Субҳ чун ҳарвақта барвақт аз хоб бедор шуд. Бо як ҷаҳон меҳру муҳаббат нӯг – нӯги по б? а рахти хоби тифлакони дӯстрӯяш наздик омад. Оҳиставу ба меҳр гӯш дод. Нафаси тозаву якмароми кӯдакакони фаришта дар фазои сокити хона мисли як мусиқии орому гӯшнавоз танинандоз буд. Қалбаш ором ёфту дар лабонаш табассум дамид.
Ёди кӯдакӣ беихтиёр ӯро сӯи худ кашид. Бале, он айёме, ки Фотима ҳамроҳи бародарону хоҳарон бехабар аз пешомадҳои талхи зиндагӣ гирди падару модар парвонавор мечархид, бозиву хурсандӣ мекард. Падар барояшон ҷаҳоне буд, ҷаҳони пур аз фасона, ҷаҳони шодиву нишот. Аммо, мутаассифона, хушбахтии онон дер давом накард. Падар зиндагиро падруд гуфт, гӯё мурғи бахт аз хонаашон бол зад, ба сӯи осмони баланд, ба дуриҳои дур…
Бори гарони зиндагӣ бар дӯши модари муштипар уфтод. Нигоҳубини панҷ кӯдаки ноболиғ, ки аз онҳо се нафараш, бо сабаби хешу табор будани падару модар, чашмони маъюб доштанду саломатиашон парвариши махсусро тақозо менамуд, мушкил буд. Аммо модар аз азобу душворӣ лаб во накард, наҳаросид. Баҳри пайдо намудани луқмаи ноне ба кор баромад. Аз субҳ то шом заҳмат мекашид, то ҷигарбандонашро ба по монад.
- Сарфи назар аз шароити вазнини зиндагӣ аз хондан қафо намемондем. Баробари ҳамсолон ба мактаб мерафтему аз дарсҳо баҳои аъло мегирифтем. Ҳарчанд чашмонам хира медиданд, мехондаму менавиштам. Ба омӯзиши забонҳои англисиву русӣ машғул мешудам, – мегӯяд Фотима Шамсиддинова.
Мутаассифона, баъд аз чанд соли таҳсил дар мактаб, чашмони Фотимаву апа ва додаракаш тамоман аз дидан монданд. Сабабашро табиби узвҳои босира «фишори зиёд ба чашм» арзёбӣ намуд. Ӯ ба модар пешниҳоди ба алифбои махсуси нобиноён «брайл» гузарондани фарзандон ва идома додани таҳсилашон дар хона - интернат барои кӯдакони маъюбро намуд. Фотима он рӯзҳоро чунин ба хотир меорад:
«Модарам аввал розӣ набуд, ки моро ба мактаби махсус диҳад, оқибат ба пофишориамон тоб наёвард.
Ҳамин тариқ апаам хонандаи синфи 10, ман - 9, додаракам – 6 – и мактаб – интернати махсус барои кӯдакони маъюб гаштем».
Фотимаи ташнаи илму дониш орзуи ҳуқуқшинос шуданро дар дил мепарварид. Аз ин хотир, пас аз хатми мактаб – интернат ҳуҷҷатҳояшро барои идомаи таҳсил ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супурд. Ҳарчанд баҳраш ҳаёти донишҷӯӣ, надидану надонистани роҳ душвориҳои нав ба наверо эҷод мекарданд, Фотима мекӯшид бе мадади касе роҳи ҳалли онро ёбад. Бо ин васила мехост мустақилу озод бошад.
Тавонист байни ҳамсабақон комилҳуқуқ бошаду бо ақлу хирад ва донишу матонат мақому манзалати махсусро ҷойгузин гардад. Шарикдарсон дӯсташ медоштанду ҳурмату эҳтиромаш мекарданд. Фотима адабиётҳои гуногуни илмиро аз китобхона дастрас намуда ба ҳамсабақон медод ва хоҳиш мекард, то бо садои баланд хонанд ва дар диктофон сабт кунанд. Ҳамин тариқ бо ёрии ҳамкурсон китобҳои илмӣ – соҳавиро аз бар мекарду хубтару жарфтар пешаи интихобнамудаашро меомӯхт.
Донишҷӯӣ айёми шӯхиҳои беғаши ҷавонӣ. Ба ҳамкурсон алифбои «брайл» ҷолиб менамуд. Гоҳҳо хоҳиш мекарданд, то Фотима тарзи корро бо «брайл» баҳрашон омӯзад. Гоҳи дигар ҳатто нимҳазлу нимҷиддӣ маслиҳаташ медоданд, то ҳангоми имтиҳону санҷиш дафтарашро зери миз гузошта, бо панҷаҳояш ламс карда, озодона хонад. «Омӯзгорон аз куҷо мефаҳманд?», - меафзуданд онҳо. Чун медонист омӯзишу заҳматҳояш оянда подоши хуб хоҳад дод, аз чунин «маслиҳат»- ҳои ҳамсабақон кор намегирифт.
Назди ҷамъияти нобиноён курси омӯзиши компютер ба роҳ монда шуд. Дар компютер барномаи махсусро барои одамони нобино ҷой доданд, то мушкилии кор баҳрашон осон гардад. Давоми се моҳ Фотима Шарофиддинова ба омӯзиши роёна шуғл варзид. Муддати кӯтоҳ тамоми ҳарфу вазифаи тугмаҳои компютер дар зеҳни ӯ нақш бастанд. Акнун озодона аз компютер истифода мебурд. Ёрии худро аз ҳамсабақон дар омода намудани реферату кори курсӣ низ дареғ намедошт.
Соли чоруми таҳсил дар донишгоҳ тариқи озмун ба ташкилоти ҷамъиятии «Лигаи занони ҳуқуқшинос» ба кор омад. Он рӯзҳоро вай чунин ба хотир меорад:
- Аз озмун гузаштаму касе пай набурд, ки маъюбам. Чун фаҳмиданд маъюбӣ дорам, дар ҳайрат афтоданд. Ҷамъ шуданд, машварат оростанд ва хулоса бурданд, ки бояд як давраи санҷиширо бигзарам, то бубинанд, ба кор қодирам ё на? Ҳарчанд худ медонистаму онҳо низ хабар доштанд, ки ин ба Кодекси меҳнат дуруст намеояд, чун дудилагиашонро пай бурдам, розӣ шудам. Пас аз се моҳ корманди комилҳуқуқ гаштам».
Ба ташкилоти мазкур одамон асосан баҳри гирифтани маслиҳатҳои ҳуқуқӣ муроҷиат мекарданд. Байнашон ашхоси маъюбу дармонда низ зиёд буданд. Фотимаи ҷавон мекӯшид ба дармондагон дасти ёрӣ дароз намояд, то дар рафти ҳалли мушкилиашон монеае садди роҳ нагардад. Пас аз чанд соли корӣ ва гирифтани таҷриба ба хулосае омад, ки бояд барои фаъолияти ояндаи худ, системаи ёрии ҳуқуқии ройгонро интихоб намояд.
Ӯ дар ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе «Имконият» ва пас аз он дар ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонун» чанд муддат фаъолият намуд.
Соли 2017 бо ибтикори Фотима Шамсиддинова ва як гурӯҳ ҷавонони болаёқат, бо мақсади расондани ёрии ҳуқуқии ройгон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ашхоси маъюб, ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони маъюб «Ноил» созмон дода шуд. Ташкилоти «Ноил» дар кишвар нахустин муассисаи ҳуқуқиест, ки махсус барои нафарони дорои маъюбӣ фаъолият мебарад. Ба ҳисоби миёна дар як сол 1200 - 1300 ниёзманду маъюб барои гирифтани маслиҳату дастгирии ҳуқуқӣ ба онҳо муроҷиат менамояд. Ҳуқуқдонҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то мушкили муроҷиаткунандагон сари вақт роҳи ҳалли худро ёбад.
Шаҳноз Аҳмадзода