Роњбарии маркази минтаќавии хизмати иљтимоӣ ба нафаќахӯрон ва маъюбони шањри Душанберо номзади илми тиб, равоншинос, вакили Маљлиси вакилони шањри Душанбе Муњаббат Зарифова бар дӯш дорад. Чанде ќабл аз «Хонаи мењр» дидан кардам. Муњаббатбонуро рӯи њавлӣ бар тан хилъати корӣ дарёфтам. Мавсуф наздики 50 - 60 бонкаи бодирингу помидор омода карда, болои онњоро бо матои ғафсе мепӯшонд. Аз ӯ пурсидам:
- Чаро ин ќадар зиёд консерв тайёр мекунед?
- Пирону маъюбон дар фасли сармо ғизоеро мепазиранд, ки дар таркибаш бодиринг бошад. Бошандагон њамсоли волидонам њастанд ва ман њар яки онњоро мисли падару модари худ мењисобам. Модару падари ман афроди донишманд, яке устоди Донишгоњи миллисту дигаре устоди коллељи геологӣ. Инро барои он мегӯям, шояд тарбияи хуби эшон аст, ки ман низ мисли онњо инсондӯст ба камол расидаам. Сипоси бењад мехонамашон. Ман низ омӯзгори Донишгоњи миллӣ будам, аммо чун маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Душанбе ин вазифаро бовар карданд, бо дуои падару модар ба кор сар кардам. Њатто лањзаи хона будан низ дар бораашон фикр мекунам. Бошандагони ин даргоњ љузъи хонаводаи мананд. Пиронсолонро эњтиром гузошту хизматашонро ба љо овард. Худро саодатманд мењисобам. Зеро њар рӯз пирону маъюбони ин даргоњ дуои некам медињанд.
- Медонед, - ба ман рӯй оварда суханашро идома медињад Муњаббатбону - Баъзеи ин пиронсолон ишќу имонашон ба зиндагӣ аз баъзе љавонони барваќт пиршуда бештар аст. Хизмат ба ин гуна одамон хизмат ба падару модар аст. Агар фарзандони сангдил падару модари худро эњтиром мегузоштанд, онњо дар чорроњи ноумедӣ сарсон намешуданд. Ва имрӯз шояд ба чунин марказњои иљтимоӣ зарурат намемонд. Мутаассифона, бе чунин марказњо њам намешавад. Зеро дар замони муосир барои пирони бесаробону маъюб паноњгоњ зарур аст. Нагузарем, ки дар љомеа пирони ниёзманд дар кӯчаву бозорњо сарсону саргардон гарданд…
Рӯйи њавлӣ њама љо тозаву ороста, кампиракони русу тољик, ки ин љо ба сар мебаранд, бо хурсандӣ мегуфтанд: «Ин њама зебоӣ, ободӣ ва эњтиромро Сарвари давлат муњтарам Эмомалӣ Рањмон бароямон арзонӣ доштааст».
Якеи онњо Розахола ба гулњои зебо об медод. Ба гуфтаи Муњаббатбону, дарахтони њамешасабз ва гулњоро аз Боғи ботаникии шањри Душанбе оварда, ин љо шинондаанд.
- Муњаббатбону кињо метавонанд аз хизмати марказ бархӯрдор бошанд?
- Онњое дар ин макон љой мегиранд, ки бекас, бесарпаноњу пиру барљомондаанд ва касе надоранд, ки парасторияшон кунад.
Ќисме аз нофањмӣ хонањояшонро аз даст додаанд ё хешу таборашон хонаро фурӯхтаву фирор кардаанд. Дар ин љо кампираке ба сар мебарад, ки додарзодањояш бо роњи фиреб хонаашро ба савдо задаву савори ќатора то Самара бурданд ва худ ғайб заданд. Вай бе пулу бе њуљљат, сарсону саргардон дар кӯчањои сарди Россия мемонад. Ӯро ба љойи охири зисташ - шањри Душанбе «депорт» кардаанд ва инак инљост. Яъне, њар яке сарнавишти талхе дорад. Ќадри тавон дили шикастаи онњоро болида медорем. Дар љашнњои давлатӣ барояшон овозхонону раќќосањоро даъват менамоем, ба сайру саёњат, ба театру боғњои шањр тамошо мебарем, то лањзае бошад њам, танњоиро эњсос накунанд.
Чунин њам мешавад, ки баъзе бекасону маъюбон дар њоле ба ин љо ворид мегарданд, ки на шиноснома доранду на љойи зист. Марказ дар ин њолат вазифадор аст, ки њуљљату шиносномањои гумшударо аз нав барќарор намояд. Ин раванди хеле мушкил аст, ки он то ба чандин моњ тӯл мекашад. Барои дастрас намудани њуљљат бояд ба чандин идораву бойгонињо биравӣ, ба судњо мурољиат намоӣ. Замони њуљљатомодасозӣ онњо то шаш моњ дар марказ мемонанд. Дар ин давра саломатиашро барќарор мекунем, њолати равониашро ба эътидол меорем, баъдан бо мувофиќа њар якеро ба хона - интернатњои калонсолон ва маъюбон, ки дар шањру ноњияњои Панљакент, Бохтар, Ёвон ва деҳаҳои Батошу Дењмой љойгиранд, мегуселонем.
Маркази минтаќавии хизмати иљтимоӣ барои нафаќахӯрон ва маъбони шањри Душанбе, ки соли гузашта 25 - солагиашро љашн гирифтем, њамарӯза ба 100 нафар хизматњои иљтимоӣ мерасонад. Аз љумла, ба 75 нафар рӯзона ва ба 25 нафар ба тариќи шабонарӯзӣ. Онњо се маротиба бо ғизои гарм, хӯришњо таъминанд. Њамчунин, ба 23 нафар пири барљомондаю танњо кормандони иљтимоии шуъбањои хизматрасонии иљтимоӣ њамарӯза хӯроки гарм мебаранд.
Дар марказ шахсоне њастанд, ки солњои сол дар соњаи илм кор кардаанд. Орлова Людмила Александровна, яке аз бошандагони рӯзонаи мо, номзади илми педагогист. Дар њаммуаллифӣ бо ӯ китобчае бо номи «25 лет дому тепла и уюта» - ро навишта, нашр намудем, ки он њадияи хубест ба муносибати 25 - солагии марказ.
Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Душанбе ба мо мунтазам мадад мерасонад. Дастгирињои табаќаи ниёзманди љомеа аз тарафи раиси шањри Душанбе Рустами Эмомалӣ боиси сарфарозии ниёзмандон аст. Дар Рӯзи маъюбони Тољикистон маќомот чорабинии пуршукӯње доир намуд. Барои маъюбон ва ашхоси имконияташон мањдуд 50 адад аробача ва туњфањои зиёд оварданд.
-Муњаббатбону, марказ сарпарасте дорад?
- Бале, сарпарастон њастанд. Онњо маводи ғизоӣ, асбобу анљом меоранду мепурсанд, ки боз чӣ лозим аст. Њамчунин, мањфили ризокорони «Љавонони дастёр» амал менамояд. Донишљӯёни макотиби олӣ ва хонандагон ёрӣ мерасонанд. Ба вижа рӯзњои баргузории љашну чорабинињо ва сайру саёњат пиронро њамроњӣ мекунанд.
-Дар сурати бемор шудани бошандагон чӣ кор мекунед?
-Бошандагонро, агар бемор шаванд, дар Муассисаи давлатии «Маркази шањрии тиббии №2 ба номи академик К. Тољиев» барои табобат бистарӣ мекунем ва зуд - зуд аз њолашон хабар мегирем. Ба 41 нафар бошанда гурӯњњои маъюбӣ таъйин карда шудаанд. Њамчунин, «Гӯшаи гиёњдармонӣ» ташкил додаем, ки њамарӯза барои бошандагон чойи хушбӯйи гиёњӣ омода месозем.
Суњбат бо Муњаббатбону ба дарозо рафт. Ваќти хӯроки шом шуд ва њама паси миз нишаст. Хостам биравам, гуфтанд: - Бо њам ғизои шом мехӯрем. Ғизои шомгањӣ лазиз буд…
ШАЊРИЯ