Ҳукумати кишвар аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ба занону духтарон эҳтирому эътибори хосса зоҳир намуда, ба заҳмату фидокориҳои онҳо дар ҳаёти ҷомеа арҷ мегузорад.
Имрӯз бонувони лаёқатманд ва кордону ташаббускор дар тамоми соҳаҳо бештар ҷалб мегарданд. Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия низ онҳо дар сафи родмардон бо азму иродаи қавӣ барои ҳифзу пойдории кишвар аз ҷиноятҳои коррупсионӣ мубориза мебаранд. Бунафша Шарофзода аз шумули ин бонувон аст ва инак, 14 сол мешавад, ки дар вазифаҳои гуногуни ин ниҳоди қудратӣ адои вазифа менамояд.
Ҳанӯз аз овони наврасӣ дар қалби вай меҳр нисбати касби ҳуқуқшиносӣ реша давонд. Дар ҳар як вохӯрӣ ба ҳамсоязан - холаи Саломат, ки он солҳо судяи суди ноҳияи Рудакӣ буд, дар дил орзуи « мисли он кас шудан» - ро мепарварид.
Қиссаҳои ҳамсоя дар бораи раванди баъзе парвандаҳои судӣ ҳаваси Бунафшаро меовард. Аз ин рӯ, мехост ҳуқуқдон шаваду одамонро муттако гардад. Барои пойдории ҳақиқат мубориза барад. Он давра шавқу рағбати шогирди наврасро ҳатто устоди фанни таърих ва ҳуқуқи мактаб Тоҳир Хокироев фаҳмида маслиҳаташ дод: «Ту бояд ҳуқуқшинос шавӣ! Донишу маҳорати хуб дорӣ. Симо, гуфтор ва рафтору кирдорат низ муносиб аст.»
Суханони муаллим ба духтарак неру бахшиду фаъолона дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегашт.
Бунафша мактабро соли 1991 хатм кард. Шуълаи оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳамаро дар коми худ фурӯ мебурд. Бо ҳамин сабаб натавонист донишҷӯи факултаи ҳуқуқшиносӣ шавад. Ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ супурда, онро бо ихтисоси географ – биолог поён бурд.
Фаъолияти кориашро соли 1997 дар воҳиди собиқ Саридораи полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии ҷумҳурӣ оғоз намуд ва ҳамон сол ба орзуи деринаи худ расид. Дар назди Кумитаи андоз Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ таъсис ёфту вай ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи ғоибонаи факултаи ҳуқуқшиносӣ супурд.
Ҳангоми таҳсил дар донишкада оиладор ва пас аз муддате соҳиби тифлаки зебое гардид. Оилаи ҷавон аз ҷиҳати моддӣ танқисӣ мекашид. Бинобар ин Бунафша тифлашро назди модар гузошта ба кор баромад, то дар ҳамбастагӣ бо ҳамсар камбудии зиндагиву рӯзгорашонро бартараф созад. «Рӯзҳои душвор паси сар шуданд, инак зиндагии ободу осоишта дорем», - бо табассум изҳор медорад Бунафшабону.
Чордаҳ сол қабл тариқи озмун ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор гузашт. Ибтидо дар вазифаҳои нозири калони шуъбаи ҷобаҷогузории кадрҳои раёсати кадрҳо, сарнозири шуъбаи ҷобаҷогузории кадрҳои раёсати кадрҳо, сипас сардори шуъбаи таҳлилӣ - иттилоотии агентӣ фаъолият намуд. Аз апрели соли 2018 сарнозири шуъбаи таҳлил, иттилоот ва омор дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи раёсати таҳлил, иттилоот ва омори агентӣ мебошад.
- Ҳангоми баргузории озмунҳо довталабон аз ҳисоби занҳо ба агентӣ камтар муроҷиат менамоянд. Бинобар ин барои занон баробари шахсоне, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо намудаанд, мутобиқи банди 37 Низомнома дар бораи тартиби гузарондани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ ҳамчун имтиёз се хол илова карда мешавад, яъне ин яке аз роҳҳои дастгирии ҷинси латиф аз ҷониби роҳбарияти агентист,- иброз медорад Бунафшабону.
Ҳангоме ба орзуи худ расиду либоси низомӣ ба бар кард, бо азму иродаи қавӣ дар хизмати халқу Ватан пардохт. Чун илму ҳунар баҳри бекаронеро мемонаду ҳар қадаре бештар ба он ворид шавӣ бояд жарфтар биомӯзӣ, кор низ чунин аст. Ин бонуи қавиирода бо дастгирии устодаш Маҳмадалӣ Шарифзода, ки аз рӯзи нахустини фаъолият мададгораш буд, пешаашро муттасил аз бар намуд. Ва дар соҳаи мазкур таҷрибаи зиёд андӯхт. Тӯли ин муддат шогирдони бисёр тарбия кард ва дар доираи ҳамкасбону ҳамкорон мақому манзалати хоссаро сазовор гашт.
Барои хизматҳои бенуқсон ва бисёрсола дар баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва савияи дониши кормандон Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Бунафшаро 7 сентябри соли 2013 бо рутбаи ҳарбии «подполковники адлия» сарфароз гардонд. «Ҳар як корманди ҳифзи ҳуқуқ орзу мекунад, ки ба рутбаи баланди полковникиву генералӣ расад. Ҳаёту фаъолияти аввалин генерал-майори тоҷик Саодат Амиршоева барои мо - бонувон дар ин ҷода намунаи ибрат аст. Мо низ мекӯшем хизмати халқу Ватанро сарбаландона иҷро намоем», – бо ифтихор изҳор намуд Бунафша Шарофзода.
Номбурда бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишони Аълочии мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия қадр шудааст.
Аз таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 сол сипарӣ шуд. Аҳли қалами «Бонувони Тоҷикистон» кормандони агентиро бо иди касбиашон муборакбод намуда, барои анҷоми рисолати корӣ тавфиқ ва зиндагиашон хушбахтиҳо хоҳонанд.
Шаҳноз Аҳмадзода