташон бо атрофиёну дӯстонашон воқиф мегардем. Зеро дар фарҳанги оиладории миллати тоҷик тарбияи фарзандон ва хушбахт будани онҳо меҳвари асосии оиладорӣ ҳисобида мешавад ва масъулияти аввалиндараҷаи волидон дурусту ҳушманд ба камол расондани нуричашмон мебошад.
-Ҷиҳати пешгирии бекоршавии ақди никоҳ, қонунвайронкунии кӯдакону наврасон ва баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, ниҳод чӣ иқдомҳоеро рӯи кор гирифтааст?
- Ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба боло бурдани синну соли никоҳ аз 17 ба 18 сол, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар баробари дигар ҷанбаҳо баҳри баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии оилаҳо аҳамияти муҳим доранд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014–2023 боис мегарданд, то қадри имкон пеши роҳи азҳампошии оилаҳо гирифта шавад.
Ҳамзамон, вазорат тавассути мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳру ноҳияҳо дар ин самт чорабиниҳои гуногунро роҳандозӣ намудааст. Таҳти номҳои «Насиҳат гӯш кун ҷоно, ки коми дил ба бор орад», «Оилаи солим-ҷомеаи солим», «Муҳаббат ва оила» ва «Оила - гулдастаи зиндагӣ» дар саросари мамлакат ҳамоишҳо баргузор гардиданд. Дар рафти он занони рӯзгордидаи соҳиби оилаи солим бо ҷавонон ҳамсуҳбат шуда, аз ҳаёти рӯзмарраи худ ва нозукиҳои оиладорӣ қисса намуданд. Ҳамчунин, ба ҷамъомадагон оид ба мустаҳкам ва пойдор нигоҳ доштани оила маслиҳату машварат медоданд. Фикр мекунам, то андозае чунин чорабиниҳо таъсири худро дар маърифатнокии ҷавонон мегузоранд. Чун таҷриба худ беҳтарин роҳи тарбия аст.
- Дар ин рӯз чӣ таманно доред?
- Ба хонадони ҳар тоҷику тоҷикистонӣ осоиши рӯзгор ва зиндагии пойдорро орзу дорам. Бигзор волидон илму донишро шарти асосии тарбия шумурда, барои маърифатнок шудани фарзандони худ кӯшиш ба харҷ диҳанд. Пос нигоҳ доштани арзишҳои зиндагиро дар ниҳоди онон парвариш дода, онҳоро дар рӯҳияи дӯст доштани оила, накукорӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва меҳанпарастӣ тарбия намоянд.
Бунафша РАҲМОНОВА