ОИЛА ТАҲТИ ҲИМОЯИ ДАВЛАТ АСТ
Суњбати ихтисосї бо судяи Суди Олии Љумњурии Тољикистон
Наимзода Марњабо Наим
- Конститутсияи Љумњурии Тољикистон наќши оиларо дар љомеа ба эътибор гирифтааст, дар он кафолатњои давлатии ҳифзи њуќуќи оила дар мадди аввал гузошта шудаанд…
- Воќеан, ќонунгузор дар Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон пуштибонї аз оила ва аъзои он менамояд. Онро зери њимояи давлат ќарор медињад. Дар моддаи 33 Кодекси оилаи љумњурї омадааст, ки давлат оиларо њамчун асоси љомеа њимоя мекунад. Зану марди ба синни никоњрасида њуќуќи барпо намудани оиларо доранд. Дар масъалањои оиладорї ќонун зану шавњарро баробарњуќуќ медонад. Њамчунин, ба хотири нигоњдошти оила ва солимии он ќонунгузор таѓйироту иловањоро ба ќонуну кодексњо ворид месозад. Ба мисоли муоинаи тиббии њатмї, ки аксаран боиси њамдигарнофањмї байни њамсарони љавон ва пошхўрии оилањои онњо мегардад.
- Ќонунгузор аз муоинаи тиббї гузаштанро барои њамсарони оянда њатмї гуфтааст. Дар сурати нагузаштан аз муоинаи тиббии њатмї ќонунгузор чї гуна љазо муќаррар намудааст?
- Дар асоси моддаи 15 Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон шањрвандони љумњурї, шањрвандони хориљї ва шахсони бешањрванд пеш аз никоњ мутобиќи талаботи ќонунгузории кишвар бояд аз муоинаи тиббї гузаранд ва аз натиљаи он њамдигарро ошно созанд. Дар мавриди њолатњое, ки монеаи бастани акди никоњ мегарданд, дар моддаи 14 Кодекси оилаи ЉТ зикр ёфтааст. Агар яке аз тарафи никоњшаванда аз муоинаи тиббї нагузашта бошад, дар идораи Сабти асноди њолати шањрвандї бе њуљљати тасдиќкунандаи тиббї аќди никоњ баста намешавад. Таѓйироти мазкур аз 1 июни соли 2016 мавриди амал ќарор дорад.
Њадаф аз оила бунёд намудан ба дунё овардани фарзандони солими барои љомеаву хонавода нафъовар мебошад. Пеш аз барпо намудани оила машварати духтурон ба хотири пешгирии беморињои гуногун, ба мисоли ВНМО ё дигар маризињои венерикї, барои ташкили оила ва насли солим ва саломатии зану шавњари оянда ањамияти муњим дорад.
- Омор аз вайроншавии оилањо чї мегўяд? Ва мавриди баррасии парвандањои оилавї кадом омилњо бештар боиси пошхўрии хонаводањо гаштаанд?
- Судњои љумњурї дар соли гузашта 14 њазору 139 парвандаи оилавии вобаста ба бекор кардани аќди никоњро баррасї намуданд. Аз ин теъдод 9175 адад даъво ќонеъ ва никоњи тарафњо бекор карда шудааст.
Одатан ба њаёти оилавї омода набудани љавонон боиси пошхўрии онњо мегардад. Волидон саросема нашуда, аввал ба фарзандон илму дониш ва касбу кор омўзонанд, то дар пешбурди иќтисодии оиладорї дар намонанд. Яъне, паст будани вазъи иќтисодии хонавода низ сабаб мегардад ва њамсарон дар њалли камбудињо ољиз мемонанд. Меъёрњои нонавиштаи ахлоќ, ба мисли эњтироми калонсолон ва зану шавњарро бояд ба фарзандон омўхт. Модар барои духтар шахси наздиктарин аст ва роњнамої дар омўхтани таљрибаи рўзгордориро мањз модар анљом медињад.
Баъдан, дахолати волидон ва дигар хешу табори наздик, ба муњољирати мењнатї рафтани яке аз њамсарон, бефарзандї, хушунати хонаводагї низ сабаби пош хўрдани оила мегарданд.
Аз таљрибањои судї бармеояд, ки дар баробари баррасии парвандањои оилавї оид ба бекор кардани аќди никоњи љавонон, инчунин, ба суд бо аризаи даъво њамсароне мурољиат менамоянд, ки тўли солњо њамзистї доштанд. Онњо мувофиќ наомадани хислатњо ва њамдигарнофањмиро дар давоми зиндагї боиси ба суд мурољиат намуданашон медонанд.
Зимни баррасии парвандањо дар бораи бекор кардани акди никоњ, дар сурати розї набудани зан ё шавњар, суд барои оштї додани зану шавњар тадбирњо меандешад ва њуќуќ дорад, ки баррасии парвандаро мавќуф гузорад. Яъне, 6 моњ муњлат дода мешавад, то њамсарон байни худ созиш намоянд. Вале дар ин муњлат на њар ваќт оилањо ба њам созиш менамоянд, зеро тариќи динї ба истилоњ «љавоб» - и њамсарро мард додааст.
- Њангоми баррасии парвандањои оилавї оё њолате буд, ки њамсаронро ба њам оварда бошед? Дар ин њолат худро чї гуна эњсос намудед?
- Бале, ваќте як сухан боиси наљоти оила аз вартаи парешонї мегардад, кас худро хушбахт эњсос менамояд. Ва ин њодиса њангоми баррасии парвандаи оилае, ки дар он тифли носолим мезист, дар таљрибаи кориам рух дод. Муддати муайян ба тарафњо муњлат дода шуд ва њамсарон аз фикри худ баргашта, дуюмбора њамзистиро ихтиёр намуданд. Он духтарчаи нобино айни њол дар оилаи солим зиндагї дорад.
- Ќонунгузор синну соли никоњро аз 18 - солагї муайян кардааст. Дар кадом маврид ин синну солро ќонунгузор сарфи назар мекунад?
- Аслан на њар ваќт љавонон дар ин синну сол, яъне дар 18 - солагї ба зиндагии оилавї омодаанд. Калонсолон низ гоњњо ба рафтору гуфтори келин ё домод сабр аз даст рањо намуда, дахолат мекунанд.
Дар ќисми 2, моддаи 13 Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон омадааст: дар њолатњои истисної суд њуќуќ дорад, ки дар асоси хоњиши шахсони никоњшаванда синни никоњи дар њамин модда муќарраршударо ба муњлати на бештар аз як сол кам намояд. Њолати истисної мушаххасан дар ин меъёри ќонун нишон дода нашудааст, вале суд вобаста ба њолатњои мушаххаси парванда, яъне бесаробон мондани духтар ё ин ки дигар њолатњои истисноиро муайян ва ба назар мегирад.
Ќутбия НЕЪМАТУЛЛО