Ба эътирофи худи Шоира: сабру таҳаммул аз падар омӯхтааст. Падараш шодравон Абдувалӣ роҳбари омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Хуҷанд буд.
Далерию шуҷоат аз модар омӯхтааст. Модар Мукаррамахон муаллими фортепианои ин омӯзишгоҳ аст.
Донишу малакаи касбӣ аз хусураш муовини вақти Прокурори генералӣ Асадулло ӯрунов, кадбонугию оиладорӣ ва одамгариро аз хушдоман Ҳалимахон, муаллими забони лотинии коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Исҳоқӣ омӯхтааст.
Шоира хатмкардаи гимназияи Беҳбудӣ (2001) ва факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (2006, бо дипломи сурх). Солҳои 2006 - 2008 корманди Индиго - Тоҷикистон (ҳозира Тсел). Моҳи сентябри 2008 тариқи озмун ваколатдори фаврии шуъбаи пешгирии коррупсияи раёсати Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таъйин шуд.
Таҳсил дар магистратураи Донишкадаи такмили ихтисоси назди Президенти Тоҷикистон ба тариқи озмун (2010), нозири калони шуъбаи пешгирии коррупсия дар раёсати агентӣ дар вилояти Суғд (2012), сарнозири ин шуъба (2016), сар аз соли 2019 то ҳол – сардори шуъбаи муқовимат бо коррупсия, майор.
Дар оғози суҳбат Шоира Мутаваллиён изҳори шодмонӣ кард: - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоию иқтисодии кишвар кӯшиш ва амалҳои самарабахш ба сомон мерасонанд.Борҳо таъкид доштаанд, ки занони роҳбар раҳмдилтар, баинсофтар, дурандештар ва масъулиятшинос мешаванд.
Аз натиҷаи таҳлили фаъолияти раёсати агентӣ маълум мегардад, ки ба ҷиноятҳои коррупсионӣ танҳо даҳ дарсад занон даст мезананд, он ҳам ҷиноятҳои хурди қаллобӣ. Ягон бонуи роҳбар дар ҷиноятҳои калони коррупсионӣ даст надоштааст.
Дар идораи мо камина ва подполковник Мукаррамхон Музаффарзода дар вазифаҳои масъул кор мекунем. Иштироки бонувонро дар озмунҳои қабул ба кор ҳеҷ кас маҳдуд накардааст. Сабаби асосӣ ҳамон тафаккури қолабии шахшудаи «дар ҷое, ки мардон аксарияти мутлақ бошанд, кор кардани зан раво нест» мебошад. Дуюм, дар ҳамин замина монеа эҷод кардани шавҳар, хусуру хушдоман ва ҳатто падарону модарони духтарони соҳибихтисос аст. Сеюм - беҷуръатӣ, ба неруи худ бовар надоштани худи бонувон боис аст.
Ҳангоми суҳбат духтари резаандоме даробаро мекард. Гоҳ варақаеро ба куҷое мебурд ва гоҳи дигар ба зангҳои телефонӣ посух медод. Муаллима рамуз гирифтанд:
- «Шогирдам. Фирӯзахон Раҳмонова – хатмкардаи ДДҲБСТ, азми қавӣ дорад, ки ҳамкори мо шавад. Як сол боз коромӯз аст, часпу талошаш ҷиддист. Ростӣ, то ҳадди имкон духтарони донишҷӯ ва хатмкардаи факултетҳои ҳуқуқшиносиро ташвиқ мекунам, ки ба агентӣ бештар таваҷҷуҳ намоянд, дар озмунҳои қабул ба кор ширкат варзанд.
Шоира дар ҷамъомаду мулоқоти бешумор бо мардум, ба воситаи садову симо дар бораи муқовимати дастаҷамъӣ бар зидди коррупсия бо забони фасеҳ, бо далелу бурҳони қотеъ ҳарф мезанад. Сухандону суханрон аст. Дар ин бора мақолаҳои ҷолибаш дар нашрияҳо ба табъ мерасанд. ӯ ба тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят борҳо сафарҳои тарғиботӣ карда, ба дилу дидаи мардум ҷой гирифтааст.
- Дар хурдсолӣ суханронию шеърхониро дӯст медоштам. Падарам дар маҳфилҳои хонаводагӣ пеш аз ҳама ба ман сухан медоданд, - ёд овард Шоирабону.
Ш. Мутаваллиён: «Мо имрӯзҳо серкорем. Мониторинги иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020» - ро дар 29 ташкилоту муассисаи вилоят гузарондем. Барои комилан решакан кардани коррупсия боз хеле корҳоро анҷом бояд дод. То ба мубориза тамоми қишрҳои ҷомеа ҷалб карда нашаванд, ин зуҳуротро аз байн бурдан имкон надорад.
Коррупсия падидаи номатлубест, ки дар рафти амалишавии он «ғараз», «имконот», «манфиат» ба ҳам бархӯрд доранд ва дар бисёр маврид аз оқибати кирдорҳои коррупсионӣ «ду тараф»: «ришвадиҳанда» ва «ришвахӯр» «манфиат» мебинанд…
Дар соли аввали донишҷӯӣ хонадор шуд. Шавҳар бо сабаби беморӣ барвақт аз дунё рафт. Шоира рӯзона ҳам дар донишгоҳ мехонд ва ҳам ду фарзандро тарбия мекард. Муҳаммадалӣ донишҷӯи Донишгоҳи тиббии Рязани Россия мебошад. Бо дониши худ, ба тариқи онлайн дохил шуд. Муҳаммадтӯра хонандаи синфи 9 - уми литсейи Осимӣ, аълохон, риёзидон шуданист.
Ҳуҷраи кораш гулхонаро мемонад, гуногуну рангоранг. Маълум, ки ин ҷо бонуи хушгиле кор мекунад.
Дар наврасӣ мисли писарон либос мепӯшид, бо бачаҳо футбол мебозид. Ба пухтупаз шавқ надошт ва вақте ҳамин хусуру хушдоманаш ба хостгорӣ омаданд, падару модар гапи ростро гуфтанд:
Ҳоло ба оиладорӣ тайёр нест, хӯрок пухта наметавонад… «Ҳеҷ гап не, мо худамон ёд медиҳем», – гуфтанд хостгорон, ки ягон сабабу баҳонаро шунидан намехостанд.
Ш. Мутаваллиён: - Ҳар ду бибиям пеш аз хонадоршавӣ насиҳат карданд, ки кори наметавонистагиятро ҳам «метавонам» гӯ, дасту остин барзан, ягон гап мешавад. Ҳеҷ вақт «наметавонам» нагӯ…
Ҳар сол рӯзҳои 20 – 21 - уми март дар Наврӯзи дилафрӯз хонаводаи онҳо сермеҳмон мешавад. Хешон, дӯстон, ошноён, ҳамсоягон ба сумалакхӯрӣ меоянд.
Ш. Мутаваллиён: - Бист сол шуд, ки узви ин хонаводаи бузург ҳастам ва Наврӯзеро ёд надорам, ки деги сумалак намонда бошем. Ба сумалакпазӣ барвақт, аз охирҳои моҳи феврал ва аввалҳои март омодагӣ мегирем. Гандумро интихоб, тоза ва дар об тар мекунем. Баъд ду ҳафта то Наврӯз гандумро дар ҷои салқин нигоҳ медорем. Ҳамин ки реша давонд, онро гирифта ба воситаи об шираашро мебарорем ва аз дока мегузаронем. Баъд дар сатилҳои калон гирифта, болояшро бо дока мепӯшонем. Соати панҷи саҳар ҳама аз хоб хеста, бо раҳнамоии кадбонуи бузурги хонадон шираи гандумро ба деги калон меандозем, равғани растанӣ ҳамроҳ месозем. Пири хона бо чӯбдасти калон оҳиста - оҳиста сумалакро чарх мезанонанду мо кам-кам орд андохтан мегирем. Алови таги дег ҳам паст - паст бояд сӯзад. Бегоҳ сумалак, ки танҳо аз шираи гандуму равғани рустанию орд иборат аст, тайёр мешавад. Дигар ҳеҷ чизе илова намекунем.
Ҳанӯз то омадани Наврӯз баъзе мухлисони сумалаки мо зарфҳояшонро оварда, хоҳиш мекунанд, ки онҳоро «фаромӯш» накунем. Чи хубе, ба қавли кадбонуи хонадонамон «ҳар қадар ба сумалак даҳон бештар расад, савобаш ҳам зиёдтар мешавад».
Наврӯзатон муборак бод, ҳамдиёрон!
Ҷӯра ЮСУФӣ,
вилояти Суғд